Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар оятҳои 17-20 сураи Ғошия мефармояд:
أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى الْإِبِلِ كَيْفَ خُلِقَتْ وَإِلَى السَّمَآءِ كَيْفَ رُفِعَتْ وَإِلَى الْجِبَالِ كَيْفَ نُصِبَتْ وَإِلَى الْأَرْضِ كَيْفَ سُطِحَتْ‏
Оё ба шутур наме‏нигаранд, ки чигуна офарида шуда ва ба осмон, ки чигуна барафрошта шуда ва ба кӯҳ, ки чигуна барпо дошта шуда ва ба замин, ки чигуна густарда шудааст?
Бидонем
Агар рӯҳияи тафаккур дар инсон бошад, ҳамаи ҳастӣ синфхонаи дарс аст.
Як чӯпон дар биёбон ҳам гӯё дар бузургтарин китобхона‏ҳои дунёст: зери пояш замин аст, болои сараш осмон, дар атрофаш кӯҳҳо ва пеши рӯяш шутурҳо ва агар дар ҳар як диққат кунад, асрори бисёреро кашф ме‏кунад.
Масалан шутур аз асб бештар медавад ва аз хар бештар бор ме‏барад.
Дар миёни ҳайвонот баъзе барои саворӣ, баъзе барои гӯшт ва баъзе барои шир истифода мешаванд, вале аз ҳама чизи шутур мешавад истифода кард. Пилк‏ҳояш дар баробари боду хок биёбон тавони боло дорад, дар кӯҳони худ равған ва ғизоро захира карда ва дар баробари гуруснагӣ пуртавон аст. Дар баданаш обро нигаҳдорӣ карда ва дар баробари ташнаги тобдор аст, роҳро медонад, чунон ром аст, ки садҳо шутур таслими як сорбон ме‏шаванд, кафи пои ӯ барои регзор офарида шуда, гардани ӯ зинаи савор шудан ва василаи бор бардоштан ва хулоса ба гуфти арабҳо шутур киштии биёбонҳост. Қави‏тарин, камхарҷ‏тарин, пурфоида‏тарин, ором‏тарин ва бурдбортарин ҳайвон аст.
Пайдоиши осмонҳо ва кӯҳҳо ва замин тасодуфӣ нест, балки комилан ҳакимона офарида шуда ва дар ҷои худ қарор дода шудаанд.
Дар ҳар неъмате як ҷиҳате барҷастагӣ дорад: дар шутур офариниш, дар осмон баландӣ, дар замин густардагӣ ва дар кӯҳҳо салобат ва сар фалак будани онон.
Осмон‏ҳо, саёраҳо, мадори саёраҳо, назм ва ҳисоби онҳо, ки ҳар рӯз гӯшае аз аҷоиби онҳо кашф ме‏шавад, аз арса‏ҳои ҳамешагии мутолиа ва кашфу диққат кардан ҳастанд.
Кӯҳ‏ҳо ва решаҳои онҳо дар дили замин мисли мехҳо ва ҳалқа‏ҳои занҷир заминро аз тазалзул ва изтиробе, ки дар асари маводи гудохта даруни замин падид меояд, ҳифз мекунанд, барфҳоро дар худ захира намуда ва ба тадриҷ равона мекунанд, пеши тӯфон‏ҳоро гирифта ва сабаби тасфияи ҳаво ме‏шаванд, махзани анвои маъдан‏ҳо ва маводи санъатӣ буда ва аломатҳое барои мусофирон ва бистаре барои парвариши баъзе аз гиёҳон ҳастанд. Дигар кӯҳҳо аз тариқи анвои сангҳои қиматӣ ва зинатӣ мисли ақиқ ё сангҳои сохтмонӣ ҳамчун мармар сармоя‏и поён‏нопазир барои башар ҳастанд ва хулоса дар ин оёт ба масоили ҷаҳон‏шиносӣ ва ҳатто тамоми масоиле ҳамчун кишоварзӣ, домдорӣ, санъат ва умури фазоӣ ба шакле ишора шудааст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти