Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар ояти 268 сураи Бақара мефармояд:
الْشَّيْطَنُ يَعِدُكُمُ الْفَقْرَ وَيَأْمُرُكُمْ بِالْفَحْشَآءِ وَاللَّهُ يَعِدُكُمْ مَّغْفِرَةً مِّنْهُ وَفَضْلاً وَاللَّهُ وَ سِعٌ عَلِيمٌ‏
Шайтон шуморо аз фақр ва туҳидастӣ ваъда медиҳад (ва аз он шуморо метарсонад) ва шуморо ба фаҳшо ва зишти‏ҳо фармон медиҳад, вале Худованд аз ҷониби худ ба шумо ваъдаи омурзиш ва фузунӣ ме‏диҳад ва Худованд фарогири доност.
Бидонем
Ҳангоми инфоқ ва кӯмак ба ниёзмандон шайтон ба сӯроғи инсон ме‏ояд ва васваса ме‏кунад ва метарсонад, ки агар имрӯз ба фақирон кӯмак ва пул харҷ кунӣ фардо худат яке аз онҳо мешавӣ, пас беҳтар аст амволатро захира кунӣ то ҳангоми пирӣ ва беморӣ ва... харҷ намоӣ. Инҳо васвасаҳо, ваъдаҳо ва тарсондани шайтонӣ аст.
Ниёзи мо дар рӯзи қиёмат ба мағфирати Худо хеле бештар аз ниёзи мо дар зиндагии дунёст. Мабодо мағфирати Худоро бо хаёли осудагӣ ва хушгузаронӣ дар зиндагии дунё иваз ва муомила кунем, зеро:
1) шояд пир ё ниёзманд нашудам, вале ҳузур дар қиёмат ва ниёзи ман қатъӣ аст.
2) шояд моле, ки имрӯз барои фардо нигаҳ ме‏дорм, боқи намонад, вале хайру садақаи имрӯз ҳатман барои фардои қиёмат боқӣ аст.
3) шояд аз моли захиракардаи имрӯз дар фардои пирӣ натавонам баҳраманд шавам, вале аз хайру садақаи имрӯз баҳрамандӣ дар қиёмат қатъӣ аст ва чӣ басо Худованд чанд баробари онро ба мо ато кунад. Чӣ қадар одамоне, ки пули худро нахӯрданду на хайру садақа карданд, вале баъд аз муддате пулҳо иваз шуд ва қурби он пулҳо бо хоки сиёҳ яксон шуд ё ҳамаро супориданду хайре надиданд.
4) баҳрҳ‏мандии инсон аз андӯхтаи худ дар даврони пирӣ муваққатӣ аст, вале баҳрагирии инсон аз хайру садақа дар қиёмат абадӣ аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти