Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар оятҳои 83 – 87 сураи Соффот мефармояд:
وَ إِنَّ مِن شِيعَتِهِ لَإِبْرَاهِيمَ إِذْ جَآءَ رَبَّهُ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ‏ إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَ قَوْمِهِ مَاذَا تَعْبُدُونَ أَئِفْكاً آلِهَةً دُونَ اللَّهِ تُرِيدُونَ فَمَا ظَنُّكُم بِرَبِّ الْعَالَمِينَ‏
Ва дар ҳақиқат Иброҳим аз шиаён ва пайравони Нӯҳ аст. Он гоҳ ки бо дили салим ва солим (аз ҳар айб) ба пешгоҳи Парвардигораш омад. Он гоҳ ки ба падар (сарпараст) ва қавми хеш гуфт: Ин (бут‏ҳо) чист, ки мепарастед? Оё ба дурӯғ маъбудҳои дигаре ғайр аз Худованд ме‏хоҳед. Пас гумони шумо ба Парвардигори ҷаҳониён чист (, ки ғайр ӯро мепарастед)?
Бидонем
Калимаи «шиа» ба маънои гурӯҳе аст, ки аз раиси худ пайравӣ кунанд.
Биёмӯзем
21. Бо тарҳи савол хуфтаҳоро бедор, бедорҳоро ҳушёр ва ҳушёрҳоро водор ба тасмимгирӣ кунем.
22. Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ба маънои маҷбур кардани дигарон нест. Ҳар кас худ бояд ба тазаккури анбиё ва бандагони шоистаи Худо гӯш кунад ва бо истифода аз ақлу ихтиёри худ роҳи дурустро интихоб кунад.
23. Дар наҳй аз мункар эҳтимоли таъсири фаврӣ ва комил шарт нест, шояд баъдан асар кунад, шояд кам-кам асар кунад ва шояд.... Ҳазрати имом Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абитолиб (а) дар биёбони сӯзони Карбало бо лаби ташна шаҳид шуд, сарашро аз тан ҷудо карданд ва болои найза бурданд ва шаҳр ба шаҳр гардонданд ва берун аз Ислом эълон карданд ва ба лабу дандони муборакаш бо чуб заданд. Дар зоҳир Язиди палид ибни Муовия ибни Абисуфён пирӯз шуд ва имом Ҳусейн (а) сарвари ҷавонони аҳли биҳишт шикаст хурд, вале ҳадафи қиёми имом Ҳусейн (а) амр ба маъруф ва наҳй аз мункар барои ризои Худо буд. Имрӯз аз он чинояткорони рӯсиёҳи таърих чӣ ному нишоне ва аз дурдонаи Расули Худо (с) ва меваи умри ҳазрати Алии Муртазо ва Фотимаи Заҳро (а) чӣ азамату шукуҳ боқӣ мондааст. Ба ростӣ ки дар дили мӯъминон нисбат ба имом Ҳусейн ҳарорат ва ишҷу муҳаббате аст, ки сарду хомӯш намешавад. Салому дуруди Худо, фариштагон ва мӯъминон бар имоми ҳидоят ва наҷот имом Ҳусейн ибни Алӣ (а) ва лаънати Худо бар ҷинояткорону мустакбирон бод!
24. Шумо ба вазифаи худ амал кунед Худо таъсиркунандаи дигарон ва нигаҳдорандаи шумост.
25. Шумо бо анҷоми вазифа на танҳо аз байн ва ёдҳо намеравед, балки зинда ва ҷовидонӣ мегардед.
26. Бутпарастӣ як навъ дурӯғ аст, чун ҳақиқат надорад.
27. На танҳо парастиш, балки хоҳиши парастиши ғайри Худо ҳам зишт аст.
28. Ҳастӣ бар асоси рубубияти Худованд идора ва тарбият мешавад.
29. Вазифаи инсонҳо ин аст, ки бандаи Парвардигори оламиён бошанд.
30. Сармашқҳои дуруст ва ҳақро Худованд ба мӯъминон шиносондааст. Ҳазрати Нуҳ ва ҳазрати Иброҳим (а) бояд сармашқи мӯъминон бошанд ва зиндагии худро бар асоси бандагии Худо идора кунанд.
31. Равиши даъвати дигаронро аз бандагони баргузидаи Худо ёд бигирем.
32. Танҳо будан муҳим нест бандаи Худо ва шиаи анбиё ва авлиёи Худо будан муҳим аст. Ҳазрати Иброҳим (а) танҳо дар муқобили сарпарасти буттарошу бутпараст ва қавми гумроҳи худ қиём кард ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кард.
33. Ҳазрати Иброҳим (а) шиаи намуна буд.
34. Сифатҳои шиаи анбиё ва авлиёро аз ҳазрати Иброҳим (а) биёмӯзем.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти