Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар оятҳои 83 – 87 сураи Соффот мефармояд:
وَ إِنَّ مِن شِيعَتِهِ لَإِبْرَاهِيمَ إِذْ جَآءَ رَبَّهُ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ‏ إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَ قَوْمِهِ مَاذَا تَعْبُدُونَ أَئِفْكاً آلِهَةً دُونَ اللَّهِ تُرِيدُونَ فَمَا ظَنُّكُم بِرَبِّ الْعَالَمِينَ‏
Ва дар ҳақиқат Иброҳим аз шиаён ва пайравони Нӯҳ аст. Он гоҳ ки бо дили салим ва солим (аз ҳар айб) ба пешгоҳи Парвардигораш омад. Он гоҳ ки ба падар (сарпараст) ва қавми хеш гуфт: Ин (бут‏ҳо) чист, ки мепарастед? Оё ба дурӯғ маъбудҳои дигаре ғайр аз Худованд ме‏хоҳед. Пас гумони шумо ба Парвардигори ҷаҳониён чист (, ки ғайр ӯро мепарастед)?
Бидонем
Калимаи «шиа» ба маънои гурӯҳе аст, ки аз раиси худ пайравӣ кунанд.
Биёмӯзем
11. Касе шиа воқеӣ ва пайрави ростини паёмбарон аст, ки аз қалби салим ва пок бархурдор бошад.
12. Сароҳат, шаҳомат ва дар назар нагирифтани вобастагиҳои қавмӣ ва насабӣ, нишонаи имон росих аст. Иброҳим оини ботили падарро маҳкум кард. Имрӯз баъзе бо зоҳири мусулмонӣ ва ҳақиқати зидди исломӣ ба дунболи заминасозӣ барои оинҳои ноқис, нокоромад ва нодуруст ба ҷои дини комил, ҳақ ва саодатофарини Ислом ҳастанд. Ин амал аз ҳар кас бо ҳар унвон ва иддаое бошад қобили қабул нест ва маҳкум аст.
13. Бояд замони наҳй аз мункар ва он ҳам мункари аслӣ (наҳй аз бутпарастӣ ва ширк) ёд шавад ва зинда бимонад.
14. Бо ёдоварии бузургон ба ҷомеа сармашқҳои дуруст ва шоистаро баён кунед, вагарна дигарон фазоро олуда ва бо намунаҳои ботил пур мекунанд.
15. Бандагони Худо дар муҳити фосид ҳазм наме‏шаванд, балки муҳитро иваз мекунанд. Зарбулмасали машҳур, ки "Хоҳӣ нашавӣ расво ҳамранги ҷамоат шав" нодуруст аст.
16. Дар наҳй аз мункар син шарт нест. Ҳазрати Иброҳим ҷавоне буд, вале сарпараст ва қавми худро аз бутпарастӣ ва оини ботил наҳй кард.
17. Дар наҳй аз мункар аз худи‏ҳо шурӯъ кунем.
18. Дар наҳй аз мункар аз мункароти аслӣ шурӯъ кунем. Бузургтарин мункар ширк аст. То сарчашма гилолуд ва олуда бошад талошҳои поиноб камтарин асарро дорад.
19. Сарлавҳаи муборизаи анбиё бо ширк аст. "Ҳамоно дини мақбул назди Худо Ислом аст" ва ғайри ин мункар аст.
20. Дар наҳй аз мункар аз виҷдони хилофкор низ иқрор бигирем.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти