Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар ояти 125 сураи Наҳл мефармояд:
ادْعُ إِلَى سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ وَجَدِلْهُم بِالَّتِى هِىَ أَحْسَنُ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ‏
(Эй Паёмбар мардумро) бо ҳикмат (ва гуфтори устувор ва мантиқӣ) ва панди некӯ ба роҳи Парвардигорат бихон ва (бо мухолифон) ба шева‏е, ки некӯтар аст ҷидол ва гуфтугӯ кун! Ҳамоно Парвардигорат ба касе, ки аз роҳи ӯ мунҳариф шавад огоҳ‏тар аст ва (ҳамчунин) ӯ ҳидоятёфтагонро беҳтар ме‏шиносад.
Биёмӯзем
1. Паёмбар вазифа дорад мардумро даъват кунад. Пас як мӯъмину мусулмон наметавонад ва набояд нисбат ба маъсалаҳои худ ва дигарон бетафовут бошад.
2. Даъвати Паёмбар (с) ба сӯи роҳи Парвардигор аст на нажоду ҳизбу ҳавои нафси худ. Имрӯз мутаассифона бархе судҷӯён ба баҳонаҳои гуногуни фиребанда баҳси оини миллӣ мазҳаби хосро таблиғ ва дигаронро ба бегонапарастӣ муттаҳам мекунанд. Агар даъват барои ризои Худо ва дар чорчуби ӯ набошад ҳеҷ арзише надорад.
3. Мардум ва мухотабон ва роҳҳои таъсиргузорӣ гуногун (мувофиқ ё мухолиф) ҳастанд бинобар ин равишҳо ҳам фарқ мекунанд.
4. Барои ҳамаи гурӯҳҳои мардум барнома дошта бошед.
5. Равишҳои давъатро ҳам аз Худо биёмӯзем. Ҳикмат роҳи ақлу бурҳон ва мавъизаи неку роҳи отифаву эҳсос ва беҳтарин ҷидол роҳи нарм ва ҷазби мухолифон.
6. Ҳам шева ва ҳам муҳтаво бояд неку бошад.
7. Вазифаи шумо даъват ва амал ба гуфтаи Худо аст ва натиҷа ва ҳақиқати афрод дасти Худост.
8. Масъалаи илми Худо ба ҳақиқати худро ҷиддӣ бигирем.
9. Даъвати Паёмбар барномаи мураббӣ ва боиси тарбияти инсонҳо ва саодати онҳост.
10. Зоҳирсозӣ ва мардумфиребӣ фоидае надорад, чунки ҳидоят ва гумроҳии инсонҳоро Худо медонад.
11. Мубаллиғони ҳақиқии исломӣ бояд ҳуҷҷатро бо равишҳои гуногун бар мухолифон ва баҳонагирон тамом кунанд.
12. Ғайр аз роҳи Худо, ки Паёмбар ба он даъват мекунад гумроҳӣ аст.
13. Ҳидоят дар асари гӯш ва амал кардан ба даъвати Расули Худост.
14. Дини Ислом дини даъват аст ва барои ҳаёт ва идораи ҷомеа барнома ва тарҳ дорад.
15. Бояд зиндагии худро бар асоси давъати Расули Худо (с), ки дар чорчуби дастур ва ризои Худост танзим кунем на ин ки барои манофеи худ ҳар рӯз диндориро маҳдуд ва афкори норасо ва хостаҳои ҳайвонӣ, шаҳвонӣ ва шайтонии худро ба унвони танзими зиндагии мардум бо зӯр бар дигарон бор кунем. Ин дунё он қадар арзиш надорад, ки ба хотири он охирати худро бифурӯшем. Фиръавнҳо ва Намрудҳо рафтанӣ ҳастанд, вале Худо ва дини ӯ пойдор ва устувор аст.
16. Паёмбари Худо ҳам бояд бар асоси чорчуби қонун ва дастури Худо амал кунад ва паёми ӯро ба дигарон бирасонад. Волоияти қонун ба шиор ва суханони муфт нест, балки дар амал бояд иҷро шавад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти