Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар ояти 175 сураи Оли Имрон мефармояд:
إِنَّمَا ذَلِكُمُ الشَّيْطَنُ يُخَوِّفُ أَوْلِيَآءَهُ فَلَا تَخَافُوهُمْ وَخَافُونِ إِنْ كُنْتُم مُّؤْمِنِينَ‏
Ҳақиқат ин аст ва ҷуз ин нест, ки шайтон дӯстони худро ме‏тарсонад. Пас агар имон доред аз онон (шайтонҳои ҷиннӣ ва инсонӣ) натарсед ва фақат аз ман битарсед.
Биёмӯзем
1. Масъала хеле ҷиддӣ аст. Шумо ҳам бояд онро ҷиддӣ бигиред.
2. Шайтон инсонҳоро раҳо намекунад, балки онҳоро метарсонад.
3. Худованд инсонҳо махсусан мӯъминонро аз корҳо ва васвасаҳои шайтон огоҳ кардааст.
4. Шайтон ва душмани қасамхӯрдаи худро бишиносед ва талош кунед, ки дар доми ӯ наафтед.
5. Тарсондани инсонҳо кори ҳамешагии шайтон аст. Пас инсонҳо махсусан мӯъмин набояд аз таблиғоти ноумедкунанда ва тарсонандаи ӯ ғофил бошанд.
6. Ҳар гуна шоеа‏ ва сухану хабаре, ки сабаби тарс ва ноумедии мусулмонон гарда шайтонӣ аст.
7. Шева‏и тарсондан, ваҳшатафканӣ ва таҳдиди мардум сиёсати доимии қудрат‏ҳои шайтонӣ аст.
8. Афроди тарсуи майдон‏ҳои муборизаи ҳақ зидди ботил ёр ва таҳти нуфузу сарпарастии шайтонанд.
9. Мӯъминони шуҷоъ вилоят ва сарпарастии шайтонро намепазиранд, чун Худоро валӣ ва сарпарасти худ кардаанд.
10. Тарс аз Худо замина‏и фармон‏пазирӣ ва тарс аз ғайри Худо заминаи фармон‏гурезӣ аст.
11. Мӯъмини воқеӣ аз ғайри Худо наме‏тарсад ва медонад, ки имон аз шуҷоат ҷудо нест.
12. Мӯъминон набояд аз шайтон ва ёрони шайтон битарсанд.
13. Мӯъминон фақат бояд аз нофармонии Худо битарсанд.
14. Тарс аз Худо ва натарсидан аз шайтон ва шайтонсифатон сифати мӯъмин аст.
15. Меъёрҳоро бишиносед ва бо он худ ва дигаронро арзёбӣ кунед.
16. Худованд шайтон ва ёрони ӯро шиносонда ва вазифаи мӯъминонро таъин кардааст.
17. Душманшиносиро ҷиддӣ бигиред.
18. Барномаи мӯъминро Худо танзим кардааст ва ниёзе ба ақли кӯтоҳу фаҳми норасо ва барномаи худхоҳони асири ҳавову ҳавас нест.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти