Please update your Flash Player to view content.
Худои Мутаол дар ояти 91 сураи Моида мефармояд:
إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَنُ أَن يُوقِعَ بَيْنَكُمْ الْعَدَاوَةَ وَ الْبَغْضَآءَ فِى الْخَمْرِ وَ الْمَيْسِرِ وَ يَصُدَّكُمْ عَن ذِكْرِ اللَّهِ وَ عَنِ الصَّلَوةِ فَهَلْ أَنتُم مُّنتَهُونَ‏
Ҳақиқат ин аст ва ҷуз ин нест, ки шайтон ме‏хоҳад ба василаи шароб ва қимор миёни шумо душманӣ ва кина бияфканад ва шуморо аз ёди Худо ва намоз боз дорад. Пас (бо ин ҳама бадиҳо) оё (аз шароб ва қимор) даст мекашед?
Бидонем
Бо он ки тибқи оморе, ки баён ме‏шавад, бисёре аз куштор‏ҳо, гуноҳон, садамаҳо, талоқ‏ҳо, бемориҳои рӯҳӣ-равонӣ, гурда ва... аз шароб аст, аммо Худои Субҳон дар ин оят дар баёни далелҳои ҳаром кардани шароб бар ду масъала таъкид дорад: яке зарари иҷтимоӣ -кина ва душманӣ- ва дигаре зарари маънавӣ –ғофил шудан аз намоз ва ёди Худо.
Ин оят барҷаста‏тарин ва муҳимтарин асари шароб ва қиморро боздоштан аз ёди Худо ва намоз дониста аст. Акнун ин савол пеш меояд, ки агар корҳои оддӣ мисли тиҷорат, кор, варзиш, таҳсил, мутолиа ва монанди он низ моро саргарм ва аз ёди Худо ва намоз боздорад, оё монанди шароб ва қимор аст? Бале, ҳарчи моро аз Худо ғофил кунад, монанди шароб ва қимор нописанд ва зараррасон аст, гарчи Ислом ба хотири лутф ва осонӣ, онро ҳаром накарда бошад.
Биёмӯзем
1 Масъала хеле ҷиддӣ аст. Шумо ҳам бояд онро ҷиддӣ бигиред.
2 Шайтон чизҳое мехоҳад, ки ба зарари имони мӯъминон аст. Худованд мӯъминонро аз хостаҳои шайтон огоҳ кардааст.
3 Шайтонро бишиносед.
4 Ҳар кас, ки сабаби кина ва душманӣ дар миёни мардуми мӯъмин ва мусулмон шавад, монанди шайтон аст.
5 Ҳаракатҳо ва хостаҳои шайтон доимӣ аст. Пас ҳеҷ гоҳ мӯъмин набояд аз васваса ва шарри шайтон ғофил шавад ва худро дар амон донад.
6 Ҷомеа‏е, ки ба дунболи эҷоди душманӣ ва душмантарошӣ бошад, шайтонӣ аст.
7 Аз улфат ва ваҳдат посдорӣ кунем ва бо ҳар чӣ онҳоро аз байн ме‏барад мубориза кунем.
8 Худованд мехоҳад, ки мӯъминон бо ҳам бародар ва меҳрубон бошанд, вале шайтон мехоҳад, ки мӯъминон бо ҳам душман бошанд. Афроде, ки бо ҳар унвон ва иддао фақат барои хостаҳои нафсонӣ ва шаҳвонӣ ва ҳифзи қудрату сарвати шайтонии худ ба дунболи эҷоди душманӣ байни мӯъминон ва бозӣ кардан бо дин ва истифода аз он барои манофеи ноҳаққи худ баҳра мебаранд ёри шайтон ва итоаткунандаи хости шайтон ҳастанд.
9 Қимор ва шароб абзори кори шайтон барои эҷоди кина ва душманӣ миёни мӯъминон аст. Касоне, ки бо қудрат ва тавони худ аз шаробу қимор ва рақсу фаҳшо ва монанди ин гуноҳони шайтонӣ ҳимоят ва фазоро барои анҷоми он фароҳам ва маконҳои ёди Худо ва зикри Худоро мебандад бояд мутазири азоби сахти Худо ва ҳамнишинии шайтони малъуни марҷумт матруд бошад. Ин гуна афрод шоистаи номи мӯъмин нестанд.
10 Намоз бартарин ёдовари ёди Худост. Бо вуҷуди ин ки намоз зикри Худост, номи он ҷудогона омадааст. Шайтон ва шайтонсифатон аз садои азон ва барпо доштани намоз ба хашм меоянду комашон талх мешавад, аз ин рӯ аз ҳеҷ талоше барои мубориза ва манъи он кӯтоҳӣ намекунанд. Инҳо золимтарин ва бадтарин махлуқот ҳастанд.
11 Далел ва хосияти аҳкомро баён кунед то бештар таъсир гузорад.
12 Мӯъминон бояд бо тамоми сабабгорони эҷоди кина ва душманӣ байни мӯъминон мубориза кунанд ва дасти ноаҳлонро аз шайтанат миёни аҳли имон кӯтоҳ кунанд.
13 Худованд касонеро, ки худро мӯъмин меноманд, вале аз шаробу қимор даст намекашанд ва аз шайтон пайравӣ мекунанд сарзаниш карда ҳушдори ҷиддӣ додааст.
14 Роҳ аз чоҳ маълум шудааст. Пас дигар касе узр надорад.
15 Имони худ ва дигаронро бо ин меъёрҳо арзёбӣ кунед ва дурӯғгӯёну пайравони шайтонро бишиносед.
16 Инсонҳо ихтиёр ва ҳаққи интихоб доранд. Аз ин рӯ бояд масъулияти кори худро бипазиранд.
17 Иддаои афродро бо амали онҳо бисанҷед. Хеле аз инсонҳо дар миёни мардум иддаои мусулмонӣ мекунанд, вале шароб мехӯранд, қимор мебозанд ва ҳар гуноҳе мекунанд ва аз намозу рӯза ва иҷрои аҳкоми Худо дар зиндагияшон хабаре нест. Инҳо дурӯғгӯи дурӯи бадбахти дунё ва охират ҳастанд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти