Please update your Flash Player to view content.
Моҳи меҳмонии Худо фаро мерасад, эй мӯъминони азиз!
Биёед бо вазифаи худ ва ин моҳи меҳмонӣ ва нуронӣ ошно шавем!
Ба номи Худо
Алҳамду лиллоҳи раббилоламин ва дуруду саломи Худованд бар анбиё ва махсусан хотами онҳо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку мутаҳҳараш ва ёрони ростину муҷоҳиду мухлисаш ва ҳамаи касоне, ки аз онон ба некӯӣ пайравӣ мекунанд.
Бародар ва хоҳари мӯъмин ва муҳтарам, салом!
Бар асоси ривояти машҳур Ислом бар панҷ сутун бино шудааст: баён ва пазириши калимаи шаҳодат бар тавҳиди Худои Аҳад ва рисолат ва нубуввати ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) ва пазириши вилояти Илоҳӣ, барпо доштани намоз, пардохти закот, рӯзаи моҳи Рамазон ва адои ҳаҷ барои касоне, ки тавоноӣ таъмини харҷ ва тавони рафтан бо шароиташро доранд ҳадди ақал як бор дар умр.
Яке аз ин панҷ сутуни бобаракати дини мубини Ислом рӯзаи моҳи Рамазон аст, ки мусулмонон тавфиқ доранд ҳар сол як моҳ рӯза бигиранд. Имсол ҳам ин шоа Аллоҳ дар охирҳои моҳи май ин фурсати бандагӣ ва моҳи меҳмонии Худо насиби мусулмонон хоҳад шуд. Умедворем тавфиқи бандагӣ дар ин моҳи пурбаракат дошта бошем. Худои Мутаол рӯзаро дар Қуръони Маҷид бар мӯъминон фарз намудааст. Дар ояти 183 сураи муборакаи Бақара мефармояд:
يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلىَ الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُون
Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо воҷиб шуд, ҳамонгуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд воҷиб шуд, умед аст, ки парҳезгор шавед.
Бояд бидонем ва аз ин ояти шарифа биёмӯзем:
1. يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ Эй касоне, ки имон овардаед!
1) Дар Қуръони Карим ҳудуди 80 бор ин таъбир омадааст. Хитобҳои гуногуни дигаре вуҷуд дорад, аз ҷумла хитобҳои ҷамъӣ мисли
1. Эй аҳли китоб
2. Эй касоне, ки ба онҳо китоб дода шудааст
3. Эй кофирон
4. Эй инсонҳо
2) Дигаронро бо эҳтиром ва зебо садо бизанем. Ин кор паёмро таъсиргузор мекунад. Дар ривоят мехонем, ки лаззати хитоб‏и «يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ» сахтии рӯзаро осон ме‏кунад. (Тафсири Маҷмаъулбаён) Агар падару модар бихоҳанд, ки фарзандашон ба суханонашон гӯш диҳад, бояд ононро зебо садо бизананд. Худованд мӯъминонро аз дашном додан ба бутҳо, масхара, ғайбат кардан ва лақаби зишт додан ба дигарон ва таъна задан ва ... манъ кардааст. Ин моҳ фурсате аст, ки бо вазифаи худ ошно шавем ва аз Худо тавфиқи амал бихоҳем.
3) Далели садо заданро бигӯем. Пас ин вазифаи имонии мӯъминон аст. Ин вазифа на танҳо ҷои нороҳатӣ надорад, балки ҷои ифтихор дорад, ки Худои холиқи розиқ ва мураббии ҳастӣ бо мӯъмин сухан мегӯяд, ба ӯ барнома ва баъд подош медиҳад. Вақте фарзанде эъломи вафодорӣ кард падар ба ӯ супориш медиҳад.
4) Ошиқона ва огоҳона вазифаро амал кунем. Дар ривоят дорем, ки вақте оятҳоеро мехонед ё мешунавед, ки бо хитоби يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ ҳастанд бигӯед: Лаббайка Аллоҳумма лаббайк. Омадам ва омодаам барои шунидан, фаҳмидан ва амал ба дастури ту. Ин сухане аст, ки ҳоҷиён баъди пӯшидани либоси эҳром бар забон меронанд.
Худоё, мо омода ҳастем, ки вазифаи худро бидонем ва бо тавфиқи ту амал кунем. Он вазифа чист?
Мӯъминон ҳам огоҳона ва ошиқона омодаи шунидан ва фаҳмидан ва амал кардан ба вазифаи худ шуданд. Ҳоло Худои Мутаол вазифаи онҳоро баён мекунад:
2. Рӯза гирифтан бар шумо воҷиб шуд. كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ
Аз ин қисмати ояти шарифа меомӯзем, ки
1) Аҳком ва таклиф, ки сахтиҳое ҳам бо худ дорад ғайри мустақим гуфта шавад. Ба ҷои ин ки бигӯяд: Воҷиб кардам фармуд навишта шуд.
2) Қавонин бояд мактуб бошанд. Ин навишта будан ҳадди ақал 3 фоида дорад: 1) дар ихтиёри ҳама қарор мегирад, 2) имкони муроҷеа ва ба ёд овардан вуҷуд дорад, 3) сазо ва ҷазои афрод мустанад анҷом мешавад. Дар ривоят мехонем: Илмро бо навиштан ба банд кашед. Касоне, ки барномаи зиндагии худро менависанд муваффақияти бештаре доранд.
3) Қонун бар ӯҳдаи мухотабон ва пазирандагони он масъулият меорад.
4) Баъд аз ин ҳама муқаддамот ҳукм ва вазифа баён мешавад: рӯза гирифтан. Мо ҳам дар баёни вазоиф ва аҳком бояд ин мароҳил ва муқаддамотро дар назар бигирем. Рӯза гирифтан дар соли дувуми ҳиҷрӣ яъне баъд аз 15 сол аз паёмбарии ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) воҷиб шуд.
5) Мӯъмин бояд нафсу шаҳвати худро аз хӯрдан, ошомидан ва наздикӣ бо ҳамсар аз субҳи содиқ -азони бомдод- то ғуруби офтоби –азони шом- нигаҳ дорад. Барномаи хӯроки 3 бори худро ба 2 бор он ҳам шаб тағйир диҳад.
Мӯъминон ин ҷо савол мекунанд, ки Худоё, оё ин аҳком фақат дар давраи мо воҷиб шуд. Собиқа надорад? Оё инсон метавонад аз субҳи содиқ то ғуруби хуршед рӯза бигирад? Махсусан вақте ки ин рӯзҳо дар ҳар замоне фарқ мекунанд, чун тақвими ҳиҷрии қамарӣ мечархад.
Мунтазири ҷавоб ҳастем. Аз Худои Мутаол мехоҳем, ки моро бар анҷоми ин вазифаи имонӣ муваффақ бигардонад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти