Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти ҳафтуми сураи Таҳрим мефармояд:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَعْتَذِرُواْ الْيَوْمَ إِنَّمَا تُجْزَوْنَ مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ‏
(Дар қиёмат ба кофирон гуфта мешавад:) Эй касоне, ки кофир шудаед, имрӯз узрхоҳӣ накунед, зеро ҷуз ин нест, ки ҷазо ва кайфари шумо ҳамон амалкарди худатон аст.
Бидонем
Дар тамоми Қуръони Карим фақат ҳамин як оят бо ҷумлаи « Эй касоне, ки кофир шудаед!» шурӯъ шуда ва кофиронро хитоб карда, ки он ҳам марбут ба қиёмат аст.
Биёмӯзем
1. Кофирон бояд бидонанд.
2. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард. То фурсат ҳаст бояд бо тавба ва ибодати Худо гузаштаро ҷуброн кард.
3. Қиёмат сарои ҷазо аст.
4. Куфр дар қиёмат бахшиданӣ нест ва тавбаи кофир дар он рӯз бесамар аст. Оре, душманӣ, якравӣ ва мухолифат бо мантиқ, мавъиза ва мӯъҷиза роҳи ҳар узреро ме‏бандад.
5. Кайфарҳои қиёмат натиҷаи амали худи инсон аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти