Худои Мутаол дар ояти шашуми сураи Таҳрим мефармояд:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ قُواْ أَنفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَاراً وَقُودُهَا النَّاسُ وَ الْحِجَارَةُ عَلَيْهَا مَلاَئِكَةٌ غِلَاظٌ شِدَادٌ لَّا يَعْصُونَ اللَّهَ مَآ أَمَرَهُمْ وَ يَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ‏
Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаи худро аз оташе, ки ҳезуми он инсонҳо (-и гунаҳкор) ва санг‏ҳо ҳастанд, ҳифз кунед. Оташе, ки бар он фариштагони дуруштхӯ ва сахтгир нигаҳбонанд ва Худоро дар ончӣ фармонашон диҳад, нофармонӣ накунанд ва ончиро фармон ёбанд анҷом диҳанд.
Биёмӯзем
1. Имон доштан кофӣ нест. Ҳифзи имон аз хатарот ва осеб‏ҳо муҳим аст. Пас бояд диққат кунем.
2. Аввалин қадам ислоҳи худ, баъд аҳли инсон ва сипас ислоҳи ҷомеа аст.
3. Имон ба қиёмат ва дӯзах нақши муҳимме дар эҷоди тақво ва ислоҳи худ ва дигарон дорад.
4. Тарбияти динии фарзандон бар ӯҳдаи мудири хонавода аст.
5. Нафси инсон саркаш аст ва ниёз ба нигаҳбонӣ ва назорат дорад.
6. То занҷир аз пои худ боз накунем, наме‏тавонем дигаронро озод кунем. Худсозӣ шарти муваффақият дар сохтани хонавода ва ҷомеа аст.
7. Кайфари раҳо кардани хонавода ва наздикон ҳезуми оташи дӯзах шудан аст.
8. Касоне, ки дар дунё сангдил бошанд дар он рӯз низ дар канори санг қарор мегиранд.
9. Дар мудирият масъули ҳар кор бояд бо он кор таносуб ва созгорӣ дошта бошад. Агар масъули дӯзах сахтгир набошад ё худаш азият ме‏шавад ва ё ба вазифаи худ дуруст амал намекунад.
10. Гарчӣ инсони гунаҳкор ба дӯзах ме‏равад, аммо фариштагони дӯзах дар азоб кардани ӯ нофармонии Худо намекунанд.
11. Фариштагон дастуроти гузаштаро саркашӣ накарда дастуроти ояндаро нофармонӣ наме‏кунанд.
12. Барномаи мӯъминро Худои донои ҳаким ва қодир танзим кардааст ва ниёз ба барномаи инсонҳои судгаро ва охурбин надорад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст