Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти чоруми сураи Таҳрим мефармояд:
إِن تَتُوبَآ إِلَى اللَّهِ فَقَدْ صَغَتْ قُلُوبُكُمَا وَإِن تَظَاهَرَا عَلَيْهِ فَإِنَّ اللَّهَ هُوَ مَوْلاَهُ وَجِبْرِيلُ وَصَالِحُ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمَلاَئِكَةُ بَعْدَ ذَ لِكَ ظَهِيرٌ
Агар шумо ду нафар (, ки ифшогари роз ва шунаванда он ҳастед) ба сӯи Худо тавба кунед (ба фоидаи шумост), зеро дил‏ҳои шумо мунҳариф гаштааст. Ва агар дар муқобили Паёмбар ёвари ҳам бошед (коре наметавонед бикунед), зеро худи Худованд ёвари ӯ ва ҳамчунин Ҷабраил ва солеҳи мӯъминон ва илова бар онон ҳамаи фариштагон пуштибони ӯ ҳастанд.
Бидонем
«Сағат» аз «сағв» ба маънои майл ба инҳироф аст ва «исғоъ» ба гӯш додане гӯянд, ки шунаванда ба гӯянда майл дошта бошад.
Ба иттифоқи муфассирони мусулмон мурод аз он ду зан, ки дар ин оят ба тавба амр шудаанд, Ҳафса, ки розро фош кард ва Оиша, ки онро шунид ҳастанд.
Ибни Аббос мегӯяд: Ҳамеша муштоқ будам, ки аз Умар дар бораи ду зани ин сура бипурсам, то ин ки ҳамроҳи ӯ дар ҳаҷ будам. Пас замоне ки миқдоре роҳ рафтем ӯ ба гӯшае рафт ва ман ҳам бо ӯ рафтам ва бар дастони ӯ об рехтам то вузӯ гирад. Пас гуфтам: Он ду зан кӣ ҳастанд? Пас ӯ гуфт: Эй писари Аббос аз ту тааҷҷуб мекунам. Гӯё аз он чӣ пурсида будам нороҳат шуд. Баъд аз муддате гуфт: Он ду зан Ҳафса ва Оиша буданд. Тафсири Кашшоф, зайли оят.
52 ҳадис нақл шудааст, ки мурод аз солеҳи мӯъминон, Алӣ ибни Абитолиб (к)‏ аст. Бар асоси ин ривоятҳо Алӣ ибни Абитолиб‏ (к) дар канори Ҷабраил(а) ва балки миёни ӯ ва дигар фариштагон қарор гирифтааст ва ин мақомро Паёмбари Акрам‏ (с) ба он ҳазрат башорат доданд. Тафсири Канзуддақоиқ
Биёмӯзем
1. Ба хотири яке ду хилофкор ҳамаро айбдор накунед. Ду нафар бояд тавба кунанд.
2. Барои афроди хилофкори шарманда роҳи бозгашт ва тавбаро боз кунед. Барои ҳар гуноҳе тавба‏ лозим аст.
3. Шунидани роз низ мамнӯъ аст. Худованд ба гӯянда ва шунаванда ҳарду дастури тавба додааст.
4. Худованд мавлои ҳама ва мавлои шахси Паёмбари Акрам (с) аст.
5. Номи бузургонро барҷаста кунед. Бо ин ки Ҷабраил аз фариштагон аст, аммо номаш ҷудогона бурда шудааст.
6. Гоҳе як ҳодиса баёнгари як ҷараён аст. Фош кардани як роз ҷузъӣ буд, вале Худованд онро як тавтеа қаламдод кард.
7. Ҳамсарӣ ва ҳам‏нишинӣ нишонаи ҳам‏фикрӣ ва ҳамдилӣ нест.
8. Тавба танҳо изҳори пушаймонӣ бо забон нест, балки тавбаи воқеӣ бозгашти дили гунаҳкор аст.
9. Муҳимм‏тар аз инҳироф дар амал инҳирофи рӯҳ ва дил аст. Аввал фикру дили инсон мунҳариф мешавад, сипас хилоф мекунад.
10. Касони, ки розеро бедалел ифшо мекунанд, агар тавба накунанд, тавтеа‏гаранд.
11. Дар баробари тавтеа зидди Паёмбар ва мактаб ва ҳимоят аз он бояд тамоми неруҳо ҷамъ шаванд ва фаъол бошанд.
12. Ҳақ ҳеҷ ‏гоҳ танҳо наме‏монад.
13. Солеҳ будан инсонро дар канори фариштагони муқарраби Худо мерасонад.
14. Фариштагон ёвари Паёмбар дар муқобили тавтеа‏гарон ҳастанд.
15. Кӯмакҳои Худо ҳамаҷониба ва зоҳириву ғайбӣ аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти