Худои Мутаол дар ояти севуми сураи Таҳрим мефармояд:
وَإِذْ أَسَرَّ النَّبِىُّ إِلَى‏ بَعْضِ أَزْوَاجِهِ حَدِيثاً فَلَمَّا نَبَّأَتْ بِهِ وَأَظْهَرَهُ اللَّهُ عَلَيْهِ عَرَّفَ بَعْضَهُ وَأَعْرَضَ عَن بَعْضٍ فَلَمَّانَبَّأَهَا بِهِ قَالَتْ مَنْ أَنبَأَكَ هَذَا قَالَ نَبَّأَنِىَ الْعَلِيمُ الْخَبِيرُ
Ва он гоҳ ки паёмбар ба баъзе аз ҳамсаронаш суханеро ба роз гуфт, пас чун он зан, розро (ба дигарӣ) хабар дод ва Худованд (ифшои) онро бар паёмбар ошкор сохт паёмбар баъзе (аз ифшогари‏ҳои он занро ба ӯ) эълом ва аз баёни бархе сарфи назар намуд. Пас чун ба он зан хабар дод, (зан) гуфт: Чӣ касе туро аз ин хабардор кард? Паёмбар фармуд: Худованди донои бохабар маро огоҳ кард.
Биёмӯзем
1. Дар зиндагии Расули Худо (с) асроре буда, ки ба ҳама баён нашудааст.
2. Зан бояд роздор бошад то ҳамсараш битавонад асрорашро ба ӯ бигӯяд.
3. Баёни бархе матолиб барои тамоми афроди хонавода зарурате надорад.
4. Обрӯи афроди хатокорро ҳифз кунед ва номи он‏ҳоро набаред.
5. Баъзе занони Паёмбари Худо (с) роздор набуданд.
6. Бозгӯии роз шахсияти фардро ошкор мекунад.
7. Паёмбари Ислом(с) мушкилоти хонаводагӣ доштааст.
8. Худованд ба Паёмбараш инояти хос дорад ва касонеро, ки нисбат ба паёмбар вафодор нестанд ошкор ме‏кунад.
9. Раҳбари ҷомеа набояд аз масоили дохилӣ ва хонаводагии худ ғофил бошад.
10. Худованд аз тариқи ғайб Паёмбарашро огоҳ ме‏кунад.
11. Лағзиш‏ҳоро ба худи афрод бигӯед на дигарон.
12. Дар мудирият миқдоре тағофул ва мудоро лозим аст.
13. Тамоми лағзиш‏ҳои хатокоронро ба рухи онон накашед.
14. Касе, ки асрори дигаронро махфӣ фош ме‏кунад, эҳтимол бидиҳад, ки сирри ӯ низ фош мешавад ва барои Худои донои бохабар ҳеҷ чиз пӯшида нест.
15. Сарчашмаи илми анбиё(а) илми Худо аст.
16. Манбаи хабар ва хабардиҳанда бояд олим ва бохабар бошад. Хабаре боарзиш ва далел аст, ки бар пояи илм ва огоҳӣ бошад.
17. Ифшогарии Худованд нишонаи ҳузур ва назорати ӯ ва имон ба ҳузури Худованди алим ва хабир, ме‏тавонад инсонро аз ҳаргуна гуноҳ ва тавтеа боз дорад.
Маълум мешавад, ки ин сир ҳам барои Расули Худо (с) ва ҳам барои он ҳамсари Расули Худо (с) муҳим ва фош шудани он мушкилсоз будааст, чунки Худованд фаврӣ фош шудани онро ба Паёмбараш ошкор кард ва ҳазрат ҳам ҳамсарашро бохабар кард ва ӯ ҳам бо тааҷҷуб пурсид, ки шуморо чӣ касе хабар кард. Барои огоҳии бештар ба тафсири ин оёт дар китобҳои тафсирӣ муроҷеа кунед.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст