Худованди Мутаол дар ояти дувуми сураи Таҳрим мефармояд:
قَدْ فَرَضَ اللَّهُ لَكُمْ تَحِلَّةَ أَيْمَانِكُمْ وَاللَّهُ مَوْلاَكُمْ وَهُوَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ‏
Ҳамоно Худованд (роҳи) раҳоӣ (аз) савгандҳоятонро (бо додани куффора) барои шумо муқаррар кардааст ва Худованд сарпарасти шумост ва ӯ доно ва ҳаким аст.
Биёмӯзем
1. Риояти кори муҳимтарро фаромӯш накунем. Савганд аҳамият дорад, вале ҳифзи аҳкоми дин муҳим‏тар аст, аз ин рӯ касе, ки бо савганд ҳалолеро бар худ ҳаром кунад, савгандаш бо додани каффора шикаста ме‏шавад. Миқдори каффора дар ояти 89 сураи Моида омадааст.
2. Худованд ҳам гузаштаро ҷуброн ме‏кунад (ғафурурраҳим) ва ҳам роҳро барои оянда боз ме‏кунад. (каффораи савганд)
3. Сарзаниш ва танқид бояд бо баёни роҳ ҳал ва роҳкушоӣ бошад.
4. Ислом барои ҳар шароите барнома дорад. Ҳеҷ ҳукме ҳатто савганд наме‏тавонад тамоми роҳҳоро бар инсон бибандад.
5. Мо бояд банда ва итоаткунандаи ҳукми Худо бошем, аз ин рӯ ҳалолро ҳалол шуморем, гарчи ба қимати шикастани савганд бошад.
6. Дастурҳои Худованд олимона ва ҳакимона аст. Ӯ мушкилотро ҳал ва гиреҳ‏ҳоро боз мекунад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст