Please update your Flash Player to view content.

Ба номи Худо
Ин сура дувоздаҳ оят дорад ва дар Мадина нозил шудааст.
Номи он баргирифта аз ояти аввал аст, ки Худованд таҳрими ончиро бар инсон ҳалол шуморида, накӯҳиш ме‏кунад, гарчӣ ин таҳрим навъе маҳрум кардани худ аз лаззатҳои ҳалол ба далелҳои мухталифи фардӣ ва иҷтимоӣ бошад.
Оёти нахусти сура дар бораи рафтори ношоистаи бархе ҳамсарони Расули Худо (с) бо он ҳазрат аст ва оёти баъдӣ ба мӯъминон хитоб мекунад, ки нисбат ба хонаводаи худ ва тарбияти онҳо диққат кунед то гирифтори дӯзах нашавед. Дар ин сура ба тавбаи насуҳ таъкид шудааст. Онгоҳ дар идома ду улгуи манфии занон -ҳамсари ҳазрати Нӯҳ ва ҳазрати Лут(а) ва ду улгуи мусбати занон -ҳамсар Фиръавн ва ҳазрати Марям(а)-ро баён мекунад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти