Худои Мутаол дар ояти 12 сураи Талоқ мефармояд:
اللَّهُ الَّذِى خَلَقَ سَبْعَ سَمَوَاتٍ وَمِنَ الْأَرْضِ مِثْلَهُنَّ يَتَنَزَّلُ الْأَمْرُ بَيْنَهُنَّ لِتَعْلَمُواْ أَنَّ اللَّهَ عَلَى‏ كُلِّ‏ شَىْ‏ءٍ قَدِيرٌ وَأَنَّ اللَّهَ قَدْ أَحَاطَ بِكُلِّ‏ شَىْ‏ءٍ عِلْماً
Худост он касе, ки ҳафт осмон ва аз замин низ ҳамонанди он‏ҳо офарид . Фармони Худо миёни он‏ҳо нозил мешавад то бидонед, ки Худованд бар ҳар чизе тавоност ва илми ӯ бар ҳама чиз иҳота дорад.
Биёмӯзем
1. Боварӣ дошта бошед, ки Худованд ба ваъдаҳои худ вафо ме‏кунад, зеро ӯ чунон қудрат дорад, ки ҳастиро офаридааст.
2. Ҳастӣ таодул дорад.
3. Амри Худо бар ҳастӣ ҳукмфармо аст. Ҳокимони дигар бояд ба дунболи ба даст овардани Худо бошад, вагарна зарар хоҳанд кард.
4. Ҳам офариниши ҳастӣ ба даст Худост ва ҳам тадбири умури он. Холиқ ва мудири олам Худост.
5. Қудрати Худованд ҳамаро дар бар мегирад. Пас агар қарор бошад аз қудрати касе битарсем ва он бароямон муҳим бошад бояд аз қудрати Худо битарсем ва дар зиндагӣ бандаи ӯ бошем барои ризои ӯ бо тавфиқ ва кӯмаки ӯ амал кунем. Ин сура дар бораи талоқ ва ҳаққи зану шавҳар ва фарзандон ҳатто дар замони буҳрон пас аз талоқ буд ва охираш бо ин сифатҳои Худо тамом шуд. Пас бояд дар ҳамаи корҳои зиндагӣ Худоро, ки офаринандаи ҳафт осмону замин ва фармонравои беҳамтои ҳастӣ ва соҳиби қудрати беҳамто ва иҳотаи илмӣ бар ҳамаи ҳастӣ дорад дар назар бигирем ва дар анҷоми вазифае, ки ӯ барои мо муайян кардааст амал кунем ва ҳуқуқи дигарон адо намоем.
6. Аз ҳастӣ бояд тавҳидро биёмӯзем. Пас Ислом мехоҳад, ки мо ба мавҷудот ва назми ҳастӣ бияндешем ва диққат кунем ва ба холиқу мудаббири он бирасем.
7. Камол ва рушди башар меҳвари тамоми офарида‏ҳост.
8. Масъалаи иҳотаи илмии Худо ба ҳама чиз ҷиддӣ аст. Пас мо ҳам онро ҷиддӣ бигирем ва дар ҳамаи корҳое, ки мекунем ризо ва итоат аз дастури ӯро дар назар бигирем, вагарна ба худ осеб расондаем ва худро фиреб додаем.
9. Холиқи ҳастӣ ба офаридаҳои худ огоҳӣ ва иҳотаи комил дорад.
10. Илми Худо ба ҳама чиз комил, дақиқ ва бенақс аст.
Худоё, туро бениҳоят сипосу ситоиш, ки моро бо лутфу фазли хеш офаридӣ ва тавфиқи ҳидоят ва ислому имон додӣ! Худоё, моро бо вазифаи худ олим ва омил бигардон! Худоё, моро дар анҷоми вазифаи худ ва риояти ҳуқуқи дигарон муваффақ бидор! Худоё, моро чангзанандаи ҳақиқии ду ёдгори арзишманди Расулат (с), ки Қуръони Карим ва Итрат-Аҳли Байти ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) –ҳастанд бигардон ва то ҳавзи Кавсар бирасон ва аз азоби оташ бираҳон ва канори хубон дар биҳишт бо ризвон бинишон!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст