Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти 6 сураи Талоқ мефармояд:
أَسْكِنُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ سَكَنتُم مِّن وُجْدِكُمْ وَلَا تُضَآرُّوهُنَّ لِتُضَيِّقُواْ عَلَيْهِنَّ وَإِن كُنَّ أُوْلاَتِ حَمْلٍ فَأَنفِقُواْ عَلَيْهِنَّ حَتَّى‏ يَضَعْنَ حَمْلَهُنَّ فَإِنْ أَرْضَعْنَ لَكُمْ فَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ وَأْتَمِرُواْ بَيْنَكُم بِمَعْرُوفٍ وَإِن تَعَاسَرْتُمْ فَسَتُرْضِعُ لَهُ أُخْرَى‏
(То поёни замони идда) занонро дар ҳамон ҷо, ки худ сукунат доред ва дар тавони шумост, сукунат диҳед ва ба онон (аз ҷиҳати маскан ва нафақа) осеб нарасонед, то кор бар онон танг намоед (ва маҷбӯр ба тарки манзил шаванд) ва агар бордор бошанд, то замоне, ки тифл ба дунё оранд нафақаи ононро бидиҳед. Пас агар навзодон шуморо шир доданд муздашонро бидиҳед ва (дар бораи навзод) миёни худ ба некӣ машварат ва тавофуқ кунед ва агар тавофуқ ба душворӣ кашид, зани дигаре ӯро шир диҳад (ва мард барои навзод доя бигирад).
Бидонем
Шояд далели он ки дар айёми идда маскани зану мард яке аст, заминасозӣ барои бозгашт ва фароҳам шудани заминаи оштӣ бошад. Ба илова, ки берун кардани зан аз хона ё таҳияи маскани ҷудогона навъе беэҳтиромӣ дар ҳаққи зан аст ва низ дар ҷудоии тадриҷӣ, пои ақлу отифа ва фикру машварат бештар аз ҷудоии дафъӣ ва якбора ба миён меояд ва имкони созиш фароҳам ме‏шавад.
Ин оят ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарими зан, ҳамли ӯ, тағзияи кӯдак, ширбаҳо ва доя гирифтан дар сурати талоқ ишора дорад.
Дар ин оят Худо ба шавҳар ва зан панҷ фармон додааст, ки тамоми онҳо фармонҳои отифӣ ва ақлӣ ва заминаи бозгашт ба зиндагӣ аст: 1) занонро дар маскани худ ҷо диҳед, 2) ба занон зарар нарасонед, 3) харҷи занонро диҳед, 4) музди шир додани занонро диҳед ва 5) бо занон машварат кунед.
Биёмӯзем
1. Занони талоқшуда дар замони идда ҳуқуқ доранд ва мардон бояд онро риоят кунанд.
2. Худованд ҳар касро ба андозаи тавонаш вазифа медиҳад.
3. Ба занон зарар нарасонед ва ба онҳо фишор наёред.
4. Занони ҳомила ҳуқуқ, вазифа ва шароити хос доранд.
5. Ҳуқуқи занонро, ки Худо таъин кардааст ва ҳаққи онҳост гиромӣ бидоред ва онро амал кунед.
6. Дар шароити буҳронӣ ва ғайриоддӣ ҳам барои ҳалли масоил ба сурати табиӣ ва шоиста аввал машварат кунед. Агар ба далели сахтгирӣ ва ба заҳмат афтодан ба натиҷа нарасидед роҳи дигар интихоб кунед.
7. Беҳтарин шир барои навзод шири модар аст. Саъй кунед модар ба навзод шир диҳад. Агар шароит сахт шуд суроғи доя биравед.
8. Дар шароити талоқ, ки шароити буҳронӣ аст бояд ҳуқуқи занонро шинохт ва бо дар назар гирифтани ҳукм ва ризои Худо ба он амал кард.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти