Please update your Flash Player to view content.
Худои Субҳон дар ояти ҳабдаҳуми сураи Тағобун мефармояд:
إِن تُقْرِضُواْ اللَّهَ قَرْضاً حَسَناً يُضَاعِفْهُ لَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ وَاللَّهُ شَكُورٌ حَلِيمٌ
Агар ба Худованд қарзи неку диҳед онро барои шумо чандин баробар ме‏кунад ва шуморо меомурзад ва Худованд сипосгузори бурдбор аст.
Бидонем
Мавзӯи қарзи неку ба Худои Мутаол ва шароиту баракатҳои он дар оятҳои зиёде аз Қуръони Карим омадааст мисли Бақара/245, Моида/12, Ҳадид/11 ва 18, Тағобун/17 ва Муззаммил/20.
Худо, ки тамоми ҳастиро офарида, аз инсоне, ки ҳастӣ ва молашро худаш ба ӯ дода ме‏хоҳад, ки ба ниёзмандон кӯмак кунад ва қарзи неку диҳад ва онро муомила бо Худо бидонад. Худои Субҳон ба хотири ин қарзи неку ба ӯ ваъдҳо ва подош‏ҳои чандин баробар додааст. Ин кор боиси рушди инсон ва дил кандани ӯ аз дунё ва хидмат ба ниёзмандон ва гиреҳкушоӣ аз онон ва шикастани бути дилбастагӣ ва вобастагӣ ба модият ва парвоз ба сӯи Худо ва шукуфоии рӯҳияи саховат ва отифа аст.
Бояд бидонем, ки қарзи неку ва арзишманд он аст, ки барои Худо ва бе тамаъ аз мардум бошад ва зуд, беминнату азият, боэҳтиром, барои кори ҳалол ва ба андозаи мушкил‏кушоӣ дода шавад ва сабаби ғуруру кибри қарздиҳанда нашавад.
Дар Қуръон чанд чиз мисли тавба, намоз, ҷиҳод ва қарзи неку поккунандаи гуноҳон баён шудааст.
Биёмӯзем
1. Ё инфоқ кунед ва бибахшед ё ҳадди ақал қарзи неку бидиҳед.
2. Қарзи неку додан ба халқи Худо қарз додан ба Худост.
3. Яке аз роҳ‏ҳои ҳифзи нафс аз бухл қарзи неку додан аст.
4. Қарзгирандаро таҳқир накунед, зеро шумо бо Худо муомила доред.
5. Қарзи некӯ подоши чандинбаробар ва мағфирати Худоро ба дунбол дорад.
6. Қарзи неку додан ва ҳалли мушкилоти мардум сабаби мағфирати Худованд аз гуноҳон аст.
7. Барои эҷоди ангеза дар корҳои хайр подош‏ҳо ва баракатҳои онро баён кунед.
8. Бояд ба шароите, ки Худо муайян кардааст амал кунед то ба подош ва ҷазои он бирасед.
9. Худо аз касоне, ки қарзи неку ме‏диҳанд, шукргузор аст. Пас қарз‏гиранда аз қарз‏диҳанда ташаккур кунад.
10. Худо ҳалиму бурдбор аст. Пас агар ба мо қарзи неку надоданд ё қарзгиранда дар баргардондани қарз дер кард мо низ ҳалим ва бурдбор бошем.
11. Дар сурате, ки дастатон мерасад ниёзмандонро дастгирӣ кунед то Худо ҳам дасти шуморо бигирад.
12. Мумкин аст қарзгиранда ба ҷои ташаккур аз шумо гилоя ҳам дошта бошад, вале шумо бо Худо муомила кардаед ва ӯ аз шумо ташаккур мекунад ва бурдбориро аз Худо ёд бигиред ва зуд кори хайри худро нобуд накунед.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти