Please update your Flash Player to view content.

Худои Субҳон дар ояти севуми сураи Тағобун мефармояд:
خَلَقَ السَّمَوَاتِ وَالْأَرْضَ بِالْحَقِ‏ وَصَوَّرَكُمْ فَأَحْسَنَ صُوَرَكُمْ وَإِلَيْهِ الْمَصِيرُ
Худо осмон‏ҳо ва заминро барҳақ офарид ва шуморо (дар раҳими модар) сурат‏гарӣ кард ва сурати шуморо некӯ гардонд ва бозгашт (-и ҳама) ба сӯи ӯст.
Бидонем
Худованд ба инсон чизҳое додааст, ки дар роҳи расидан ба ҳадаф, ӯро кӯмак мекунад. Аъзои бадани инсон ҳар кадом дар ҷои муносиб қарор гирифта ва таркибу таносуби онҳо сабаби зебоии андоми ӯ гардидааст. Мижа, пилк ва абрӯ, ки вазифаи нигаҳдории чашмро бар ӯҳда доранд, зебоии хоссе ба чеҳраи инсон бахшидаанд. Лаб‏ҳо, ки дарбони даҳон ва нигаҳбони забону дандон ҳастанд, танҳо ҳангоми хӯрдан ё гуфтан ба андозаи ниёз боз ва баста ме‏шаванд ва дар кӯдакӣ, ки ҳаёти навзод ба шири модар вобаста аст, кори макиданро бар ӯҳда доранд ва дар бузургсолӣ эҳсосоти отифиро бо бӯсидан изҳор ме‏доранд.
Фақат дар чеҳраи мо неъматҳои фаровоне вуҷуд дорад, ки агар ба хосият ва баракати он бияндешем ҳеҷ гоҳ забону амали мо аз шукри Ҳақ холӣ нахоҳад шуд. Ҳол он ки хеле аз неъматҳо ва хосияти онро намедонем. Худоё, ба донистаҳо ва надонистаҳоямон туро бениҳоят шукру сипос!
Биёмӯзем
1. Холиқи инсон касе аст, ки холиқи осмону замин ва ҳастӣ аст.
2. Офариниши осмон‏ҳо ва замин аз рӯи барнома ва ҳадаф аст.
3. Худованд сурат‏гарии инсонро ба худ нисбат додааст. Пас ба додаи Худо сипосгузор бошем ва ҳеҷ касро ба хотири сураташ айб нагирем.
4. Худо беҳтарин суратро ба инсон додааст.
5. Ҷаҳони офариниш дар ҳоли ҳаракат ба сӯи мақсади илоҳӣ аст.
6. Оғоз ва поёни ҳастӣ Худованд аст.
7. Офариниши ҳақ ва ҳадафманд бояд саранҷоме барои подоши некукорон ва кайфари нофармонҳо дошта бошад.
8. Бозгашти ҳама ба сӯи Худост. Пас бандаи ӯ бошем ва худро барои он рӯз омода кунем.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти