Please update your Flash Player to view content.



Бархе аз сифатҳои Паёмбари Акрам (с)

 

Паёмбари Акрам (с) беҳтарин сафатҳоро дорад, барои ҳамин ҳар касе аз Ӯ пайравӣ кунад ҳам дар дунё ва ҳам дар охират растагор мешавад. Бархе аз сифатҳои инҳо мебошанд:

- Ӯ беҳтарин махлуқ ва ҳадафи ниҳоии офариниш аст, зеро Худованд дар ҳадиси қудсӣ дар бораи ӯ фармудааст:
«یا احمد لولاک لما خلقت الافلاک»

Эй Аҳмад, агар ту набудӣ мавҷудотро халқ намекардам.

- Нӯри ӯ аввалин махлуқи Худост, зеро Расули Худо (с) ба Ҷобир (рз) фармуд: Эй Ҷобир! Аввалин чизе, ки Худо офаридааст, нури Пайғамбари туст.

- Ӯ аз назари ҳасабу насаб беҳтарин ҳасабу насабро дорад, зеро аҷдоди ӯ аз ҳазрати Одам то падари бузургвораш, ҳазрати Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ба ҳеҷ палидие олӯда набуданд.

- Ӯ уммист, яъне назди касе дарс нахондааст, балки тарбиятёфтаи Худованд буд. Алӣ (кр) дар ин бора фармуданд: Вақте ки Пайғамбар (с) аз шир гирифта шуд Худованд бузургтарин фариштаи худро барои тарбияти ӯ маъмур кард, то ҳар рӯз ба ӯ макоримулахлоқ ёд диҳад. Ин кор то сини чиҳилсолагии Пайғамбар (с), ки ба рисолат мабъус шуд, идома дошт.

- Ӯ дорои олитарину бузургтарин ахлоқ буд, чун ки Худо дар Қуръон дар ин бора мефармояд:

«وَ إِنَّكَ لَعَلى‏ خُلُقٍ عَظيم»

Ва ту қатъан ахлоқи бузургу барҷастае дорӣ (Қалам, 4).

- Ӯ улгӯи комил барои камоли башарият аст:

«لَقَدْ کانَ لَکُمْ في رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِمَنْ کانَ يَرْجُوا اللَّهَ وَ الْيَوْمَ الْآخِرَ وَ ذَکَرَ اللَّهَ کَثيراً»

Қатъан барои шумо дар рафтори Расули Худо мояи иқтидор ва сармашқи зиндагӣ аст барои касе ки ба Худо ва рӯзи вопасин умед(-и қалбию амалӣ) дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад (Аҳзоб, 21).

- Ӯ раҳмат барои ҷаҳониён аст, зеро Худованд дар ин бора дар Қуръон мефармояд:

«وَ ما أَرْسَلْناکَ إِلاَّ رَحْمَةً لِلْعالَمين»

Ва мо туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем (Анбиё,107).

- Ӯ василаи омурзиши гуноҳи гунаҳкорон аст, чун Худованд дар ин бора дар Қуръон мефармояд:

«وَ لَوْ أَنَّهُمْ إِذْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ جاؤُکَ فَاسْتَغْفَرُوا اللَّهَ وَ اسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُوا اللَّهَ تَوَّاباً رَحيماً»

Ва агар онҳо ҳангоме, ки ба худ ситам карданд назди ту меомаданд, он гоҳ аз Худованд омурзиш мехостанд ва Расули Худо низ барои онҳо талаби омурзиш мекард, бешак Худоро бисёр тавбапазиру меҳрубон меёфтанд (Нисо, 64).

- Ӯ шафоаткунандаи рӯзи ҷазост.

- Каломи ӯ ваҳй аст, чун ки Худо дар Қуръон фармудааст:

«وما ینطق عن الهوی ان هو الا وحی یوحی»

Ва ҳаргиз аз рӯи ҳавову ҳавас сухан намегӯяд. Он чи мегӯяд чизе ҷуз ваҳй, ки бар ӯ нозил шуда,  нест (Наҷм, 3-4).

- Ӯ Қуръони нотиқ аст, ҳамон тавр ки ҳазрати Алӣ (а) ва Уммулмӯъминин, Оиша (рз) дар бораи ахлоқи ӯ гуфтаанд: Ахлоқи Паёмбари Ислом (с) ахлоқи қуръонӣ буд.

- Чун Паёмбари гиромии Ислом (с) мисдоқи равшани инсони комил буда ва тамоми сифатҳои хуби баёншуда дар Қуръонро айнан дорост, дар ҳоле ки дигарон он сифатҳоро надоранд ва агар талош кунанд метавонанд онҳоро доро шаванд.

Ин сифатҳои зикршуда баъзе аз сифатҳои он бузургвор аст, ки дар ин сухани кутоҳ баён шуд.

 

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти