Please update your Flash Player to view content.



Мабонии қуръонии қиёми имом Ҳусайн(а) (2)


  1. Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар

Асли амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар як асл ва мабнои қуръонӣ аст. Асле, ки Паёмбари Ислом(с) таъкиди зиёде бар он карда аст. Асле, ки агар танҳо ба Қуръон муроҷеа кунем мефаҳмем, ки ин мавзӯъ дар ин китоби муқаддаси осмонӣ чи қадар такрор шуда аст ва чи андоза бадбахтии милали гузаштаро мустанад мекунад ба ин ки “амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар” надоштаанд:

«فَلَوْلَا كَانَ مِنَ الْقُرُونِ مِنْ قَبْلِكُمْ أُولُوا بَقِيَّةٍ يَنْهَوْنَ عَنِ الْفَسَادِ»

”Чаро дар қурун (ва ақвом)-и қабл аз шумо, донишмандони соҳибқудрате набуданд, ки аз фасод ҷилавгирӣ кунанд”. (Ҳуд, ояти 116)

   Яъне чаро дар наслҳои гузашта як идда мардуми соҳибмоя (мояти ақлӣ, фикрӣ, рӯҳӣ) набуданд, ки бо фасодҳо мубориза кунанд, то дар натиҷа миллатҳо дар асари фасодҳо табоҳ нашаванд, мунқариз ва ҳалок нашаванд?

Дар бораи қавми дигаре мефармояд:

«كَانُوا لَا يَتَنَاهَوْنَ عَنْ مُنْكَرٍ فَعَلُوهُ لَبِئْسَ مَا كَانُوا يَفْعَلُونَ »

 “Онҳо аз аъмоли зиште, ки анҷом медоданд, якдигарро наҳй наменамуданд чи бад коре анҷом медоданд”. (Моида, ояти 79).

   Яъне инҳо бадбахт ва бечора шуданд, ба ҳалокат расиданд, аз миён рафтанд, чаро? Чун наҳйи аз мункар намекарданд, бо фасод мубориза намекарданд ва бисёр бад мекарданд. Дар ояти дигар хитоб ба муслимин мефармояд:

«وَلْتَكُنْ مِنْكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ»

“Бояд аз миёни шумо, ҷамъе даъват ба некӣ ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кунанд! Ва онҳо ҳамон растагоронанд”. (Оли Имрон, ояти 104).

   Ин оят ду гуна тафсир шуда аст;

  1. Бояд дар миёни шумо як уммат, як ҷамъият кораш амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар бошад. Ин маъно дар сурате аст, ки калимаи “мин”-ро “мини” табъизия бигирем.
  2. Агар таври дигар тафсир кунем маънояш ин аст; аз шумо уммат чунин уммате бояд сохта шавад, яъне ҳамаи шумо бояд чунин уммате бошед (амри маъруф ва наҳйи аз мункар кунед). Ҳарду тафсир дуруст аст ва бо ҳам мунофоте надоранд, чун амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар як вазифаи умумӣ аст, барои ҳамаи мардум ва вазифаи хоссе аст барои як табақаи муайян, ки аз ҳадди оммаи мардум берун аст. Бояд аз миёни шумо чунин ҷамъияте бошад ё бояд шумо чунин уммате бошед, ки коратон даъват ба хайр, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар бошад.

   Дар идомаи оя мефармояд, ки танҳо чунин уммате, ки дар миёни онҳо даъват ба хайр, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар вуҷуд дошта бошад метавонад растагор, сарфароз, саодатманду мустақил бошад ва салоҳу растагорӣ дошта бошад.

      Яке аз усули қуръонии имом Ҳусайн(а), амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар аст, ки Имом (а) ба сароҳат ин аслро дар суханонашон баён намуданд. Имом Ҳусайн(а) дар васиятномае ба бародараш Муҳаммад ибни Ҳанифия чунин менависад: ”Ин васияти Ҳусайн ибни Алист ба бародараш Муҳаммад ибни Ҳанифия. Ҳусайн ба ягонагии Худо ва рисолати Паёмбар шаҳодат медиҳад. (чун имом Ҳусайн(а) медонист, ки баъд иддае хоҳанд гуфт, ки Ҳусайн аз дини ҷаддаш хориҷ шуда аст)”.(Алфутуҳ, ҷ.5, саҳ. 21).

   То онҷо, ки рози қиёми худро баён мекунад:

انّى ما خَرَجْتُ اشِراً وَ لا بَطِراً وَ لا مُفْسِداً وَ لا ظالِماً، انَّما خَرَجْتُ لِطَلَبِ الْاصْلاحِ فى امَّةِ جَدّى، اريدُ انْ آمُرَ بِالْمَعْرُوفِ وَ انْهى‏ عَنِ الْمُنْكَرِ وَ اسيرَ بِسيرَةِ جَدّى وَ ابى عَلِىِّ بْنِ ابى طالِبٍ عَلَيْهِ السَّلام.

“Ман на аз рӯи худхоҳӣ ва ё барои хушгузаронӣ ва на барои фасод ва ситамгарӣ аз Мадина хориҷ мегардам, балки ҳадафи ман аз ин сафар амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва хостаам аз ин ҳаракат, ислоҳи мафосиди уммат ва эҳё ва зинда кардани суннат ва қонуни ҷаддам Расули Худо(с) ва роҳу расми падарам Алӣ ибни Абитолиб(а) аст”. (Алфутуҳ, ҷ.5, саҳ. 21 ва Мақтали Хоразмӣ, ҷ.1, саҳ. 188).

   Имом Ҳусайн(а) мансабталаб набуд, толиби мақом ва сарват набуд, марди муфсид ва ихлолгаре набуд, золим ва ситамгор набуд. Ӯ як инсони муслеҳ буд. Бинобар асл ва мабнои амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, Имом Ҳусайн(а) як инсони муътариз ва мунтақид аст, марде аст инқилобӣ ва қиёмкунанда. Як марди мусбат аст. Ангезаи дигаре лозим нест. Ҳама ҷоро фасод гирифта, ҳалоли Худо ҳаром шуда ва ҳароми Худо ҳалол шуда, байтулмоли муслимин дар ихтиёри афроди нолоиқ қарор гирифта ва дар ғайри роҳи ризои Худо масраф мешавад.

   Паёмбари Акрам(с) фармуданд: ”Ҳар кас чунин вазъ ва аҳволеро бибинад ва дар садади дигаргунии он набошад, дар мақоми эътироз набарояд, шоиста аст (собит аст дар қонуни илоҳӣ), ки Худо чунин касеро ба онҷо бибарад, ки золимон, ҷобирон, ситамгарон ва тағйирдиҳандагони дини Худо мераванд ва сарнавишти муштарак бо онҳо дорад. (Таърихи Табарӣ, ҷ.5, саҳ.403).

   Имом Ҳусайн(а) ба ин гуфтаи ҷадди бузургворашон истинод мекунад, ки дар чунин шароите касе, ки медонад ва мефаҳмад ва эътироз намекунад, бо ҷомеаи гунаҳкори худ сарнавишти муштарак дорад.

   Ҳадиси дигаре аз Паёмбари Акрам(с) аст, ки онро уламо дар кутуби муътабари худ ривоят кардаанд. Ҳамон гуна ки имом Ғаззолӣ ин ҳадисро дар Эҳёул-улум нақл мекунад:

«لَتَأْمُرُنَّ بِالْمَعْروفِ وَ لَتَنْهُنَّ عَنِ الْمُنْكَرِ اوْيُسَلِّطَنَّ اللَّهُ عَلَيْكُمْ شِرارَكُمْ فَيَدْعوا خِيارُكُمْ فَلا يُسْتَجابُ لَهُم»

  Яъне бояд амри ба маъруф ва наҳйи аз мункарро дошта бошед, ин ду бояд вуҷуд дошта бошанд вагарна бадони шумо бар шумо мусаллат мешаванд, баъд хубони шумо мехонанд ва ба онҳо ҷавобе дода намешавад. (Канзул-уммол, ҳ.5520).

Аксар ин тавр маъно мекунанд, ки баъд аз онки бадони шумо бар шумо мусаллат шуданд, некони шумо ба даргоҳи илоҳӣ меноланд ва Худованд дуои онҳоро мустаҷоб намекунад.

  Вале Ғаззолӣ маънои латифе барои ин ҳадис карда аст. Ӯ мегӯяд: Маънои ин ҷумла «فَيَدْعوا خِيارُكُمْ فَلا يُسْتَجابُ لَهُم» ин нест, ки Худоро мехонанд вале Худо дуои инҳоро мустаҷоб намекунад балки  маънояш ин аст, ки вақте амри ба маъруф ва наҳйи аз мункарро тарк кунанд он қадар паст мешаванд, он қадар руъбашон, иззаташон ва кароматашон аз байн меравад, ки вақте ба даргоҳи ҳамон ситамгарон мераванд, ҳарчи садо мезананд ба онҳо эътино ва таваҷҷӯҳ намешавад. (Эҳёул-улумид-дин, ҷ.3, саҳ. 308).

Яъне маънои ин ҳадис ин аст, ки агар мехоҳед иззат дошта бошед ва дигарон ба шумо эътимод кунанд, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункарро тарк накунед. Агар амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар надошта бошед аввалин хосияти он заъфи шумост, пастӣ ва зиллати шумост ва душман ҳам ба шумо эътимод ва рӯи шумо ҳисоб намекунад.

      Он вақт мисли як барда, ҳарчи илтимос кунед касе ҷавобатонро нахоҳад дод. Маънии бисёр латифе аст. Мо чунин асли қатъӣ дар Ислом дорем ва вуҷуди бобаракати имом Ҳусайн(а) ба ин асли қуръонӣ истинод карда аст ва чунин мефаҳмонад, ки бар фарз, мардуми Куфа ӯро даъват намекарданд ва бар фарз, агар ҳукумати Язид аз ман байъат намехост, ман ба сабаби асли амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар сокит наменишастам.

    Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар сабабе аст, ки дар ҳар ҳол ҳар миқдоре ҳам пешгирӣ бишавад, мумкин аст афрод ба фасод гароиш пайдо кунанд ё ҷомеа аз масири адолат мунҳариф шавад. Ҳамчунин мумкин аст тафарруқ ва ташаттут ба сабабҳое дар ҷомеаи исломӣ рух бидиҳад. Пас як ҷараёне лозим аст, ки биёяд то ислоҳ кунад.

   Агар ахлоқ фосид шуд, бояд барои ислоҳи ахлоқ ба амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар бишитобем. Агар адолат ва мусовот аз байн рафт, бояд барои ислоҳи мафосиде, ки аз ин роҳ пайдо шуда, ба амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар бишитобем. Агар тафарруқ ва ташаттут пайдо шуд, боз ҳам ба амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар бишитобем.

  1. Ҷиҳод ва шаҳодат дар роҳи Худо

   Масъалаи ҷиҳод ва дифоъ дар Қуръони Карим ду асли мусаллами динианд, ки зомини бақои шариати қуръонӣ ва аҳкоми нуронии исломӣ дар тамомии арсаҳо мебошанд. Агар рӯҳияи шаҳодатталабӣ барои таҳаққуқи маорифи динӣ дар ҷавомеи башарӣ набуд, ҳамакнун асаре аз Қуръон ва пайравони он ба чашм намехурад.

   Дар Қуръони Карим ба ин асл бо сароҳат ва ишора, матолиби фаровоне вуҷуд дорад. Онҷо, ки мефармояд:

«وَ لَئِنْ قُتِلْتُمْ فِي‏ سَبِيلِ اللَّهِ أَوْ مُتُّمْ لَمَغْفِرَةٌ مِنَ اللَّهِ وَ رَحْمَةٌ خَيْرٌ مِمَّا يَجْمَعُونَ‏َُُُِ»

“Агар ҳам дар роҳи Худо кушта шавед ё бимиред, зиён накардаед, зеро омӯрзиш ва раҳмати Худо аз тамоми ончи онҳо (дар тӯли умри худ) ҷамъоварӣ мекунанд, беҳтар аст!” (Оли Имрон, ояти 157).

   Таҳаққуқи иҷрои аҳкоми дини Ислом дар ҷомеа, бо манофеи туғёнгарон носозгор аст, бинобар ин берӯҳияи шаҳодатталабӣ, васл ба он имкон надорад. Аз ин рӯ яке аз мабонии қиёми имом Ҳусайн(а) амал ба ин асли қуръонӣ буда аст. Имом Ҳусайн(а) ҷону мол ва ҳамаи чизи худро дар роҳи Худо дод, то бандагони Худовандро аз ҷаҳолату гумроҳӣ ва саргардонӣ наҷот бахшад.

  1. Худотарсӣ ва тарснопазирӣ аз ғайри Худо

   Усулан агар касе Худоро бо азамате, ки дорад бишиносад, имкон надорад барои махлуқи ночизи Ӯ, дар муқобили Худованд арзише қоил шавад чунончи дар Қуръони Карим дар мавриди паёмбарон мефармояд:

”Паёмбарони пешин касоне буданд, ки таблиғи рисолатҳои илоҳӣ мекарданд ва танҳо аз Ӯ метарсиданд, ва аз ҳеҷ кас ба ҷуз Худо бим надоштанд ва ҳамин бас, ки Худованд ҳисобгар ва подошдиҳандаи аъмоли онҳо аст” (Аҳзоб, ояти 39).

   Ҳолати худотарсӣ ду натиҷаи муҳим дорад; яке натарсидан аз ғайри Худо ва дигарӣ эҳсоси вуҷуди амни илоҳӣ ҳангоми анҷоми таколиф. Бинобар ин Худованд ба ҳазрати Мусо(а), ки дорои ҳаракати илоҳӣ аст, мефармояд:

«...يَا مُوسَى أَقْبِلْ وَ لَا تَخَفْ إِنَّكَ مِنَ الْآمِنِينَ»

 “Эй Мусо баргард ва натарс, ки ту аз амнёфтагонӣ” (Қасас, ояти 28).

  Замоне ки Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, имом Ҳусайн(а)-ро барои ҳаракат ба Ироқ метарсонад ва амоннамое барои ӯ мефиристад, Имом Ҳусайн(а) дар ҷавоби писари амаки худ, менависад:

 ”Касе, ки ба сӯи Худованд даъват кунад ва худ амали солеҳ анҷом диҳад ва бигӯяд ман аз таслимшудагони дар муқобили Худованд ҳастам, бо Худованд ва Расули Ӯ мухолифат нанамуда аст; ин ки ба ман ваъдаи амон ва некӣ ва подош додаӣ бояд бидонӣ, ки беҳтарин амонҳо амони Худост” (Таърихи Табарӣ, ҷ.5, саҳ. 388; Албидоя ванниҳоя, ҷ.8, саҳ. 164; Табақоти Ибни Саъд, ҷ.5, саҳ. 448).

 

Натиҷа

   Бо таваҷҷӯҳ ба матолибе, ки гузашт дар бисёре аз наҳзатҳо, пас аз муддате, ки аз даврони оғозини он мегузарад ва касоне, ки ба нораво ба маснади қудрат ва раёсат такя мезананд, ҳадафҳои нахустин ва арзишҳои мутаолие, ки дар шиорҳои наҳзат матраҳ мешуда, камранг мешавад ё фаромӯш мегардад. Ончи аз дин нест (бидъат) вориди дин мешавад ва ончи аз пояҳои аслӣ ва аввалияи инқилоби динӣ ва мактабӣ аст, аз ёд меравад ва равияҳои мутафовит бо суннатҳои нахустин ривоҷ меёбад ва қонун ва ҳукми илоҳӣ нақз мешавад. Мардум низ ба таърих ба ин инҳирофҳо ва бидъатҳо одат мекунанд ва аксулъамали чандоне аз худ нишон намедиҳанд. Гоҳе аз шаоир ва барномаҳо ва суннатҳо, қолаби берӯҳ ва ташрифоти зоҳирӣ бар ҷой мемонад, ки чандон асаргузор ҳам нест.

   Дар чунин мавқеиятҳое дилсузони он наҳзат ё ворисони он мактаб ва дин, барои эҳёи муҷаддади паёмҳо, муҳтавоҳо, даъватҳо ва ҳадафҳои оғозин даст ба кор мешаванд, то ҷомеаи хуфтаро бедор кунанд ва ба усули мактаб ва боядҳо ва набоядҳои дин таваҷҷуҳ диҳанд. Ин кор, гоҳе бо фидо шудани молу ҷон ҳамроҳ аст ва эҳёгарони суннатҳои динӣ бояд худро фидо кунанд, то ҷомеа бедор ва дин эҳё шавад. Наҳзати Карбалои ҳусайнӣ ҳам як ҳаракати эҳёгарона нисбат ба асоси дин ва аҳкоми илоҳӣ буд.

   Дар мутолиаи суханони Имом Ҳусайн(а) такяи фаровоне рӯи эҳёи дин, иҷрои ҳудуи илоҳӣ, эҳёи суннат, мубориза бо бидъату фасод ва даъват ба ҳукми Худо ва Қуръон дида мешавад. Ҳамон гуна ки гузашт дар асри имом Ҳусайн(а) арзишҳои динӣ мутазалзил шуда ва офот ва осебҳои мухталифе андеша, ҷомеа ва фарҳанги динии мусулмононро дарбар гирифта буд. Ва Имом Ҳусайн(а) бо такя бар Қуръони Карим ва суннати набавӣ(с) дар садади эҳёи дин ва арзишҳои динӣ баромад ва бо ҷону дил ва бо тамоми вуҷуд ба қиёми алайҳи бидъатҳо ва беадолатиҳо ҳиммат гуморид.

   Дар байни осебҳои гуногуне, ки асри имом Ҳусайн(а) ба онҳо мубтало буд, осебшиносии боварҳо ва ақоиди динӣ ва офатзудоӣ аз онҳо нақши созандае дар қиёми ҳусайнӣ ифо кард ва муҳимтарини муаллифаҳое, ки имом Ҳусайн(а) дар қиёми илоҳии худ бар онҳо таъкид доштанд иборат буданд аз; эҳёи дин, мубориза бо бидъатҳо, ситез бо золимону ситамгарон, эҳёи амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва ҷиҳод дар роҳи Худо барои дифоъ аз дин.

 

Манобеъ

  1. Эҳёу улумиддин, Муҳаммад ибни Муҳаммад Алғаззолӣ Абӯҳомид, Дорул маърифа, Бейрут.
  2. Алахборуттивол, Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуди Дейнаварӣ, (282м), таҳқиқи Абдулмунъим Омир муроҷиаи Ҷамолуддин Шиёл, Қум, маншуроти Арризо, 1989м.
  3. Имом Ҳусайн ва Қуръон, Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, чопи чаҳорум, 2007м.
  4. Албидоя ванниҳоя, Абулфидо Исмоил ибни Умар ибни Касири Дамишқӣ (774м), Бейрут, Дорулфикр,1986м.
  5. Таърихи ибни Халдун, девони алмубтадаъ вал хабар фит таърихил араб вал барбар ва мин осириҳим мин завиш шаънил акбар, Абудрраҳмон ибни Муҳаммад ибни Халдун(808м), таҳқиқи Халил Шаҳодат, Бейрут, Дорулфикр, чопи дуюм, 1988м.
  6. Таърихул умами вал мулук, Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (310м), таҳқиқ Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Доруттурос, чопи дуюм, 1967м.
  7. Ҳусайн пешвои инсонҳо, Муҳаммад Акбарзода.
  8. Мавсуаи калимоти имом Ҳусайн(а).
  9. Вижагиҳои имом Ҳусайн(а), Алиризо Карамӣ.
  10. Мақтали Хоразмӣ, ҷилди 1.
  11. Аттабақотул кубро, Муҳаммад ибни Саъд ибни Мунии Ҳошимӣ Басрӣ (230м), таҳқиқ Муҳаммад Абдулқодири Ато, Бейрут, Дорулкутубил илмия, чопи аввал, 1990м.
  12. Алфутуҳ, Абӯмуҳаммад Аҳмад ибни Аъсами Куфӣ(314м), таҳқиқ Алии Ширӣ, Бейрут, Дорулазво, чопи аввал, 1991м.
  13. Китоби ҷумал мин ансобил ашроф, Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир Албилозарӣ (279м), таҳқиқ Суҳайли Закор ва Риёзи Заркалӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1996м.
  14. Канзул-уммол фи сунанил ақволи вал афъол, Алӣ ибни Ҳисомиддин Алмуттақӣ Алҳиндӣ, Муассисаи аррисола, Бейрут, 1989м.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти