Please update your Flash Player to view content.





Сифатҳои бандаи парҳезгор

Алй (а) дар наҳҷулбалоға дар бораи сифатиҳои бандаи парҳезгор мефармояд:

“Худо раҳмат кунад касеро, ки вақте сухани ҳакимона бишнавад, хуб онро ёд гирад ва вақте ба роҳи ҳидоят хонда шуд онро бипазирад ва даст ба домани ҳидоят кунанда бизанад ва наҷот ёбад. Дар баробари Парвардигор муроқиби худ бошад, аз гуноҳони худ битарсад ва холисона қадам бардорад ва амали хуб анҷом диҳад ва захирае барои қиёмат фароҳам оварад. Аз гуноҳ бипарҳезад ва ҳамеша ғаразҳои дунёиро аз сараш дур кунад ва дараҷаҳои охиратро ба даст оварад. Тақворо тӯшаи рӯзи мурданаш қарор диҳад ва дар роҳи рӯшани ҳидоят, қадам бигзорад ва аз роҳи рӯшани ҳидоят, дур нашавад. Чанд рӯзи зиндагии дунёро ғанимат бишморад ва пеш аз он ки маргаш бирасад, худро омода кунад ва аз амалҳои хуб, тӯшаи охират бигирад.” (наҳҷулбалоға, хутбаи-76)

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти