Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам

(Баррасии санадӣ ва матнии ҳадиси набавӣ)

Чакида

   Имом Ҳусайн(а) шахсияте аст, ки зиндагонии ӯро метавон аз ҷиҳатҳои мухталиф мавриди арзёбӣ ва таҳлил қарор дод. Яке аз он ҷиҳатҳо баррасии суханони ҳазрати Муҳаммад(с) дар бораи имом Ҳусайн(а) мебошад, ки бо муроҷеа ба сира ва суханони ҳазрати Расул(с), аҳодиси фаровонеро дар бораи шахсият ва ҷойгоҳи имом Ҳусайн(а) метавон ба даст овард. Ин навиштор яке аз аҳодиси он Ҳазрат(с) дар мавриди имом Ҳусайн(а)-ро баррасии мекунад, ки фармуданд: “Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам. Худованд дӯст медорад касеро, ки Ҳусайнро дӯст дорад”.

   Баъд аз барасии ин ҳадис маълум шуд, ки санади ҳадис саҳеҳ буда ва маънояш он аст, ки роҳи ман роҳи Ҳусайн(а) аст ва роҳи Ҳусайн(а) роҳи ман аст. Ҳамон гуна ки дӯст доштани ман воҷиб аст, дӯст доштани ӯ низ воҷиб мебошад ва ҳамон гуна таарруз ва ҷанг бо ман ҳаром аст таарруз ва ҷанг бо Ҳусайн(а) ҳаром мебошад.

Калидвожаҳо: Ҳазрати Расул(с) ва имом Ҳусайн(а)

Муқаддима

Рӯзи севвуми Шаъбон соли чоруми ҳиҷрӣ имом Ҳусайн(а) дар шаҳри Мадина дар хонаи ҳазрати Алӣ(а) ва Фотима(с) чашм ба ҷаҳон кушод. Чун хабари вилодати имом Ҳусайн(а) ба ҳазрати Муҳаммад(с) расид ба хонаи ҳазрати Алӣ(а) ва Фотима(с) омад ва ҳангоме ки имом Ҳусайн(а)-ро ба хидмати эшон оварданд, дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапаш иқома гуфтанд.

Дар тули шаш солу чанд моҳ, ки имом Ҳусайн(а) аз замони ҳазрати Расул(с)-ро дарк карда буд, ҳамаи асҳоб шоҳиди муҳаббат ва лутфи зиёди Паёмбар(с) ба имом Ҳусайн(а) буданд. Дар давоми ин муддат ҳазрати Расул(с) дар мавриди имом Ҳусайн(а) фазилатҳои зиёде фармуданд, ки чке аз онҳоро бо ҳам баррасӣ мекунем.

Матни ҳадис

يَعْلَى الْعَامِرِيِّ، أَنَّهُ خَرَجَ مَعَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِلَى طَعَامٍ دُعُوا لَهُ قَالَ: فَاسْتَقْبَلَ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِمَامُ الْقَوْمِ وَحُسَيْنٌ مَعَ الْغِلْمَانِ يَلْعَبُ، فَأَرَادَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنْ يَأْخُذَهُ فَطَفِقَ الصَّبِيُّ يَفِرُّ هَا هُنَا مَرَّةً، وَهَا هُنَا مَرَّةً، فَجَعَلَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُضَاحِكُهُ حَتَّى أَخَذَهُ، قَالَ: فَوَضَعَ إِحْدَى يَدَيْهِ تَحْتَ قَفَاهُ، وَ الْأُخْرَى تَحْتَ ذَقَنِهِ فَوَضَعَ فَاهُ عَلَى فِيهِ يُقَبِّلُهُ، فَقَالَ: «حُسَيْنٌ مِنِّي،وَأَنَا مِنْ حُسَيْنٍ، أَحَبَّ اللَّهُ مَنْ أَحَبَّ حُسَيْنًا حُسَيْنٌ سِبْطٌ مِنَ الأَسْبَاطِ.

Яълии Омирӣ рӯзе бо Расули Худо(с) ба меҳмонӣ даъват шуданд. Дар роҳ имом Ҳусайн(а)-ро, ки бо кӯдакон бозӣ мекард, диданд. Расули Худо(с) ба сӯи Ҳусайн(а) рафт ва мехост ӯро дар оғуш гирад, аммо имом Ҳусайн(а) ин тарафу он тараф медавид ва Паёмбар(с) механдид, то ин ки имом Ҳусайн(а)-ро дар оғуш гирифт. Сипас Паёмбар(с) имом Ҳусайн(а) бӯсиданд ва чунин фармуданд:Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам, Худованд дӯст дорад касеро ки Ҳусайнро дӯст дошта бошад ва Ҳусайн сибте аз асбот аст[2].

 

Баррасии санад

   Ин ҳадис аз назари санад саҳеҳ буда ва холӣ аз айб ва эрод мебошад, чунон ки уламои зиёде бар саҳеҳ будани ин ҳадис тасриҳ кардаанд, ҳамчун имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ дар таърихи Кабир,[3] Ҳокими Нишопурӣ дар Мустадракус - Саҳеҳайн,[4] Шамсиддини Заҳабӣ дар таълиқи Мустадраки Ҳоким,[5] Албонӣ дар Силсилатул - аҳодисис-саҳиҳа[6] ва Тирмизӣ онро дар Сунани худ ҳадиси ҳасан дониста аст.[7] Аз ин рӯ ҳадис мавриди пазириш мебошад.

Аммо ишкол ва айбе, ки Шуайб ал-Арнут дар мавриди санади ин ҳадис ба хотири ҷаҳолати Саид ибни Абирошид ворид карда аст, мавриди пазириш нест, зеро;

аввалан ба хотири ин ки ин ҳадис чанд санад дорад[8] ва ончи Шуайб ал-Арнут гуфта марбут ба як санади он аст ва шомили санадҳои дигари ин ҳадис намешавад,

дуввуман ба хотири он ки дар китобҳои риҷолӣ, ду нафар ба номи Саид ибни Абирошид зикр шудаанд, ки якеро ҳамаи бузургони риҷолӣ тазъиф кардаанд[9] ва он Саид ибни Рошид аст, ки аз Ато ва Ибни Абималика ривоят мекунад ва афроде ҳамчун Марвон ибни Муовияи ал-Фазорӣ аз ӯ ривоят мекунанд.

   Аммо Саид ибни Абирошиди дигаре низ вуҷуд дорад, ки ба вай Ибни Абирошид ҳам мегӯянд, вале бузургони илми риҷол ӯро пазируфта ва тазъифаш накардаанд[10] ва он Саид ибни Абирошиде аст, ки Абдуллоҳ ибни Усмон ибни Хасим танҳо аз ӯ ривоят мекунад ва ӯ аз Яълӣ ибни Марра ривоят мекунад. Ва дар санади ин ривоят Саид ибни Абирошиди сиққа вуҷуд дорад на он Саид ибни Абирошид, ки тазъифаш кардаанд.

Аз ин рӯ бояд гуфт, ки ҷаноби Шуайб ал-Арнут ин ду нафарро ба хотири ҳамном будан бо ҳам иштибоҳ карда ва ба ноҳақ Саид ибни Абирошидро дар ин ривоят тазъиф намудааст. Дар натиҷа ин санад ҳам саҳеҳ мебошад.

Баррасии муҳтаво

   Дар қисмати аввали Паёмбар(с) фармуданд: “Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам...” Ҳоло бояд дид, ки манзур аз ин иборат чист? Барои маълум шудани ин иборат ба оёти Қуръони Карим ва ривоёти исломӣ бояд руҷуъ кунем.

Худованд дар Қуръони Карим, ҳангоме ки достони Толутро дар сураи Бақара нақл мекунад, чунин мефармояд:

فَلَمَّا فَصَلَ طَالُوتُ بِالْجُنُودِ قَالَ إِنَّ اللَّهَ مُبْتَلِيكُمْ بِنَهَرٍ فَمَنْ شَرِبَ مِنْهُ فَلَيْسَ مِنِّي وَ مَنْ لَمْ يَطْعَمْهُ فَإِنَّهُ مِنِّي.[11]

Ҳангоме ки Толут (ба фармондеҳии лашкари Бани Исроил мансуб шуд ва) сипоҳиёнро бо худ берун бурд, ба онҳо гуфт: Худованд, шуморо ба василаи як наҳри об, озмоиш мекунад. Касоне, ки аз он бинушанд, аз ман нестанд ва касоне, ки аз он нахӯранд, аз мананд...

Ин оят ошкоро гӯёи он аст, ки мақсуд аз ин, ки Толут гуфт: Касе, ки аз он наҳр бинушад аз ман нест, яъне пайрави ман нест ва гуфт: Касе, ки нанушад аз ман аст, яъне ин ки дар роҳи ман аст ва пайрави ман аст.[12]

Худованд дар Қуръони Карим аз забони ҳазрати Иброҳим(а) нақл мекунад ки фармуд:...فَمَنْ تَبِعَنِي فَإِنَّهُ مِنِّي ...[13]

Яъне касе, ки аз ман пайравӣ кунад аз ман аст.

   Каъб ибни Аҷра ривоят мекунад, ки рӯзе ҳамроҳи Расули Худо(с) берун рафтем ва он Ҳазрат(с) фармуданд:

اسْمَعُوا، هَلْ سَمِعْتُمْ أَنَّهُ سَيَكُونُ بَعْدِي أُمَرَاءُ؟ فَمَنْ دَخَلَ عَلَيْهِمْ فَصَدَّقَهُمْ بِكَذِبِهِمْ وَ أَعَانَهُمْ عَلَى ظُلْمِهِمْ فَلَيْسَ مِنِّي وَ لَسْتُ مِنْهُ وَ لَيْسَ بِوَارِدٍ عَلَيَّ الحَوْضَ، وَ مَنْ لَمْ يَدْخُلْ عَلَيْهِمْ وَ لَمْ يُعِنْهُمْ عَلَى ظُلْمِهِمْ وَ لَمْ يُصَدِّقْهُمْ بِكَذِبِهِمْ فَهُوَ مِنِّي وَ أَنَا مِنْهُ وَ هُوَ وَارِدٌ عَلَيَّ الحَوْضَ.”[14]

Гӯш кунед! Оё шунидед, ки ба зудӣ баъд аз ман амироне хоҳанд буд?! Пас касе, ки назди онҳо биравад ва ононро бо дурӯғҳояшон таъйид кунад ва онҳоро дар зулм карданашон кӯмак кунад аз ман нест ва ман аз ӯ нестам ва бар ҳавзи Кавсар бар ман ворид намешавад. Аммо касе, ки назди онҳо наравад ва онҳоро дар зулм кардан кӯмак накунад ва ононро дар дурӯғҳояшон тасдиқ накунад пас ӯ аз ман аст ва ман аз ӯям ва ӯ фардои қиёмат дар ҳавзи Кавсар бар ман ворид мешавад.

Чунонки маълум аст дар бахше аз ин ривоят ҳазрати Расул(с) мефармояд: “Чунин фарде аз ман нест ва ман аз ӯ нестам”. Маънояш он аст, ки на он фард дар роҳи ман аст ва на ман дар роҳи ӯям. Ба иборати дигар роҳи мо аз якдигар ҷудост. Ва ин ки дар охири ҳадис мефармояд: “Ӯ аз ман аст ва ман аз ӯям” яъне ӯ дар роҳи ман аст ва ман дар роҳи ӯям. Ба иборати дигар роҳи ман ва роҳи ӯ аз ҳам ҷудо нест ва мо ҳарду дар як роҳем ва аз ҳам ҷудо нестем.

Пас маънои сухани ҳазрати Расул(с) дар бораи имом Ҳусайн(а), ки “Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам” ин ин аст, ки роҳи ман роҳи Ҳусайн аст ва роҳи Ҳусайн аз роҳи ман ҷудо нест ва ҳарду дар як роҳ ҳастем. Дӯст доштани ӯ дӯст доштани ман ва душманӣ бо ӯ душманӣ бо ман аст.[15]

   Шореҳони бузурги ҳадис дар шарҳи ин сухани Паёмбар(с) аз Қозӣ Айёз чунин ривоят кардаанд, ки фармуд:

كَأَنَّهُ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ بِنُورِ الْوَحْي{يُخبِر عن} مَا سَيَحْدُثُ بَيْنَهُ{اي الحسين} وَ بَيْنَ الْقَوْمِ فَخَصَّهُ بِالذِّكْرِ وَ بَيَّنَ أَنَّهُمَا كَالشَّيْءِ الْوَاحِدِ فِي وُجُوبِ الْمَحَبَّةِ وَ حُرْمَةِ التَّعَرُّضِ وَ الْمُحَارَبَةِ، وَ أَكَّدَ ذَلِكَ بِقَوْلِهِ«أَحَبَّ اللَّهُ مَنْ أَحَبَّ حُسَيْنًا» فَإِنَّ مَحَبَّتَهُ مَحَبَّةُ الرَّسُولِ وَ مَحَبَّةُ الرَّسُولِ مَحَبَّةُ اللَّهِ”.[16]

Паёмбар(с) (бо гуфтани ин ҳадис) аз тариқи ваҳй хабар медиҳад дар бораи ончи ки байни имом Ҳусайн(а) ва байни қавм дар оянда иттифоқ меафтад ва баён мекунад, ки Паёмбари Акрам(с) ва имом Ҳусайн(а) монанди як чиз ҳастанд, дар воҷиб будани дӯст доштанашон ва ҳаром будани ҷанг бо онҳо ва Паёмбар(с) бо гуфтани ин ки Худованд дӯст медорад касеро, ки Ҳусайнро дӯст дорад, бар ин амр таъкид карда аст, зеро дӯст доштани ӯ дӯст доштани Расул(с) аст ва дӯст доштани ҳазрати Расул(с) дӯст доштани Худованд аст.

   Пас дӯст доштани Ҳусайн(а) дӯст доштани Расули Худо(с) аст ва ҷангу душманӣ бо имом Ҳусайн(а) ҷангу душманӣ бо Расули Худо(с) аст.


Натиҷа

Натиҷа, ин ки санади ҳадис саҳеҳ буда маънояш он аст, ки роҳи Ҳусайн роҳи ман аст ва роҳи ман роҳи Ҳусайн аст. Ҳамон гуна ки дӯст доштани ман воҷиб ва ҷанг бо ман ҳаром аст ҳамон гуна дӯст доштани Ҳусайн воҷиб ва ҷанг бо ӯ ҳаром мебошад.

 

Манобеъ ва маохиз

  1. ал-Мустадрак алас-саҳиҳайн, Абӯабдуллоҳил Ҳоким, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, таҳқиқ: Мустафо Абдулқодири Ато, Дорул кутубил илмия, Бейрут, чопи аввал, 1411 – 1990.
  2. ал-Адабул муфаррад, Абӯадуллоҳ, Муҳаммад ибни Бухорӣ, таҳқиқ: Муҳаммад Фуоди Абдулбоқӣ, Дорул башоирил исломия, Бейрут, чопи севвум, 1409 – 1989.
  3. Сунани Ибни Моҷа, Абӯабдуллоҳи Қазвинӣ, Муҳаммад ибни Язид, таҳқиқ: Муҳаммад Фуоди Абдулбоқӣ, Дорул фикр, Бейрут.
  4. Сунани Тирмизӣ, Абӯисо Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Муҳаққиқ: Башор Ивод Маъруф, Дорулғарбил исломӣ, Бейрут, 1998 м.
  5. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, ба тартиби Ибни Балбон, Абӯҳотами Тамимӣ, Муҳаммад ибни Ҳаббон, таҳқиқ: Шуайб ал-Арнут, Муассисатуррисола, Бейрут, чопи дуввум, 1414 – 1993.
  6. Муснади имом Аҳмад ибни Ҳанбал, Абӯабдуллоҳи Шайбонӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал, муассисаи Қуртуба, Қоҳира.
  7. ас-Силсилатул аҳодисиссаҳиҳа, Муҳаммад Носириддини Албонӣ, Мактабатулмаориф, Риёз.
  8. Муснади Исҳоқ ибни Роҳувия, Исҳоқ ибни Иброҳими Роҳувия, Муҳаққиқ: Абдулғафур ибни Абдулҳаққил Балушӣ, Мактабатул имон, Мадинаи Мунаввара, чопи аввал, 1412 – 1991.
  9. Сунани куброи Насоӣ, Абӯабдурраҳмон, Аҳмад ибни Шуайби Насоӣ, Муассисатур рисола, Бейрут, чопи аввал, 1421 ҳ – 2001м.
    1. Сунани куброи Байҳақӣ, Абӯбакри Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, муҳаққиқ: Муҳаммад Абдулқодири Ато, Дорул кутубил илмия, Бейрут, чопи севвум, 1424ҳ, - 2003м.
    2. Ашшариа, Абӯбакри Муҳаммад ибни Ҳусайни Оҷурӣ, муҳаққиқ: Абдуллоҳ ибни Умари Дамиҷӣ, дорулватан, Риёз.
    3. ал-Муъҷамул Кабир, Абулқосими Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, муҳаққиқ: Ҳамд ибни Абдулмаҷиди Салафӣ, мактабату ибни Таймия, Қоҳира, чопи дуввум,
    4. Таърихи Кабир, Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, таҳқиқ: Сайид Ҳошими Надвӣ, Дорулфикр.
    5. ал-Кошиф, Шамсиддини Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, дорул қибла, чопи аввал, Саудӣ.
    6. Тақрибуттаҳзиб, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, таҳқиқ: Муҳаммади Авома, дорул рашид, Сурия, чопи аввал, 1406-1986.
    7. ас-Сиқот, Абӯҳотами Тамимӣ, Муҳаммад ибни Ҳаббон, таҳқиқ: Шарафиддини Аҳмад, дорул фикр, чопи аввал, 1395-1975.
    8. Алилалул ворида фи аҳодиси набавия, Абулҳасани Дори Қутнӣ, Алӣ ибни Умар, таҳқиқ: Маҳфузур Раҳмон, дори тибатур Риёз, чопи аввал, 1405 – 1985.
    9. Алкомил фи зуафои риҷол, Абдуллоҳ ибни Адӣ, таҳқиқ: Яҳё Мухтор Ғазовӣ, дорул фикр, Бейрут, чопи севвум, 1409 – 1988.
    10. Ал-Муғнӣ физзуафо, Шамсиддини Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Бейрут.
    11. Лисон-ул-мизон, Аҳмад ибни Алӣ, ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, муҳаққиқ: Абдулфаттоҳи Абулғудда, мактаб-ул- матбуот ал-исломия,
    12. Мизон-ул-эътидол фи нақдир риҷол, Шамсиддини Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, таҳқиқ: Шайх Алӣ Муҳаммад Мауз, дор-ул-кутубил илмия, Бейрут, 1995.
    13. Туҳаф-ул-аҳвазӣ ба шарҳи Ҷомеи Тирмизӣ, Муборак Фурӣ, Абдурраҳмон ибни Абдурраҳим, дор-ул-кутубил илмия, Бейрут,
    14. Мирқот-ул-Мафотиҳ шарҳи Мушкот-ул-масобиҳ, Муло Қорӣ, Алӣ ибни Султон, дор-ул-фикр, Бейрут – Лубнон, чопи аввал, 1422 ҳт- 2002м.
    15. Муснади ибни Абишайба, Абӯбакр ибни Абишайба, таҳқиқ: Одил ибни Юсуфи Азозӣ ва Аҳмад ибни Фарид-ал-Мазидӣ, дор-ул-ватан-ал-Риёз, чопи аввал, 1997 м.
    16. Маворид-уз-замъон ило завоиди Ибни Ҳаббон, Нуриддини Ҳайсамӣ, таҳқиқ: Муҳаммад Абдурразоқ Ҳамза, дор-ул-кутубил илмия.
    17. Ас-сунна, Абӯбакр ибни Абиосими Шайбонӣ, таҳқиқ: Муҳаммад Носириддини Албонӣ, ал-мактаб-ал-исломӣ, Бейрут, чопи аввал, 1400.
    18. Тафсири Кабир, Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, дори эҳё-ит-турос-ил-арабӣ.
    19. Ал-Қуръонил Азим, имом Табаронӣ.
    20. Тафсирул Кашшоф, Маҳмуд ибни Умари Замахшарӣ, таҳқиқ: Абдурразоқ Алмаҳдӣ, дори эҳёит-туроси арабӣ, Бейрут,
    21. Руҳ-ул-маонӣ фи тафсири ал-Қуръонил-азим ва сабъул масонӣ, Шаҳобиддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Олусӣ, таҳқиқ: Алӣ Абдулборӣ Атия, дор-ул-кутуб-ил-илмия-Бейрут, чопи аввал, 1415м.
    22. Тафсири Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умари Байзовӣ, дор-ул-фикр, Бейрут.
    23. Тафсири Ҷалолайн, Ҷалолиддини Муҳаммад ибни Аҳмад ва Ҷалолиддини Абдурраҳмон ибни Абӯбакри Суютӣ, дор-ул-ҳадис-ал-Қоҳира, чопи аввал.
    24. Тафсирул Мазҳарӣ, Муҳаммад Саноуллоҳи Мазҳарӣ, таҳқиқ: Ғуломнабӣ Тунисӣ, Мактабат-ул-Рашидия, Покистон, 1412ҳ.

 


[1]. Донишпажуҳи улуми сиёсӣ.

[2].Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.194, ҳадиси 4820; Адабул муфради Бухорӣ, ҷ.1, саҳ.133, ҳадиси 364; Сунани Ибни Моҷа, ҷ.1, саҳ.51, ҳадиси 144; Сунани Тирмизӣ, ҷ.6, саҳ.123, ҳадиси 3775; Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, ба тартиби Ибни Балбон, ҷ.15, саҳ.427, ҳадиси 6971, Муснади Аҳмади Ҳанбал, ҷ.4, саҳ.172, ҳадиси 17597; Муснади Ибни Абишайба, ҷ.3, саҳ.53, ҳадиси 810; ал-Силсилатус саҳиҳа, ҷ.3, саҳ.229, ҳадиси 1227, ва ғ..

[3]. Таърихи Кабир, ҷ.8, саҳ.414, ҳадиси 3536.

[4]. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.194, ҳадиси 4820.

[5]. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.194, ҳадиси 4820.

[6]. Сисилатулаҳодисис саҳиҳа, ҷ.3, саҳ.229, ҳадиси 1227.

[7]. Сунани Тирмизӣ, ҷ.6, саҳ.123, ҳадиси 3775,

[8]. Ба унвони намуна р.к. ба Таърихи Кабири Бухорӣ, ҷ. 4, саҳ.414, ҳадиси 3536.

[9]. Ҳамчун Доруқутнӣ дар китоби Илалул ворида фи аҳодисин набавия, ҷ.4, саҳ.275, Ибни Адӣ дар китоби ал-Комил фи зуафоир риҷол, ҷ.3, саҳ.389, Шамсиддини Заҳабӣ дар китоби ал-Муғнӣ физ зуафоъ, ҷ.1, саҳ.258, ва ҳамчунин дар китоби Мизонул эътидол фи нақдир риҷол, ҷ.3, саҳ.199, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар Лисонул Мизон, ҷ.4, саҳ.49.

[10]. Ҳамчун Ибни Ҳаббон дар китоби Сиқот, ҷ.4, саҳ.290, Шамсиддини Заҳабӣ дар китоби ал-Кошиф, ҷ.1, саҳ.435, ва ҳамчунин дар китоби Мизон-ул-эътидол, ҷ.3, саҳ.199, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар Тақриб-ут-таҳзиб, ҷ.1, саҳ.235.

[11]. Сураи муборакаи Бақара, ояи 249.

[12]. Ҳамин маъноро муфассирин дар тафсири ин оя зикр кардаанд: Ҳамчун тафсири Кабири Фахри Розӣ, ҷ.6, саҳ.510; ал-Қуръон-ул-Азим аз имом Табаронӣ дар зийли ояи мавриди баҳс; Кашшофи Замахшарӣ, ҷ.1, саҳ.220; Руҳул-Маонӣ Олусӣ, ҷ.2, саҳ.295; Тафсири Байзовӣ, ҷ.1, саҳ.281; Тафсири Ҷалолайн, ҷ.1, саҳ.55; Тафсири ал-Мазҳар-ул-Ҳанафӣ, ҷ.1, саҳ.350, ва ғ..

[13]. Сураи муборакаи Иброҳим, ояи 36.

[14]. Сунани Тирмизӣ, ҷ.4, саҳ.525, ҳадиси 2259; Сунани Куброи Насоӣ, ҷ.4, саҳ.434, ҳадиси 7830; Муснади Аҳмад, ҷ.4, саҳ.243, ҳадиси 18151; Сунани Куброи Байҳақӣ, ҷ.8, саҳ.165, ҳадиси 16445; Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, ҷ.2, саҳ.53, ҳадиси 282; Муснади Ибни Абишайба, ҷ.1, саҳ.345, ҳадиси 508; Маворид-уз-замъон ило завоид Ибни Ҳаббон, ҷ.1, саҳ.378, ҳадиси 1569; ас-Сунна аз Ибни Абиосим, ҷ.2, саҳ.351, ҳадиси 755.

[15]. Расули Гиромии Ислом(с) дар бораи имом Ҳасан(а) ва имом Ҳусайн(а) фармуданд:

:«...مَنْ أَحَبَّهُمَا فَقَدْ أَحَبَّنِي، وَمَنْ أَبْغَضَهُمَا فَقَدْ أَبْغَضَنِي.”. Касе, ки Ҳасан ва Ҳусайнро дӯст дорад маро дӯст дошта ва касе, ки он дуро душман дорад маро душман дошта аст. Р. к. Ба Муснади Аҳмади Ҳанбал, ҷ.2, саҳ.288, ҳадиси 7863; Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.182, ҳадиси 4777; Муснади Исҳоқ ибни Роҳувия, ҷ.1, саҳ.248, ҳадиси 211; Сунани куброи Насоӣ, ҷ.7, саҳ.317, ҳадиси 8112; Сунан-ул-кубро, Байҳақӣ, ҷ.4, саҳ.45, ҳадиси 6894; аш-Шариа, ҷ.4, саҳ.353, ҳадиси 1627; Муъҷам-ул-кабир, ҷ.3, саҳ.48, ҳадиси 2647.

[16]. Туҳфат-ул-Аҳвазӣ би шарҳи ҷомеи Тирмизӣ, ҷ.10, саҳ.178; Мирқот-ул-мафотиҳ, шарҳи Мишкот-ул-масобиҳ, ҷ.9, саҳ.3981, ҳадиси 6169.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст