Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти 10 сураи муборакаи Ҷумъа мефармояд:
فَإِذَا قُضِيَتِ الصَّلَاةُ فَانتَشِرُواْ فِى الْأَرْضِ وَ ابْتَغُواْ مِن فَضْلِ اللَّهِ وَاذْكُرُواْ اللَّهَ كَثِيراً لَّعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ‏
Пас ҳангоме ки намоз анҷом шавад, дар замин пароканда шавед ва аз фазли Илоҳӣ талаб кунед ва Худоро бисёр ёд кунед, бошад, ки растагор шавед.
Бидонем
Дар фарҳанги Қуръони Карим моли дунё фазли Худо аст, аз ин рӯ дар ин оят ме‏фармояд: Баъд аз поёни намози ҷумъа, ба сӯроғи фазли Худо яъне даромад ва тиҷорат биравед. Чунонки дар ҷои дигар, онро «хайр» шуморида ва мефармояд: "Агар касе хайре боқӣ гузорад, васият кунад". (Бақара/180) Дар ин ҷо мурод аз хайр моли дунёст.
 Паёмбари Аъзам‏ ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд: Ҳар кас дар бозор ва маҳалли касбу кор бо ихлос Худоро ёд кунад, дар ҳоле ки мардум аз Худо ғофиланд ва ба корҳои худ машғуланд, Худованд барои ӯ ҳазор некӣ менависад ва рӯзи қиёмат ӯро мағфирати хос мекунад.(Тафсири Маҷмаъулбаён)
Нишот ва рағбати инсон барои ибодат бояд беш аз нишоту рағбати ӯ барои касби даромад бошад. Дар бора ибодат фармуд: "Пас ба сӯи зикри Худо шитоб кунед" (ояти 9/сураи Ҷумъа) ва дар ин оят дар бораи тиҷорат мефармояд: "Аз фазлу бахшиши Худо талаб кунед" ҳар ду калимаи «Пас шитоб кунед» ва «Талаб кунед» ба маънои талош ва ҳаракат аст, лекин дар ояти аввал «шитоб» ва «суръат» вуҷуд дорад, ки ишқу нишот дар он нуҳуфтааст.
 Фазли Худо гоҳе моддӣ ва гоҳе маънавӣ аст. Дар ояти чаҳоруми ҳамин сура дар бораи беъсати Паёмбари Акрам (с) фармуд: «Он (рисолат ва нубувват) фазл ва бахшиши Худо аст, ки ба ҳар кас бихоҳад (бар асоси илму ҳикмат) медиҳад.» ва дар ин оят дар бора касбу кор ва тиҷорат мефармояд: «Ва аз фазли Худо талаб кунед».
Биёмӯзем
1. Замони таътилии касбу кор ва тиҷорат ба хотири ибодат, набояд зиёд дароз шавад. Худо дар ояти пеш фармони тарки доду ситад дод ва дар ин оят пас аз анҷоми ибодат он манъ бартараф шуд.
2. Худованд таътили бозори мусулмонон ва раҳо кардани кор, ҳатто дар як рӯзи комилро наме‏писандад.
3. Касби даромад ва дарёфти фазли Худо ниёз ба ҳиҷрату ҳаракат ва мусофирату заҳмат ва талош дар замин дорад.
4. Дар анҷоми ибодат суръат бигиред, вале дар кори моддӣ ба сӯроғи он равед ва ниёзе ба аҷала нест, зеро ризқ назди Худованд муқаддар ва ба андоза аст.
5. Лутфу фазли Худованд бисёр аст, вале инсон бояд барои ба даст овардани он талош кунад.
6. Дар ислом тан‏парварӣ ва танбалӣ мамнӯъ аст.
7. Дунё гӯшае аз фазли Худо аст. Аз надари Ислом дину дунё ва охират бо ҳам робита доранд ва ҳама бояд барои ибодати Худо ба кор гирифта шаванд ва инҳо бо ҳам зид ё аз ҳам ҷудо нестанд. Бино бар ин фикри дунявӣ ҷудо аз дину охират инҳироф ва хато аст.
8. Растагорӣ дар асоси анҷоми фармон‏ҳои Худо аст.
9. Талош барои расидан ба умури маънавӣ ва моддӣ ҳар ду фармони Худост. (9-10/Ҷумъа)
10. Агар доду ситад бо иродаи инсон бошад муомилае беш нест, аммо агар баъд аз анҷоми ибодат ба сӯроғи доду ситад рафтем, ба фазли Худо табдил ме‏шавад. Тиҷорат пеш аз намози ҷумъа хариду фуруш ва баъди намози ҷумъаро фазли Худо гуфтааст.
11. Талош барои дунё набояд бо ғафлат аз ёди Худо бошад.
12. Ислом дар ибодати Худо ҳам сифати хуб –хушуъ ва хузуъ (Мӯъминун, 2)- ва ҳам миқдори зиёд –Худоро зиёд зикру ёд кунед- мехоҳад.
13. Он ҷо, ки заминаи ғафлат ва лағзиш бештар аст мисли бозор, ёди Худо зарури‏тар аст. Зиёд ёди Худо кунед!
14. Ёди Худо дар ҳама ҳол – намоз ва тиҷорат- лозим аст. Агар ингуна шуд ҳар ду ибодат аст.
15. Инсон бо амал ва интихоби хуб ме‏тавонад заминаи растагориро фароҳам кунад.
16. Ёди Худо замоне омили растагорӣ ме‏шавад, ки доимӣ бошад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти