Please update your Flash Player to view content.

Осори ёди Худо

1. Нигаҳдори аз гуноҳ: Ёд ва зикри Худо сабаби тарки гуноҳ ва амалҳои зишт аст. Инсон вақте Худоро ёд кард ва Ӯро нозир ва нигаҳбони амалҳои худ донист ва бо диққат дар оқибати амали зишт ва азобҳои илоҳӣ андешид, дигар тарафи гуноҳ ва зулм намеравад Худованд мефармояд: ”Ва онон ҳангоме ки кори зиште кунанд, ё бар худ ситам раво доранд, ба ёди Худо меуфтанд ва барои гуноҳонашон омӯрзиш мехоҳанд…”.

Дар ҳақиқат тамоми зулмҳое. ки золимон анҷом медиҳанд, дар натиҷаи ғафлат ва бехабарӣ аз Худост.

2. Рамзи пирӯзӣ: Ёди Худо калиди пирӯзии инсон дар тамоми майдонҳост, чи саҳнаи илмӣ, омӯзишӣ-парваришӣ бошад ва чи саҳнаи бархӯрд бо душмани хориҷӣ ва дохилӣ, ки ҳамон ҳавои нафсонӣ мебошад. Худованд мефармояд:”Эй касоне ки эмон овардаед, чун бо гурӯҳе(аз душман) рӯ ба рӯ шудед, поёдорӣ кунед ва Худоро бисёр ёд кунед, бошад ки растагор шавед”. [1]

3. Сабаби растагорӣ: Инсон фақат бо ёди Худо ва анҷом додани аъмоли нек, аз ҷумла ибодатҳо ва дурӣ аз сифатҳо ва корҳои бад метавонад ба саодат ва растагорӣ бирасад. Ба иборати дигар, тазкия ва ибодату бандагӣ бе ёди Худо имкон надорад. Худованд мефармояд: ”Ба дурусти ки растагорӣ ёфт, онки нафси худро аз гуноҳ пок кард ва номи парвардигорашро зикр кард ва намоз гузорид” ( Аъло/14-15) ва дар сураи Ҷумъа ҳам ба ин ишора дорад: ”Ва Худоро бисёр ёд кунед, бошад ки растагор шавед”.

4. Ҷалби назар ва муҳаббати илоҳӣ: Зикр ва ёди Худо сабаби нузул ва фурӯд омадани неъмат ва раҳмати Худованд ва назару диққати хосси Ӯ ба инсон мегардад. Албатта ин ба ин маъно нест ки, то инсон ёди Худо накунад, Худо неъмат намедиҳад ва кумак намекунад, балки ҳамеша лутфу неъмати Худо барои инсонҳо ҷорӣ буда ва ҳаст . Он   раҳмату неъмати хоссе, ки барои зикр кунанда нозил мешавад, ғайр аз он неъмат ва раҳматест, ки дигарон истифода мекунанд ва ин махсуси зикр кунандагон мебошад, лизо дар онҷо ки ёд намудани Худо бандаашро ҳамон лутфу раҳмати хосси ӯст ба банддаш ва ғайр аз ин чизе наметавонад бошад. Худован мефармояд: ”Пас маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам”.[2]

5. Оромиши дилҳо: Яке дигар аз фоидаҳои муҳимми ёди Худо, аз байн рафтани нигаронӣ, тарс ва ғамҳост ва оромишу осуда ёфтани қалбу дил мебошад. Ғафлат   ва пайравӣ аз ҳавоҳои нафсонӣ ва орзуҳои дароз ва даст наёфтанӣ, дил бастан ба моддиёт ва зарқу барқи дунё ва дурӣ аз маънавиёт, зулму ғорати золимону зургӯён ва кирдори бади инсонҳои худхоҳ ба андозае дунёро ноором ва зиндагиро душвор намудааст, ки дилу қалби инсонҳо ғамгин ва ваҳшатзадаву ноором гаштааст, ки дар натиҷа ноумедӣ аз зиндагӣ ва афзоиши худкуширо дар ҷомеаи имрӯзӣ шоҳидем. Дармони ин нигаронӣ ва ноамнӣ фақату фақат бо ёди Худо имконпазир аст. Худованд мевфармояд: ”Огоҳ бошед, танҳо бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбад”.[3]

 


[1].СураиАнфол, ояти 45

[2]. СураиБақара, ояти 152

[3]. СураиРаъд, ояти 28.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти