Please update your Flash Player to view content.

 

 

Офатҳои бадзабонӣ

 

Ба номи Худованди ҷон офарин

Ҳакими сухан дар забон офарин

Худованд инсонро мавҷуди иҷтимоӣ офаридааст. Инсонҳо барои бартараф кардани ниёзҳои худ ба иртибот бо дигарон эҳтиёҷ доранд. Муҳимтарин василаи робита бо дигарон забон аст. Забон аз назари Ислом бисёр аҳамият дорад. Дар Қуръони Карим наздик ба 283 оя дар бораи забон сухан гуфтааст. Ривоятҳои зиёде дар бораи забон вуҷуд дорад, ки онро ба осонӣ наметавонем бишуморем.

Паёмбари Аъзам(с) дар бораи аҳамияти забон мефармоянд:

«لا يَسْتَقِيمُ ايْمانُ عَبْدٍ حتّى‏ يَسْتَقِيْمَ قَلْبُهُ وَلا يَسْتَقِيْمُ قَلْبُهُ حَتّى‏ يَسْتَقِيْمَ لِسانُهُ»

«Имони ҳеҷ бандае пойдор намемонад, то он ки дилаш дуруст шавад ва дилаш дуруст намешавад, то он ки забонаш дуруст шавад.»[1]

Ҳар инсоне бо сухан гуфтан шахсияти худро мешиносонад. Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд: الْمَرْءُ مَخْبُوءٌ تَحْتَ‏ لِسَانِه‏«Инсон дар зери забонаш пинҳон шудааст».[2]

Саъдии Шарозӣ мегӯяд:

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад

Ин узви кӯчак фоидаҳои фаровон дорад, ки аз он тамҷид шудааст ва ҳам зарарҳои ҷуброннопазире метавонад дошта бошад, ки аз он мазаммат шудааст ва бояд дурӣ кунем. Бадзабонӣ ва дашном, яке аз ин хатарҳо аст. Ин гуна истифода аз забон навъе носипосии неъмати Худо аст. Зебандаи як инсон нест, ки неъмати гаронқадреро, ки барои зикр ва сипосгузории Худо дар коми инсон қарор дорад ва метавонад беҳтарин зикрҳо ва суханҳоро бигӯяд ҷойгоҳи суханони нораво, дилхарош ва олуда созад.

Дар бораи офатҳои забон китобҳои зиёде навишта ва то ҳафтод офат шуморида шудааст. Инак бархе “офатҳои бадзабонӣ”-ро баён мекунем.

  1. 1)Яке аз гуноҳони бузург

Расули Худо(с) фармуданд: Яке аз гуноҳони бузург дашномдодани инсон ба падару модари худ аст. Ба Паёмбар(с) гуфтанд: Эй расули Худо, раҳмату дуруди Худо бар шумо бод. Чигуна мешавад, ки мард ба падару модари худ дашном диҳад? Ҳазрат фармуданд: Касе, ки ба дигарӣ дашном диҳад ва ӯ (дар муқобил) падару модари вайро дашном диҳад.[3] Пас лозим нест худи мо дашном диҳем, балки вақте муқаддимаи онро фароҳам мекунем гуноҳкорем.

  1. 2)Нобудии зиндагӣ

Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: “Ҳар кас ба бародари мусулмони худ дашном диҳад, Худованд баракатро аз ризқу рӯзии ӯ мебардорад ва ӯро ба худаш раҳо мекунад ва зиндагияшро табоҳ месозад.[4]

Равшан аст, ки бадзабон падару модар ва наздикони худро меранҷонад ва дӯстони худро аз даст медиҳад ва хонаи худро, ки ҷои амн ва оромиш бояд бошад барои зану фарзандаш ноором мекунад ва ҳама аз атрофи ӯ мегурезанд ва мумкин аст дӯстони худро ба душман табдил кунад.

  1. 3)Дуртарин мардум ба Расули Худо(с)

Расули Худо(с) фармуданд: “Оё шуморо хабар диҳам, ки кадоми шумо дуртарининатон дар монандӣ ба ман ҳастед? Гуфтанд: Оре, эй Расули Худо! Паёмбар(с) фармуданд: Ӯ касе аст, ки аз дашном додан ва шунидани он парвое надорад.[5] Ифтихори ҳар кас наздикӣ ба инсони комил, махсусан Расули Худост, дар ҳоле ки бо бадзабонӣ аз ӯ дуртар мешавад.

  1. 4)Маҳрум шудан аз биҳишт

قال رسول الله(ص): الْجنَّةُ حرامٌ علی كُلِّ فاحِشٍ اَنْ یَدخُلَها

Расули Худо(с) фармуданд: “Даромадан дар биҳишт бар дашномдиҳанда (ҳақоратчӣ) ҳаром аст”[6]

Ҳамчунин ҳазрат(с) фармуданд:

إِنَّ اللَّهَ حَرَّمَ الْجـَنَّةَ عَلَی كُلِّ فَحَّاشٍ بَذِیٍّ قَلِیلِ الْحَیاءِ لَا یُبَالِی مَا قَالَ وَلَا مَا قِیلَ لَهُ...

“Худованд биҳиштро ҳаром кардааст бар ҳар носазогӯи беобрӯ ва камшарме, ки боке надорад аз он чи гӯяд ва он чи ба ӯ гӯянд”.[7]

  1. 5)Нишонаи пастӣ

Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд:سُنَّةُ اللِّئامِ قُبْحُ الْكَلامِ “Равишу маниши инсонҳои паст бадгӯӣ ва бадзабонӣ аст”.[8]

Ҳамчунин ҳазрат(к) фармуданд: «ما أَفحَشَ کرِیمٌ قَطُّ» “Инсони бузургвор ҳаргиз дашном намедиҳад”.[9]

  1. 6)Гирифторӣ дар хашми Худо

Расули Худо(с) фармуданд: “إِنَّ اللَّهَ یُحِبُّ الْحَیِیَّ الْحَلِیم ... أَلَا وَإِنَّ اللَّهَ یُبْغِضُ الْفَاحِشَ الْبَذِیَّ”Худованд бандаи боҳаёи бурдборро дӯст дорад ва бар дашномдиҳандаи бешарм хашм мекунад”.[10]

  1. 7)Дур будан аз муҳаббати Худо

Расули Худо(с) фармуданд: «اِیَّاكُمْ وَالْفُحْشَ فَإِنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ لَا یُحِبُّ الْفَاحِشَ الْمُتَفَحِّشَ

“Аз носазогӯӣ ва фаҳҳошӣ барҳазар бошед, зеро Худои Таоло носазо ва носазогӯро дӯст надорад”.

  1. 8)Эҷоди душманӣ ва кинаварзӣ

قال رسول الله(ص):bلاَ تَسُبُّوا النّاسَ فَتَكْتَسِبُوا الْعَدَاوَةَ بَیْنَهُمْv

Расули Худо(с) фармуданд: “Ба мардум дашном надиҳед, зеро боиси адоват ва душманӣ дар миёни онҳо мешавед”.

  1. 9)Носазогӯ лаёқати дӯстӣ надорад

قال علی(ع): وَ لَا تَتَكَلَّمُوا بِالْفُحْشِ فَإِنَّهُ لَا یَلِیقُ بِنَا وَلَا بِشِیعَتِنَا وَإِنَّ الْفَاحِشَ لَا یَكُونُ صَدِیقاً

Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: “Дар суханатон ҳақорат накунед, чунки ҳақорат ва бадзабонӣ зебандаи мо хонадон ва пайравони мо нест ва инсони бадзабон шоиста ва лаёқати дӯстиро надорад”.

  1. 10)Бебаҳра мондан аз зиндагии хуб

قال علی(ع):bمَن سَاءَ لَفْظُهُ سَاءَ حَظُّهُv

Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: “Касе, ки суханаш зишт ва накӯҳида бошад, баҳрааш аз зиндагӣ бад хоҳад буд”[11].

  1. 11)Дур кардани афроди хуб

قال علی(ع): bإیّاکَ وَ ما یَستَهجَنُ مِنَ الکَلامِ فَإنَّهُ یَحبِسُ عَلَیکَ اللِّئامَ وَ یُنَفِّرُ عَنک الکِرامَv

Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: “Аз ба забон овардани суханони зишт барҳазар бошед, зеро фурумоягонро гирди ту ҷамъ ва гаронмоягонро аз ту гурезон мекунадb.

  1. 12)Бадтарин бандагони Худоянд

قال رسول الله(ص): bاِنَّ مِن شَرِّ عِبادِ اللهِ مَن تُکرَهُ مجالستَهُ لِفُحشِهِv

Расули Худо(с) фармуданд: “Яке аз бадтарин бандагони Худо касе аст, ки ба сабаби бадзабонӣ ва дашном доданаш, ҳамнишинӣ бо ӯ нохушоянд бошад.”[12]

قال رسول الله(ص): bاِنَّ شَرَّ الناس مَنزِلَةً عِندَ اللهِ يَومَ القِيامَةِ مَن وَدَعَهُ أَو تَرَكَهُ الناس اِتِقاءَ فَحشِهِv

Расули Худо(с) фармуданд: “Бадтарин инсон рӯзи қиёмат аз назари ҷойгоҳ касе аст, ки мардум аз тарси носазогӯии ӯ, вайро тарк кунанд”.[13]

Аз ин ҳама таъкиди маорифи дин ва тасдиқи ақл ба хубӣ фаҳмида мешавад, ки бадзабонӣ гуноҳи бузург ва навъе бемории ахлоқӣ аст, ки бояд онро аз худ дур кунем.

Пас биёем бо забон ва сухани нек дар боло бурдани ҷойгоҳ ва манзалати бандагии худ бештар талош кунем ва дар ин кори муҳим аз Худованди Маннон ёрӣ талабем.

 


[1] Канзулуммол, ҳадиси 24925

[2] Наҳҷулбалоға, ҳикмати 140.

[3] Тароиф-ул-ҳикам ё Андарзҳои мумтоз, ҷ.2, саҳ. 310

[4] Кофӣ, ҷ.4, саҳ. 17

[5] . Кофӣ, ҷ.2, саҳ. 291, ҳадиси 9

[6] . Биҳор-ул-анвор, ҷ.76, саҳ.110

[7] . Биҳор-ул-анвор, ҷ.60, саҳ.207

[8] . Ғурар-ул-ҳикам, ҳ.5551.

[9] . Шарҳи Ғурар-ул-ҳикам, ҷ.6, саҳ.54, ҳ.9478

[10]. Баҳор-ул-анвор, ҷ.93, саҳ.156

[11]

[12]. Кофӣ, ҷ.4, саҳ.17, ҳ.8

[13]. Саҳеҳи Муслим, китоби Албир вас сила, ҳ.4693

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти