Please update your Flash Player to view content.

Худои Мутаол дар ояти 44 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَمَا كُنْتَ بِجَانِبِ الْغَرْبِيِّ إِذْ قَضَيْنَا إِلَى مُوسَى الْأَمْرَ وَمَا كُنْتَ مِنَ الشَّاهِدِينَ
Ва ҳангоме ки фармон (-и нубувват)-ро ба Мусо додем, ту дар ҷониби ғарб(-ии Тур) ҳузур надоштӣ ва аз шоҳидон набудӣ.
Бидонем
Иборати “مَا كُنْتَ” чор мартаба дар ин оят ва оёти баъд такрор гардида, ки бар ғайбӣ будани ахбори таърихии Қуръон таъкид дорад.
Бо  мутолиаи таърихи гузаштагон, метавон бо онон зиндагӣ кард, ҳарчанд дар миёнашон ҳузури физикӣ надошт. Ҳазрати Алӣ(к) ба фарзандаш Имом Ҳасан(а) мефармояд: Ман гарчи умри пешиниёнро надоштам, аммо ба хотири мутолиа, тафаккур ва диққат дар зиндагонӣ ва осори онон, гӯё яке аз онон шуда ва бо онон зиндагӣ кардаам. Наҳҷулбалоға, номаи 31
Биёмӯзем
1.Нақли моҷарои нубуввати ҳазрати Мусо(а) бо ҳамаи резакориҳои он, аз забони касе, ки уммӣ аст ва дар он замонҳо ҳузур надошта, нишонаи ҳаққоният ва эъҷози Қуръон аст. َمَا كُنْتَ... وَمَا كُنْتَ...
2.Достонҳои Қуръон аз ахбори ғайбӣ аст, на аз нақли шоҳидони айнӣ.
3.Бахши ғарбии куҳи Тур маҳалли нузули Таврот буда аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти