Сирри Қуръон, Қуръон некӯ донад,

З-ӯ шунав з-он, ки худ ҳам ӯ донад...

Кас бинашнохт ҷуз падидаи ҷон,

Ҳарфпаймойро зи Қуръон хон.

Ман нагӯям агарчи Усмонӣ,

Ки ту Қуръон ҳама накӯ донӣ.

Ҳаст дунё мисоли тобистон,

Халқ дар вай ба сони сармастон.

Дар биёбони ғафлатанд ҳама,

Марг ҳамчун шубону, халқ рама.

Андарин бодияи ҳавову ҳавон,

Реги гарм аст ҳамчу оби равон.

Ҳаст Қуръон чу оби сарди фурот,

Ту чу осии ташна дар арасот.

Ҳарфу Қуръон ту зарфу об шумар,

Об мехӯр ба зарф дар мангар.

(Саноӣ)

Тавзеҳ :

Сирри Қуръон, Қуръон некӯ донад,

З-ӯ шунав з-он, ки худ ҳам ӯ донад...

Роз, маънӣ ва тафсири Қуръони Каримро худи Қуръон беҳтар медонад, ва розу маънӣ ва тафсири Қуръонро ҳам аз Қуръон бишнав зеро, ки Қуръонро ҳам Қуръон медонад ва ё Қуръонро ҳам Қуръон маънӣ мекунад. Ин ҳадис иқтибос аз ҳадиси шарифи зер аст:

( иннал қуръона юфассиру баъзаҳу баъзан) қисмате аз Қуръонро қисмати дигар тафсир мекунад.

Кас бинашнохт ҷуз падидаи ҷон,

Ҳарфпаймойро зи Қуръонхон.

Тавзеҳ:

Падидаи ҷон = ба василаи чашми дил, аз роҳи идроки ботинӣ. Ҳарфпаймой = забонбоз, касе, ки Қуръонро ба забон мехонад вале ба дил ба он имон надорад. Қуръонхон = қорӣ, касе, ки Қуръонро аз рӯи имон ва ҳақиқатҷӯӣ мехонад.

Яъне ҳеҷ касе ғайр аз роҳи идроки ботинӣ ва ё чашми дил, забонбоз ё қории нодурустро аз қории дуруст нашинохт.

Ман нагӯям агарчи Усмонӣ,

Ки ту Қуръон ҳама накӯ донӣ.

Агарчи Усмонӣ = агарчи Усмон ҳастӣ, Абулъос Усмон ибни Аффон,халифаи сеюм. Зоҳиран дар замони хилофати вай, ҷамъоварии Қуръон, ки халифаи аввал, Абубакр онро оғоз карда буд ба анҷом расид.

Шояд мақсуди шоир он бошад, ки агар ту Усмон ибни Аффон ҳам бошӣ, ки Қуръонро гирдоварӣ кард, ман наметавонам бигӯям, ки Қуръонро неку медонӣ; зеро ҷамъ кардани Қуръон ва бар худ бор кардан ва қироати он аҳамияти чандоне надорад балки имон ба осмонӣ будан ва маънавияти он ва амал ба аҳкоми он мақсуд аст.

Ин байт талмиҳ ва ишора ба оёт ва ривоёти зиёде дорад аз ҷумла ин оят, ки мегӯяд: ( аллазина отайноҳумул китоба ятлунаҳу ҳаққа тиловатиҳӣ улаика юъминуна биҳӣ ва ман якфур биҳӣ фаулоика ҳумул хосирун) тарҷума: он касоне, ки барояшон китоб (-и осмонӣ) овардем (ва) онро чунонки шоиста аст тиловат мекунанд... (Бақара, ояти 121).

Ва низ ишора би ин ҳадис аст, ки мефармояд: (рубба толин вал қуръону ялъануҳу) чи зиёд аст хонандаи Қуръон, ки Қуръон, лаънат ва нафринаш мекунад.( Ғаззолӣ, эҳёул улум, 1 / 99 ва 201).

Ҳаст дунё мисоли тобистон,

Халқ дар вай ба сони сармастон.

Дар биёбони ғафлатанд ҳама,

Марг ҳамчун шубону, халқ рама.

Андарин бодияи ҳавову ҳавон,

Реги гарм аст ҳамчу оби равон.

Ҳаст Қуръон чу оби сарди фурот,

Ту чу осии ташна дар арасот.

Ҳарфу Қуръон ту зарфу об шумар,

Об мехӯр ба зарф дар мангар

Тавзеҳ:

Сармастон = мастон, сархушон, мадҳушон, мутакаббирон, мағрурон ва худписандон.

Ғафлат = бехабарӣ.

Шубон = чупон.

Бодия = биёбон

. Ҳаво = орзӯ, ва дар истилоҳ, майл кардани нафс ба сӯи чизҳое аз шаҳват аст, ки онҳоро лазиз ва дилпазир меёбад бе ангезаи шаръӣ, яъне майл шаръӣ бошад ҳаво нест.(Ҷурҷонӣ, Таърифот)

Ҳавон = хорӣ, дар асл ба маънии нармӣ ва осонӣ аст.[1]

Бодияи ҳаво ва ҳавон = биёбони орзӯпарварӣ ва хорӣ кашидан.

Фурот = оби бисёр гуворо, дарёе аст, ки дар халиҷи форс мерезад.

Осӣ = нофармон, гуноҳкор.

Арасот = ҷамъи арса, долон, ҳаволӣ,(ҳавлӣ) майдон, киноя аз маҳшар ва саҳрои қиёмат аст.

Яъне, дунё монанди тобистон аст ва мардум дар он фасл ҳамчун мутакаббирон ва мағрурон, бехабарон ҳастанд, ҳама дар биёбони ғафлат ва ноогоҳӣ қарор доранд. Марг зоҳиран ба масоба ва манзалаи чупон аст ва мардум ҳамчун рама. Дар ин дунё, ки саҳрои ҳавопарастӣ ва хорӣ кашидан аст, реги гарм монанди оби равон аст. Яъне сароб аст ва марум онро об мепиндоранд, аммо ҳақиқат ин аст,ки Қуръон ҳамчун оби сарди гуворо аст ва ту монанди бандаи нофармон ва осӣ ҳастӣ, ки дар саҳрои маҳшар истода бошад. Пас беҳтр ин аст, ки ту лафзҳои Қуръонро чун зарф фарз кунӣ ва маънӣ онро ба сони об бишморӣ ва оби онро бихурӣ ва ба зарф нанигарӣ.

Гирдоваранда: Саидхон Эмомӣ

 

 

 


[1] - Дар миёни шоирон хсусан шоирони ирфонимаслак мутадовил аст, ки мегӯянд: миёни ҳаво ва ҳавон талозум аст ва ҳар ки ҳаво парастад дучори ҳавон шавад. Масалан Қушайрӣ (дар рисола, 123) овардааст:

Ҳаво орзӯву ҳавон хорист,

Ҳама озвар куштаи хорист.

Ва Майбудӣ (дар Кашфул асрор) овардааст:

Ту худ кай марди он бошӣ, ки дилро бе ҳаво бинӣ,

Ту худ кай дарди он дорӣ, ки танро бе ҳавон бинӣ.

Худи Саноӣ дар девони худ овадааст:

Дило то кай дар ин зиндон фиреби ину он бинӣ,

Яке зин чоҳи зулмонӣ бурун шав то ҷаҳон бинӣ.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст