Please update your Flash Player to view content.

Сураи Нозиъот;
Ин сура дар Макка нозил шуда ва дорои 46 оят мебошад


Ба номи Худованди бахшандаи бахшоишгар


1 Савганд ба фариштагоне, ки (ҷони гуноҳкоронро бо азоб аз баданашон) меситонанд.
2 Ва фариштагоне, ки (рӯҳи мӯъминонро) бо нармӣ мегиранд.
3 Ва савганд ба фариштагоне, ки (дар иҷрои фармони Илоҳӣ) бо суръат ҳаракат мекунанд.
4 Ва сипас бар якдигар пеши мегиранд.
5 Ва онҳое, ки корҳоеро тадбир мекунанд!
6 Он рӯзе, ки зилзилаҳои ваҳшатнок ҳамаи чизро ба ларза меоварад.
7 Ва ба дунболи он нафхаи дуввум биёяд
8 Дилҳое дар он рӯз сахт дар ҳарос бошад.
9 Ва чашмҳои онҳо аз шиддати тарс фӯрӯ афтода аст!
10 (Вале имрӯз) мегӯянд: <<Оё мо ба зиндагии нав боз мегардем?!
11 Оё ҳангоме, ки монанди устухонҳои пӯсида шудем (мумкин аст зинда шавем)?!>>
12 Мегӯянд: <<агар қиёмате даркор бошад бозгаште аст зиёнбор!>>
13 Вале (бидонед) ин бозгашт танҳо бо як бонги азим аст!
14 Ногаҳон ҳамагӣ бар рӯӣ замин зоҳир мегарданд!
15 Оё достони Мӯсо ба ту расида аст?!
16 Дар он ҳангоме, ки Парвардигораш ўро дар замини муқаддаси <<Тӯр>> нидо дод (ва гуфт):
17 Ба сӯи Фиръавн бирав, ки туғён карда аст.
18 Ва ба ӯ бигӯ:(оё мехоҳи покиза шавӣ?!
19 Ва ман туро ба сӯӣ Парвардигорат ҳидоят кунам то аз ӯ битарсӣ (ва гӯноҳ накунӣ)?!
20 Сипас Мӯсо бузургтарин муъҷизаро ба ӯ нишон дод.
21 Аммо ӯ такзиб ва исён кард.
22 Сипас пушт кард ва пайваста (барои нобудии оини ҳақ) талош намуд.
23 Ва ҷодугаронро ҷамъ кард ва мардумро даъват намуд.
24 Ва гуфт: <<Ман парвардигори бартари шумо ҳастам.>>
25 Аз инрӯ Худованд ӯро ба азоби охират ва дунё гирифтор сохт.
26 Дар ин ибрате аст барои касе, ки (аз Худо) битарсад.
27 Оё офариниши шумо (баъд аз марг) мушкилтар аст ё офариниши осмон, ки Худованд онро бино ниҳод?!
28 Сақфи онро барафрошт ва онро муназам сохт.
29 Ва шабашро торик ва рўзашро ошкор намуд.
30 Ва заминро баъд аз он гӯстариш дод.
31 Ва аз он об ва чарогоҳашро берун овард.
32 Ва кӯҳҳоро собит ва мӯҳкам намуд.
33 Ҳамаи инҳо барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст.
34 Ҳангоме, ки ин ҳодисаи бузург рӯх диҳад.
35 Дар он рўз инсон ба ёди кӯшишҳое меафтад.
36 Ва ҷаҳаннам барои ҳар бинандае ошкор мегардад.
37 Аммо он касе, ки саркашӣ кард.
38 Ва зиндагии дунёро муқадам дошт.
39 Ҳатман Дӯзах ҷоӣгоҳи ӯ мебошад.
40 Ва он касе, ки аз мақоми Парвардигораш тарсон бошад ва нафсро аз ҳаво боз дорад.
41 Қатъан Биҳишт ҷоӣгоҳи ӯ мебошад.
42 Ва аз ту дар бораи Қиёмат мепурсанд, ки дар чӣ замоне воқеъ мешавад.
43 Туро бо ёдоварии ин сӯхан чӣ кор?!
44 Ниҳояти он ба сӯӣ Парвардигори ту аст (ва ҳеҷ кас ҷӯз аз Худованд аз замонаш огоҳ нест).
45 Кори ту фақат бим додани касоне аст, ки аз он метарсанд.
46 Онҳо дар он рўзе, ки қиёми Қиёматро мебинанд чунин эҳсос мекунанд, ки гӯё тавақуфашон (дар дунё ва дузах) ҷӯз шомгоҳе ё сӯбҳи руз он бештар набуда аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти