Please update your Flash Player to view content.

Алӣ Муҳаммадраҷаб, Кимиёи саодат;

Ҳамоно зидагии дунё монанди обе аст, ки аз осмон фурӯ фиристодем, то ба василаи он навъҳои гуногуни гиёҳони замин аз ончи одамҳо ва ҳайвонот мехӯранд бирӯяд. То он гоҳ ки замин аз хуррамиву сарсабзӣ худро зебо ва ороиш карда ва аҳли он (одамҳо) гумон кунанд, ки бар он қодиранд, ки ногаҳон фармони мо дар шаб ё рӯз бирасад ва он ҳама зебоии заминро дарав кунад ва чунон хушк шавад, ки гӯӣ дирӯз дар он сарзамин набудааст. Ин гуна Худованд нишонаҳои худро ошкоро барои аҳли фикр баён мекунад.” (Юнус/24)

Маънои дунё ва охират

Калимаи дунё, ё ба маънои “пасттар”, ё ба маънои “наздиктар” аст. Калимаи охират ба маънои “вопас” ва “пасин” ва ба чизе ки баъд аз аввалӣ меояд, гуфта мешавад.

Дар Қуръони Маҷид бар қиёмат ва олами пас аз марг “дорулохира” яъне “сарои охир” ва “явмулохира” яъне “рӯзи охир” гуфта шудааст, ва ин, бад-ин хотир аст, ки зиндагии дунё аввал, ва зиндагии охират пас аз он аст. Зиндагии дунёро ё ба ин хотир дунё мегӯянд, ки нисбат ба зиндагии охират пасттар ва ночизтар аст, ё ба ин хотир, ки зидагии дунё аз зиндагии охират ба мо наздиктар аст.

Дунё аз нигоҳи Қуръон

Дар баъзе аз оятҳои Қуръон дунё чунин баён шудааст: “Ҳамоно зидагии дунё монанди обе аст, ки аз осмон фурӯ фиристодем, то ба василаи он навъҳои гуногуни гиёҳони замин аз ончи одамҳо ва ҳайвонот мехӯранд бирӯяд. То он гоҳ ки замин аз хуррамиву сарсабзӣ худро зебо ва ороиш карда ва аҳли он (одамҳо) гумон кунанд, ки бар он қодиранд, ки ногаҳон фармони мо дар шаб ё рӯз бирасад ва он ҳама зебоии заминро дарав кунад ва чунон хушк шавад, ки гӯӣ дирӯз дар он сарзамин набудааст. Ин гуна Худованд нишонаҳои худро ошкоро барои аҳли фикр баён мекунад.” (Юнус/24)

Дар ин оят, дунё монанди сарсабзии фасли баҳор муаррифӣ шудааст, ки баъд аз муддати кӯтоҳе дар дигар фасл аз байн меравад; ба гунае, ки гӯӣ ҳаргиз сарсабз набудааст. Оре дунё ин гуна аст! Ва бо зебоии дурӯғин ва зудгузари худ инсони кӯтаҳбинро мефиребад ва чунин инсоне фикр мекунад, ки гӯё дунё ҳаргиз аз байн рафтанӣ нест, ё ягона дунёест, ки бояд фақат ба фикри ободии он буд. Ин гуна тафаккури ботил боис мешавад, ки одамӣ аз асли омадани худ ба ин дунё, ки ҷои имтиҳон ва мусобиқа ва талош барои расидан ба як зиндагии хуб ва ҷовид ва ҳамеша аст, ғофил шавад. Чунин инсоне мисли касе аст, ки масалан аз тарафи раиси ҷумҳурии кишвари худ ба яке аз кишварҳои урупоӣ барои як мусобиқаи муҳим рафта бошад, ки дар сурати баранда шудан ва бозгашт ба кишвар ба мақомҳои бисёр бузург мерасад. Вале ин шахс зебоии зоҳирии он шаҳрро - ки бояд чанд рӯзи дигар аз он ҷо биравад - бибинад ва ҳамаи вақти худро барои хӯрдани таомҳо ва истироҳат дар меҳмонхона бигузаронад ва аслан барои мусобиқа ва расидан ба он ҷоиза ва мақоми бузург, ки барои он ба ин ҷо омада буд, омодагӣ набинад.

Дунёи хуб ва дунёи бад

Ҳазрати Алӣ (к) шунид, ки касе дунёро бад мегӯяд, фармуд: “Чаро дунёро бад мегуӣ? Ту гунаҳкорӣ, вагарна дунё гуноҳе накардааст. Дунё ҳамаи хубиҳо ва бадиҳои худро ба ту нишон додааст; бемористон, гӯристон ва ҳодисаҳои сахту ногуворро нишон додааст. Агар дунё фақат хурсандиҳои ҷавонӣ, пулу сарват, роҳатӣ ва монанди онро нишон медод ва ғаму маргу бемориро нишон намедод, хиёнат карда буд, вале дунё бадиҳо ва хубиҳоро дар канори ҳам нишон додааст. Дунё ҷои ибодат ва бандагии дӯстони Худо ва ҷои намозгузории фариштагони Худо ва ҷои нозил шудани ваҳйи Худо ва ҷои бозаргонӣ ва тиҷорати дӯстони Худост, ки дар он раҳмат ва фазли ӯро ба даст меоваранд ва судашон биҳишт аст.”

Ва он ҳазрат дар ҷои дигар мефармояд: “Эй бандагони Худо! Шуморо ба тарки дунё супориш мекунам. Дунё шуморо раҳо мекунад, гарчи шумо нахоҳед онро тарк кунед. Дунё (дар зери хок) баданҳои шуморо мепӯсонад, гарчи шумо дӯст доред нав бимонад... Оё аз гузаштани падарон ва мурдагонатон ибрат намегиред? Оё надидед, ки гузаштагони шумо бознамегарданд?

Огоҳ бошед, дар вақти шитоб ба анҷоми гуноҳ ва кори зишт маргро ба ёд оваред, ки лаззатҳо ва хушиҳоро вайрон мекунад ва айшу нӯшҳоро баҳам мезанад ва орзуҳоро қатъ мекунад.

Аз фармудаҳои ҳазрати Алӣ (к) метавон чунин натиҷа гирифт, ки дунё ба худии худ ҳеҷ бадие надорад, балки будани он зарурӣ аст, чун барои расидан ба биҳишти ҷовидон ва ҳамешагӣ, ки инсонҳо барои рафтан ба он ҷо ба ин дунё омадаанд, бояд аз он гузашт. Бадии дунё дар воқеъ ҳамон бархӯрди инсонҳо нисбат ба он аст, яъне агар инсон аз он дуруст истифода кард ва онро василае барои расидан ба Худо ва биҳишт донист хуб, вале агар аз он дуруст истифода накард ва бо он ба гунае бархӯрд кард, ки гӯӣ дар он монданист ва ҳаргиз намемирад ва онро бути худ қарор дод, унвони бад хоҳад гирифт.

Дунё, василаи имтиҳон

Аз назари Қуръони Карим неъмат ва уқубат, сарватмандӣ ва фақирии дунё ҳар ду имтиҳони Худост; на ин чунин аст, ки ҳар инсоне сарватманд бошад, Худо ӯро дӯст медорад ва ӯро икром мекунад ва на ҳар инсони фақиреро Худо бад медонад ва таҳқир мекунад, балки инҳо ҳама имтиҳони Худост. Худованд мефармояд: “Аммо инсон (-и сода) чун Худованд ба карами худ ӯро неъмате барои озмоиш ва имтиҳон диҳад (дар он ҳол мағрур ва мутакаббир мешавад) ва мегӯяд: Худо маро гиромӣ дошта аст. Ва чун ӯро барои озмун ва имтиҳон танг рӯзӣ ва фақир кард, мегӯяд: Худо маро хор гардонид. Ҳаргиз чунин нест... (балки ҳар ду барои озмун ва имтиҳон аст).” (Фаҷр/15-16)

Дунёталабон ва охиратталабон

Аз назари Қуръони Карим мардум се дастаанд: як гурӯҳ дунёталаб ва ҳавопараст, ки Худо дар бораи онон мегӯяд: “охиратро фурӯхта ва дунёро харидаанд”. (Бақара/86) Кофирон аз ин дастаанд.

Гурӯҳи дуюм гоҳе аҳли дунё ва гоҳе ҳам аҳли охиратанд, ки Худо дар бораи онҳо мефармояд: “Ин гурӯҳ ба гуноҳи худ эътироф мекунанд, ки гоҳе кори хуб ва гоҳе кори бад кардаанд; умед аст, ки Худованд тавбаи онҳоро қабул кунад, ки албатта Худованд омурзанда ва меҳрубон аст.” (Тавба/102)

Гурӯҳи сеюм худ ва дунёи худро фурӯхта ва дар роҳи ризои Худо фақат охиратро харидаанд. Худованд дар мавриди онҳо мефармояд: “Ва баъзе аз мардум ҷони худро ба хотири хушнудии Худо мефурушанд, ва Худованд нисбат ба бандагон меҳрубон аст.” (Бақара/207)

Мумкин будани маод

Кофирон маодро қабул надоштанд, вале ҳаргиз барои ин эътиқоди худ далеле наёварданд, онон дар воқеъ нидои фитрат ва виҷдонро фаромӯш карданд.

Аммо Қуръони Карим мумкин будани маодро дар оятҳои фаровон собит кардааст. Ин оятҳо чанд даста аст ва ҳар инсони боақлро қонеъ ва ба роҳи рост роҳнамоӣ мекунад.

Дастаи аввал оятҳое аст, ки мегӯянд, инсон бори аввал ба фармони Худо халқ шудааст ва пеш аз халқ шудан ҳеч, ё оби бадбӯ, ё хок, сияҳлой ва монанди он будааст; монанди оятҳои зер:

1. “Бигӯ: он Худое, ки бори аввал шуморо ба вуҷуд овард, (баъд аз марг) зинда мекунад.” (Ёсин/79)

2. “Ва ӯ Худое аст, ки бори аввал мардумро меофарад ва он гоҳ (пас аз марг) бозгардонад ва ин бозгардондан (зинда кардан пас аз марг) барои ӯ осон аст.” (Рум/27)

3. “Оё бори аввал ки (инсонҳоро аз нестӣ) офаридем, хаста ва монда шудем, (ки дубора натавонем зинда кунем)? Балки ин мункирон дар дубора офаридани инсонҳо шак доранд.” (Қоф/15)

4. “Оё (мардум) надиданд, ки Худо халқро ба вуҷуд меоварад ва боз ба асли худ бар мегардонад (мемиронад ва ба олами охират бар мегардонад), ки ин кор бар Худо бисёр осон аст.” (Анкабут/19)

5. “Ҳамон тавре ки шуморо бори аввал биофарид, (ҳамон гуна ба сӯи ӯ) боз мегардед.” (Аъроф/29).

Кимиёи саодат

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти