Please update your Flash Player to view content.

 adl      

Аз оёти Қуръони Карим бар меояд, ки адолат ва қист, ҳадафи беъсати анбиё(а) ₋яъне мураббиёни башар₋ будааст ва Худованд паёмбаронро фиристод, то бо оёт, байинот, китоб ва қонун мардумро ба қисту адли фардӣ ва иҷтимоӣ раҳнамуд гардонанд:

لَقَدْ اَرْسَلْنا رُسُلَنا بِالبَيِّناتِ وَ اَنْزَلْنا مَعَهُمُ الكِتابَ وَ الْمِيزانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ

"Ба яқин фиристодагонамонро бо далилҳои равшан фиристодем, ва ҳамроҳи онҳо китоб (илоҳӣ) ва тарозуро фурӯ фиристодем, то мардум ба адлу додгарӣ бархезанд."

Бархе тасаввур кардаанд, ки ҳадафи наҳоии шариъатҳо ва тарбиятҳои динӣ танҳо адолати иҷтимоӣ аст ва бақия муқаддима аст. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ гузашт метавон гӯфт: Қист ва адл аз аҳдофи мутавассит аст, хоҳ адлро чунон ки, бархе гӯфтаанд бахше аз ибодат ба мафҳуми васеи он бидонем, ки Худо ба он фармон додааст:

اِعْدِلُوا هُوَ أقرَبُ لِلتَّقْوی

"Адолат кунед! Ки он ба (худ нигаҳдори ва) порсои наздиктар аст." Ва ё ин ки ба унвони як қонун ва дастури иҷтимоӣ талаққӣ кунем, ки дар ин сурат муқаддимае хоҳад буд барои тарбият, такомул, таъаббуд, таслим, ҳаракат дар сироти мустақими илоҳӣ ва саодати абадӣ, зеро ҷуз дар сояи адолати иҷтимоӣ, ки он ҳам ҳосили адолати фардӣ аст, истеъдодҳои волои инсонӣ шукуфо намешавад ва фард ва ҷомеа ба камоли лоиқи худ намерасанд. Дар як ҷомеаи носолеҳ ва нобаробар, ки фисқ, фасод, ситам ва табъиз ҳоким аст, истеъдодҳои инсонӣ ва имконоти табиӣ дар масири саҳеҳ қарор нахоҳад гирифт ва заминаи рушди фазоил фароҳам нахоҳад гашт.

Аз ин рӯ Ҳазрати Алӣ(к) ислоҳи ҷомеаи башариро дар адл дониста ва мефармояд:

[فِى العَدْلِ صَلاحُ البَرِيَّةِ]

"Маслиҳати халқ дар адл аст."

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти