Please update your Flash Player to view content.

 

 

 

 

 

 

Имом Содиқ(а) дар бахше аз мунозираи худ бо як зиндиқ фармуданд: “Агар бигӯӣ, ки Худо дутост, аз ин ду ҳолат берун нест, ки ё ҳарду аз ҳар ҷиҳат яксонанд ё аз тамоми ҷиҳатҳо фарқ доранд. Мо офариниш ва гардиши фалак ва рафту омади шабу рӯз ва хуршеду моҳро мураттаб ва муназзам мебинем, ва ин назм, дурустӣ ва тадбиру ҳамоҳангии умур, далолат бар ин дорад, ки мудаббир яке аст.

Ва агар иддао кунӣ, ки Худо дутост лозимааш ин аст, ки фосилае миёни онҳо бошад, то дуто будани онҳо дуруст бошад. Дар ин сурат, он фосила худи худои сеюме аст, ки ҳамчун онҳо қадим аст ва дар натиҷа, эътиқод ба худои сеюме бар ту лозим меояд ва агар се худо иддао кунӣ ҳамон чизе лозим меояд, ки дар умури эътиқод ба ду худо гуфтем. Яъне бояд миёни онҳо, ду фосила бошад, ки дар ин сурат вуҷуди панҷ худо лозим меояд ва ба ин тартиб теъдоди худоён то бениҳоят пеш меравад.”

Аттавҳид

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти