Please update your Flash Player to view content.

қисми аввал

қисми дуюм

қисми севвум

РАҲБАРӢ

Мақоми паёмбарӣ, бо он ки аз масири маънави ба сӯи Худо ва тақарруб ба зоти Ӯ ва буридан аз халқ (сиру миналхалқи илал ҳақ) оғоз мешавад, ки мусталзами инсироф аз берун ва таваҷҷӯҳ ба дарун аст, вале саранҷом бо бозгашт ба халқ ва берун ба манзури ислоҳ ва созмон бахшидан ба зиндагии инсон ва ҳидояти он дар як масири саҳеҳ (сиру билҳаққи фил халқ), поён меёбад. Калимаи “набӣ” дар забони араби ба маънои “хабар оваранда” аст - ва дар форсӣ калимаи “паёмбар” ҳамон маъноро медаҳад - ва каламаи “расул” дар забони арабӣ ба маънои “фиристода” аст. Паёмбар паёми Худоро ба халқи Худо иблоғ мекунад ва нерӯҳои онҳоро бедор менамояд ва сомон мебахшад ва ба сӯи Худованд ва он чи ризои Худованд аст, яъне сулҳ ва сафо ва ислоҳталабӣ ва бе озорӣ ва озодӣ аз ғайри Худо ва ростӣ ва дурустӣ ва муҳаббат ва адолат ва дигар ахлоқи ҳасана, даъват мекунад ва башариятро аз занҷири итоати ҳавои нафс ва итоати анвои бутҳо ва тоғутҳо раҳоӣ мебахшад. “Иқболи Лоҳурӣ” тафовути паёмбаронро бо дигар афроде, ки масири маънавӣ ба сӯи Худо доранд, вале рисолати пайғамбарӣ надоранд, онҳоро “марди ботинӣ” мехонад, чунин баён мекунад: “Марди ботинӣ намехоҳад, ки пас аз оромиш ва итминоне, ки (дар масири маънавӣ) пайдо мекунад, ба зиндагии инҷаҳонӣ боз гардад, аммо дар он ҳангом, ки бино бар зарурат боз мегардад, бозгашти ӯ барои тамоми башарият фоидаи чандоне надорад. Вале бозгашти пайғамбар ҷанбаи халлоқият ва самарабахше дорад; боз мегардад ва дар ҷараёни замон ворид мешавад, ба ин қасд ки ҷараёни таърихро таҳти забт дароварад ва аз ин роҳ ҷаҳони тозае аз камоли матлубҳо халқ кунад. Барои марди ботинӣ оромиш марҳилаи ниҳоӣ аст; барои пайғамбар бедор шудани нерӯҳои равоншинохтӣ ӯст, ки ҷаҳонро такон медиҳад ва ин нерӯҳо чунон ҳисоб шудааст, ки комилан ҷаҳони башариро тағйир даҳад” . Бинобар ин, раҳбарии халқ ва сомон бахшидан ва ба ҳаракат овардани нерӯҳои инсонӣ дар ҷиҳати ризои Худо ва салоҳи башарият, лозими лоянфакки пайғамбарӣ аст.

идома дорад

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти