Please update your Flash Player to view content.

Фалсафа чист? Филсуф кист?

Таърифи фалсафа:

Калимаи фалсафа аз юнонӣ Philosophia- гирифта шуда аст, ки ба маънои хираддуст аст. Ин калимаи юнонӣ аз ду бахш ташкил шуда аст: Philo ба маънои дустдорӣ ва Sophia ба маънои доноӣ.

Аввалин касе, ки ин вожаро ба кор бурд, Фисоғурис буд. Замоне аз ӯ пурсиданд, ки “оё ту фарди доное ҳастӣ?” вай посух дод:”на, аммо дустдори доноӣ (Philosopher)ҳастам.” Бинобарин фалсафа аз рӯзи нахустини пайдоиш ба маънои дустӣ варзидан ба донои, тафккур ва фарзонагӣ буда аст.

Умри фалсафа ба андозаи умри башар бар рӯи замин аст, зеро инсон аз аввалин рӯзи зиндагӣ бар курраи хокӣ ба тафаккур дар бораи худ ва атрофи хеш пардохта аст ва барои онҳо роҳи ҳалҳое пайдо намуда аст.

Фалсафа дар суханони фалосафа:

Ибни Сино: фалсафа огоҳӣ бар ҳақоиқи тамоми ашё аст, ба қадре, ки барои башар мумкин аст.

Мулло Садро: фалсафа иборат аз шабеҳшудан ба Худо ба андозаи тавони инсон аст.

Арасту: фалсафа илм ба мавҷудот аст, аз он ҷиҳат, ки вуҷуд доранд.

Тумос Ҳобз: фалсафа илм ба иртиботҳои иллӣ ва маълули миёнии ашё аст.

Ҳегел: фалсафа баҳс дар амри мутлақ аст.

Конт: фалсафа шиносоии ақлониест, ки аз роҳи мафоҳим ҳосил мешавад.

Мавзуи фалсафа:

Мавзӯи фалсафа тафаккур ва андеша аст. Андеша дар бораи куллитарин ва асоситарин мавзуоте, ки дар ҷаҳон ва дар зиндагӣ бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастем. Фалсафа ҳангоме ошкор мешавад, ки саволҳои асосӣ ва аввалиро дар бораи худамон ва ҷаҳони атрофамон аст мепурсад.

Суолоте монанди:

1. Мо кӣ ҳастем?

2. Пеш аз таваллуд куҷо будаем?

3. Аз куҷо омадаем?

4. Дар куҷо қарор дорем?

5. Ба куҷо меравем?

6. Ҳақиқати замон чист?

7. Оё мо ва ҷаҳони атрофи худ ба худ ва бидуни иллати ба вуҷуд омада бошанд?

8. Оё олам ҳадафе дорад?

9. Агар зиндаги маъное дорад,метавонем онро дарк кунем?

10Худованд чигуна мавҷуде аст?

11 Сарнавишт башар ба дасти худи уст ва ё аз берун муайян карда мешавад?

12 Саранҷоми дунё чихоҳад шуд?

Ва даҳҳо саволи дигар.

Фалсафаро метавон дар як калима мухтасар намуд ва он “чаро” аст. Фалосафа касоне ҳастанд, ки ҷаҳонро аз паси ин аломат “?” нигоҳ мекунанд. Дар ҳақиқат дастгоҳи офариниши тафаккур аст ва ин корро ба осонӣ бо мантиқи савол ва пурсишу посух ба даст меоварад.

Ҳамонтавр, ки дар саволҳои боло дидем, саволҳо ва масоили фалсафи аз умури хос ҳастанд ва дар ҳеҷ илме ба чунин саволҳо ҷавоб дода намешавад. Ин вижагии хосси фалсафа аст. Дар фалсафа асли вуҷуд ба таври мутлақ ва бидуни ҳаргуна қайд ва шарте матраҳ мегардад.

Ҳадаф ва ғояти фалсафа:

Ҳадафи ниҳоии фалсафа шинохт ва маърифат ба он ҳақиқати собит ва ло ятағайяре аст, ки табаддул ва такассур дар он роҳ надорад. Ба қавли ҳакими маъруф Форобӣ: фалсафа иборат аст аз (маърифати холиқ ва холиқи воҳид, ғайри мутаҳаррик ва иллати фоила барои тамоми ашё)

Хусусиёти як филсуф:

Аслан филсуф ба касе гуфта мешавад, ки хусусиётеро, ки баргирифта аз хусусиёти фалсафи аст, дар худ дошта бошад.

Бархе аз ин хусусиёт иборатанд аз:

1. филсуф касе аст, ки ба арзиши ақл имон дорад ва дар илм ва амали худ муқайяд ба аҳкоми ақл аст.

2. филсуф касе аст, ки дар бораи иллатҳои бунёдини умур ва ҳаводис таҳқиқ кунад.

3. филсуф дар ёфтани мънои ҷаҳон ва чистии он аст.

4. филсуф ҷузъи нигар нест, балки ҳамаи умурро дар як кулли воҳид мебинад.

5. филсуф ҳеҷ ҷизро бидуни далел ва бурҳон қабул намекунад.

6. филсуф ба равшан кардани ақидаҳои башар ва назарияҳое, ки дар бораи ҷаҳон ва инсон ва арзишҳои инсонӣ вуҷуд дорад, исрор ва пофишорӣ мекунад.

7. филсуф ҳамеша дунболи дарк ва фаҳми ҳақиқатҳо аст ва ғайр аз ҳақиқат ба чизе дигар намеандешад.

Фалсафа дар оғоз:

Ҳамонтавр, ки гуфта шуд, асосан фалсафа аз нахустин рузи пайдоиш ба маънои ишқ ба доноӣ ва хирад ва фарзонагӣ буда ва ба илме итлоқ мешуд, ки дар ҷустуҷӯ ва дастёбӣ ба ҳақоиқи ҷаҳон ва амал кардан ба ончи беҳтар аст (яъне зиндагии дуруст) буд. Фалсафа дар оғоз, шомили ҳамаи улум буд ва ин хусусиятро асрҳо ҳифз кард; чунончи як филсуфро ҷомеи ҳамаи улум медонистанд. Аммо бо гузашти замон донишҳо ва улуми мухталиф аз он ҷудо гаштанд.

Дар қадим фалсафа, ки ҷомеи тамоми донишҳо буд бар ду қисм тақсим мегашт:

1. фалсафаи назарӣ

2. фалсафаи амалӣ

Фалсафаи назарӣ: ба илми илоҳиёт, риёзиёт ва табииёт тақсим мегашт, ки ба тартиб илми аъло (илоҳиёт), илми миёна (риёзиёт) ва илми асфал ё поёнтар (табииёт) номида мешуд.

Фалсафаи амалӣ: аз се бахш ташкил мешуд: ахлоқ, тадбири манзил ва шаҳрдорӣ.

Якум дар бораи тадбири умури шахсии инсон буд (ахлоқ), дуввум дар бораи тадбири умури хонавода (тадбири манзил) ва сеюм кишвардори( тадбири умури) мамлакат.

Машҳуртарин филсуфон:

Фисоғурис, Апикур, Суқурот, Афлотун, Арасту, Онселм, Борух Испинузо, Декорт, Росел, Артур Шупенҳовер, Фишта(Фихта), Кунфусиюс, Конт, Мортен Лутер, Корел Моркс, Ҷон Лок, Ниче, Макс Вир, Тумос Ҳобз, Хигел, Мортин Ҳойдигер, Ҷон Ҳик, Девид Ҳиюм.

Абунасри Форобӣ, Ибни Рушд, Ибни Сино, Баҳманёр, Абурайҳони Берунӣ ,Абу Маъшари Балхӣ, Мулло Садрои Шерозӣ, Ғиёсиддин Мансури Даштакӣ, Садриддин Даштакӣ, Ҷалолиддин Давонӣ, Қутбиддини Розӣ, Абу Али Маскуяи Розӣ, Суҳравардӣ, Абуюсуфи Кендӣ, Мирфиндирискӣ, Хайёми Найшобурӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ

Шохаҳои фалсафа:

Шинохт шиносӣ, фалсафаи таҳлилӣ, фалсафаи зеҳн, мантиқ, митафизик, фалсафаи сиёсат, фалсафаи ахлоқ, фалсафаи илм, фалсафаи ҳунар.

Манобиъ:

Куллиёти фалсафа

Мулло Садро-Ҳонри Курбан

Номаи фалсафа-Масъуд Амир

Худовандони андешаи сиёсӣ

Фалсафа ва мантиқ

Сайри ҳикмат дар Аврупо

Сайид Муҳаммад Ғозӣ

фалсафа ва ирфони исломӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти