Please update your Flash Player to view content.

Сифоти Аллоҳ дар каломи Амири муъминон(а);

Тавсифи Худованд ҳамроҳ бо танзиҳ

қисми аввал

қисми дуюм

Худованди олам дорои авсофе аст, ки он авсоф ба навъе бар махлуқот ҳам содиқ аст, аз инру ҳангоми тавсифи Худованд, бояд бо танзиҳ ҳамроҳ бошад. Амири муъминин мефармояд;

«لافتراق الصانع والمصنوع والحاد والمحدود والرب والمربوب »

Эҷодкунанда ва эҷодшаванда ва низ маҳдудкунанда ва маҳдудшаванда ва ҳам парвариш дода шуда (аз назари ҳукм) мисли ҳам нестанд.

Вуҷуди Худо

Агар Худо бино бар таъриф мавҷуде аст, ки ҳама камолотро дорост ва бинобар ин ҳеҷ мавҷуде ёфт намешвад, ки ҳамарз бо вуҷуди Худо бошад дар ин сурат вуҷудаш машрут ба ҳеч қайду шарте нест чаро, ки агар вуҷудаш машрут ба шарте бошад дар ин сурат бо набуди он шарт Ӯ мавҷуд нест. Дар ҳоле, ки вуҷуди Худо бино ба таъриф мавҷуде аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ адампазир намебошад, пас агар вожаҳоеро ба кор бигирем ва бар Худо итлоқ кунем, ки ба таври табиӣ долли бар замонанд, бояд дар мавриди Худованд аз замон мунсалах шаванд, зеро агар вуҷуди Худо муқайяд ба замон мавҷуди замонӣ дар банди замон аст. Ва дар ғайри замон ҳузур надорад ва низ чунин мавҷуде аз шайъе такаввун наёфта, зеро дар ин сурат вуҷудаш вобаста ба мабдаи такаввунаш мебошад, ки бо комили мутлақ будани Худованд созгор нест. Аз инру Амири муъминин(а) мефармояд:

« الحمدلله الذي لا من شیئ كان »[1].

Ҳамд Худоеро сазад, ки аз чизе нест.

Ва чун ҳама аз вуҷуди Худованданд на дар арзи вуҷуди Ӯ, дар ин сурат наметавон барои Ӯ маконе дар назар гирифт, ки Ӯро иҳота карда бошад, аз инру ҳазрат мефармояд:

« كان و لا اماكن تحمله اكنافها و لا حملة ترفعه بقوتها و لا كان بعد ان لم يكن »

Ӯ буд дар ҳоле, ки амокине набуданд, то атрофашро ҳамл кунанд ва ҳомилоне набуданд, то бо қуваташон Ӯро боло бибаранд ва... . Бинобар ин вуҷудаш замонӣ нест ва агар вожаи «کان» ро, ки дар забони арабӣ долли бар замони гузашта аст дар мавриди Худо ба кор мебарем, бояд онро аз замон мунсалах кунем:

« ان قيل كان فعلى تاويل ازلية الوجود و ان قيل لم يزل فعلى تاويل نفى العدم »

Агар гуфта мешавад –буд- бар азалӣ будани вуҷудаш таъвил меравад ва агар гуфта мешавад –ҳамеша- бар нафйи адам таъвил мегардад, аз инру -чи замоне буд- дар мавриди Худо бемаъност.

Аз Алӣ(а) пурсида шуд;

«يا اميرالمؤمنين متى كان ربنا، فقال له عليه‏السلام: انما يقال متى كان لشى‏ء لم يكن فكان و ربنا هو كائن بلاكينونة كائن، كان بلا كيف يكون، كائن لم يزل بلالم يزل و بلاكيف يكون، كان لم يزل ليس له قبل هو قبل الق»

Эй Амири муъминон! парвардигори мо чи замоне буд? Фармуд: чи замонеро барои чизе мегуянд, ки набуд ва мавҷуд шуд ва парвардигори мо мавҷуде аст бидуни мавҷуд будан, мавҷудӣ будан кайфияти мавҷуд аст, ҳамеша бидуни ҳамеша ва бидуни кайф мавҷуд аст, бо ӯ қабле нест ӯ қабл аз қабл аст ... .

Боз гуфта шуд;

« يا اميرالمؤمنين متى كان ربك فقال متى لم يكن حتى يقال متى كان؟ كان ربى قبل القبل و يكون بعد البعد بلا بعد و لا غاية »

Эй Амири муминон! Чи замоне парвардигори ту буд? фармуд: худи - чи замоне – вуҷуд надошт (он вақте, ки Ӯ буд), то гуфта шавад чизамоне Ӯ буд? парвардигори ман қабл аз қабл ва баъд аз баъд бидуни баъд ва ғояте буд ва мебошад.

« كائن لا عن حدث، موجود لا عن عدم»

Собит аст, на аз рӯи ҳудус мавҷуд аст на аз рӯи адам

Аввал ва охир будани Хдо

Авал ва охир будани Худо ду васф аст, ки Худо худро дар Қуръон ба он тавсиф карда аст «هوالاول والاخر» (ҳадид 3), аммо ин ду васф дар мавсуфҳои мутаориф қобили ҷамъ нестанд, чизе ки дар аввал қарор гирифт дар васат ва ё дар поён нест дар ҳоле, ки мебинем Худованд бидуни ҳеч қайд ва шарте ҳам авал аст ва ҳам охир, бинобарин бояд авалият ва охирияти Худо ба гунае маъно шавад, ки ин ду васф муқобили ҳам қарор нагиранд, агар Худо авал ва охир алал итлоқ аст пас ҳеч чиз қабл аз ӯ ва баъд аз ӯ нест, ҳатто худи замон!

« الحمدلله الاول فلا شى‏ء قبله و الآخر فلا شى‏ء بعده »

Ҳамд Худои аввалро сазовор аст, пас чизе қабл аз ӯ нест ва Худои охир, пас чизе баъд аз ӯ нест, чун Худо авал аст аввале барои Худо мумкин нест:

« الحمدلله الاول قبل كل اول و الآخر بعد كل آخر و باوليته وجب ان لا اول له و بآخريته وجب ان لا آخر له »

Худоро сазовор аст, ки қабл аз ҳар авале аст ва охире аст ба восита аввалияташ лозим гардид, авале барояш набошад ва ба восита охирияташ лозим шуд охари барояш набошад, бинобар ин агар ашёе дигар ба аввалият ё охирият тавсиф шаванд аввалият ва охарияташон нисбӣ ва вобаста ба ашёи дигаре ғайр аз Худо хоҳад буд.

Агар ӯ аввал алал итлоқ аст пас бар ҳар чизе муқадам аст ва қабли ҳар чизе хоҳад буд, аз инру аз худ (қабл) ҳам қаблият дорад ва наметавонад барои ӯ замоне дар назар гирифт, ки нисбат ба ашёе замонӣ аввалият дошта бошад, аммо нисбат ба худ замоне ё даҳри аввалият надошта бошад, аз инру чунин мавҷуди замонӣ нест ва аввалияташ замонӣ нахоҳад буд.

« ليس له قبل هو قبل القبل بلا قبل و بلا غاية و لا منتهى »

Барои ӯ қабле нест ӯ ба он қабл аз қабл аст.

« الذي لم يسبقه وقت و لا يتقدمه زمان »

Касе, ки вақт ва замон бар ӯ сибқат нагирифта аст.

« الاول الذي لم يكن له قبل فيكون شى‏ء قبله و الآخر الذي ليس له بعد فيكون شى‏ء بعده...ما اختلف عليه دهر فيختلف منه الحال »

Авале аст, ки барои он қабле нест, то чизе аз он бошад ва охир аст, ки барои он раъде нест, то чизе баъд аз он бошад.

Агар ӯ аввали алал итлоқ аст, бинобар ин аз чизе матакаввин нашуда аст, зеро агар аз чизе матакаввин шуда бошад нисбат ба он чиз мутааххир аст ва бинобарин нисбат ба он ноқис мебошад дарҳоле, ки ӯ комили мутлақ аст.

« الحمدلله الذي هو اول لا بدى‏ء مما »

Ҳамд Худоеро сазаовор аст, ки авалӣ аст, аз чизе шуруъ нашуда, агар ӯ авал ва охири алал итлоқ аст барои Ӯ адл ва ҳамтое нест.

« الاول قبل كل شى‏ء و الآخر بعد كل شى‏ء و لا يعدله شى‏ء »

Авале, ки қабли ҳарчизе аст ва охире, ки баъди ҳар чизе аст ва ҳеч ҳам адли Ӯ вуҷуд надорад, агар ӯ комили мутлақ аст маҳдуд ба ҳаде нест ва агар маҳдуд ба ҳадде набошад бинобарин аввалият ва охирияти Ӯ ҳад ва ниҳояте надорад.

« الذي ليس له في اوليته نهاية و لا في آخريته حد و لا غاية »

Худое, ки барои ӯ на дар авалияташ ниҳоятест ва на барои охирияташ ҳад ва ғояте.

« الاول لا شى‏ء قبله و الآخر لا غاية له »

Зеро, агар Худо ғояте барои худ дошта бошад дигар охир нест ва дар натиҷа вуҷудаш барои худаш нест, балки барои он ғоят аст ва ин бо комили мутлақ будани Худованд носозгор аст.

Агар авал аст авалияташ ба ин маъно нест, ки ғояте дорад ва барои расидан ба ғоят вуҷудаш авал аст чаро, ки дар ин сурат вуҷудаш тифле хоҳад буд, ҳамон гуна агар охир аст охирияташ ба маънои поён нест, то вуҷудаш ба поён бирасад зеро ин бо комили мутлақ булани Худо носозгор аст.

« الاول الذي لا غاية فينتهي و لا آخر له فينقضي »

Авале, ки на ғояте барои ӯст, то ба он расад ва на охире, то мунқазӣ шавад бинобар ин агар Худо комили мулақ аст авсофе, ки нисбат медиҳем, бояд аз ҳар нақсе муназаҳ бошанд, ба ин ру агар ба авалият ва охарият мутасиф кардем ин ду васф дар арзи ҳам содиқанд ва ҳеч як азин ду васф бар дигар пешӣ надорад, зеро тақадуми яке аз онзл бар дигарӣ мусталзими дигаргунии ҳолот бар Худост ва лозимаи он ин аст, ки Худованд дар як ҳолат ҳама камолотро надошта бошад ва ин бо камоли мутлақ ҳам носозгор аст.

« الحمد لله الذي لم تسبق له حال حالا فيكون اولا قبل ان يكون آخرا »

Ҳамд Хдоеро сазад, ки бар ӯ ҳоле бар ҳоле пеша нагирифта аст, пас авал аст аз он, ки охир бошад.

Зоҳир ва ботин будани Худо

Зоҳир ва ботин буданӣ Худо ду васфе аст, ки дар Қуръон мефармояд: هوالظاهروالباطن Ӯ зоҳир ва ботин аст (ҳадид )

Ин васф нисбат ба мавҷудоте, ки метавонанд маълумоте касб кунанд матраҳ мешавад, вақте мегуем Худо зоҳир аст ба ин маъно нест, ки чизе болотар аз Ӯ ҳаст, ки тавасути он зоҳир шуда ва вақте мегуем ботин аст баин маъно нест, ки дар муқобилаш чизе ҳаст, ки мастур карда, балки ба далели шиддати вуҷудаш касеро нарасад, ки Ӯро дар дарёбад, бинобарин зоҳир шуданаш бо абзоре монанди дидан нест ва ботин ва махфӣ буданаш монанд аҷсоми латиф нест, ки ба чашм наояд.

« والظاهر فلا شى‏ء فوقه و الباطن فلا شى‏ء دونه‏»

Ва зоҳир аст пас чизе болотар аз ӯ нест ва ботин аст пас чизе дар баробараш нест.

« هو الظاهر لا برؤية و الباطن لا بلطافة »

Ӯ бидуни дидан зоҳир аст ва ботин аст ба воситаи латиф будан.

« الظاهر لا يقال مم و الباطن لا يقال فيم »

Зоҳир аст на аз чизе ва ботин аст на дар чизе.

« لا تراه النواظر و لا تحجبه السواتر »

Дидаҳо Ӯро набинанд ва пушонандаҳо Ӯро мастур накунанд.

« هو الظاهر عليها (ارض) بسلطانه و عظمته و هو الباطن لها بعلمه و معرفته »

Ӯ бо салтанат ва бузургиаш бар замин зоҳир аст ва бо илм ва маърифаташ барои замин ботин ва махфӣ аст.

« الظاهر بعجائب تدبيره للناظرين و الباطن بجلال عزته عن فكر المتوهمين »

Барои бинандогон, ба воситаи тадбирҳои аҷибаш зоҳир аст ва ба воситаи бузургии изат ва нуфзнопазириаш аз фики хиёлкунандагон ботин ва махфи аст.

Ин ду сифат яксон бар Худо содиқанд, ҳеч як аз ин ду бар дигарӣ пеша надорад бар хилофи ин ду сифат дар махлуқот, ки ё зуҳурашон бар ботинашо муқадам аст ва ё бао акс.

« الحمدلله الذي لم تسبق له حال حالا فيكون...ظاهرا قبل ان يكون باطنا، كل ظاهر غيره غير باطن و كل باطن غيره غير ظاهر»

Ҳамд Худоиро, ки дар ӯ ҳоле дар ҳоле сибқат нагирифта аст, то зоҳир бошад қабл аз ин ки ботин бошад. Ҳар зоҳире ғайр аз Ӯ ғайри ботин аст ва ҳар ботине ғайр аз Ӯ ғайри зоҳир.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти