Please update your Flash Player to view content.

Нақд бар назарияи “ Ҷаҳонбини оянда” “9”

Оё барои Инсон болотар аз марг мушкилоти дигаре вуҷуд дорад?

– Ҷавоб: Бале, вуҷуд дорад. Боз ҳам Марг! Чӣ тавр? Ба ин маъно ки кураи Замини моро ҷирмҳои бузурге иҳота кардаанд, ки мо инсонҳо дар вақти ҳозир қодир нестем, ки гардишу ҳаракати он ҷирмҳои даҳшатноки осмонӣ (кайҳонӣ)-ро зери назорат ва контроли худ бигирем. Бо барҳам задани марг дар Замин боз ин мушкилӣ пеш меояд, ки мабодо сайёра ва ё ситораи бузурге бa Замини мо бархурад ва тамоми инсониятро якуякбора несту нобуд намояд! Ин мушкилӣ шояд эҳтимолӣ бошад, вале воқеӣ аст. Мо набояд худро фиреб диҳем. Мешавад умед кард, ки дар ояндаҳои начандон дур ин мушкилӣ ҳам роҳи ҳали худро меёбад. Чӣ тавр? Ба ин тарз ки илми инсонӣ ба мақоме мерасад, ки аз низоми ҳаракати Галаситора (галактика)-и мо – Каҳкашон огоҳии дақиқ пайдо намуда, дар сурати таҳдиди воқеии ин хатар мо ба сайёраҳои дигар кўч мебандем. Шояд ба таври абадӣ муҳоҷири кайҳонӣ боқӣ монем.

Нақд

1) Худи онҳо қабул доранд, ки аз марг роҳи фирор нест, зеро аз як тараф ҳаррӯз дар зиндаги шоҳи магҳои зиёди ҳастем ва инро мебинанд дигар ҷои инкор нест ва аз тарафи дигар ҳам ба хотири бархурди эҳтимоли каҳкашонҳои дигар бар замин. Пас мо бояд ҳамеша дар фикри ин бошем ки рӯзи навбати моҳам мерасад.

2) ине ки гӯфтанд: дар сурати таҳдиди воқеии ин хатар (аз байн рафтани замин) мо ба сайёраҳои дигар кўч мебандем. баъд аз куч кардан ба дигар каҳкашонҳо боз ҳам мушкили марг ҳал мешавад? Не мушкили марг тоза шуру мешавад, зеро муҳимтарин сабаби марг фасоди ахлоқӣ ва ҳавои нафс ва ... аст, ки инсонҳои солимҷисмро ҳам мемиронад ва ҳар каҳкашони ки фарор кунед доида надорад, ва ин дар асари бедини афзоиш меёбад. Дар тули таърих ва дар ҳоли ҳозир инро мушоҳида мекунем, ҳавопарастон ва золимон чиқадар одамҳои солим куштанд. Барои ҳамин аз марг ҷои фарор нест, албатта одамҳои золим ва гунаҳгор ва сарватмандони ки охиратро қабул надоранд,мехоҳанд аз марг фарор кунанд, аммо инсонҳои Худопараст ва солеҳу некукор аз марг фарор намекунанд, зеро марг пули аст то аз он убур кунанд ва низди Худованд раванд барои гирифтани подошашон.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти