Please update your Flash Player to view content.

Худо кист?

Худо қаҳрамони асосии афсонаҳои динии мост. Мо одамон Худоро ихтироъ кардем. Чаро ки Инсони бошуур ихтироъкор аст.(инсонро ки ихтроъ кард?) Ақл ва шуур Инсонро водор мекунад, ки ояндаашро пешбинӣ кунад. Мо ояндаи худро пешбинӣ кардем. Барои он ки моро баъди мурдани баданамон бори дигар зинда кунанд ва ба ин ҷаҳони зебо бозгардонанд, образи Худоро офаридем. Худо символ ва образи умеду орзуҳои мост. Мо бо тамоми вуҷуд орзу мекардем, ки дар ин ҷаҳон ба таври ҳамешагӣ зинда, зебо, ҷавон ва ҷовидон зиндагӣ кунем. Худамон, ки натавонистем аз марг наҷот ёбем, қаҳрамонеро ихтироъ намудем, ки моро аз нав зинда кунад ва аз марги ҳамешагӣ наҷот диҳад. Ин қаҳрамони орзуҳои мо Худо ном дорад. Дар муддати 10 ҳазор соли зиндагии оқилонаи башар, мо 4500 дину мазҳаб сохтем, ки ҳоло 425-тои он зиндаанд. Қаҳрамони ҳамаи достонҳои динии мо – Худо бо ҳамаи забонҳои дунё номҳои мухталиф дорад.

Қоидаҳои худосозӣ чунинанд:

– Худоҳои қабилавӣ аз бутҳои сангин, чўбин, мисин, нуқрагӣ, тиллоӣ ва дигар ҷисмҳои моддӣ сохта мешаванд.

– Худоҳои қавмӣ ва миллӣ аз бутҳо ва худоҳои қабилавӣ ба вуҷуд меоянд.

– Худоҳои осмонӣ аз худоҳои қавмӣ ва миллӣ ташаккул меёбанд, чуноне ки Инсони Комил аз маҷмўаи рафтору кирдор, ахлоқу одоб ва характери инсонҳои оддӣ ва маъмулӣ ташкил меёбанд. Худоҳои Осмонӣ ҳам нусхаи мукаммалшудаи худоҳои қабилавӣ, қавмӣ ва миллии Замин мебошанд.

Инак, барои намуна ва мисол худоёни баъзе қавму миллатҳоро номбар мекунем:

– Худоёни мардуми форс-тоҷик: Аҳуро, Аҳуромаздо, Яздон, Эзид, Худо, Парвардигор, Офаридгор, Озар, Оташ, Анаҳита, Зарвон, Меҳр, Хуршед, Митра, Ҳурмузд, Худованд, Якто, Маздо, Нур...

– Худоёни қавму миллатҳои сомӣ (яҳудиён, арабҳо, бобулиён, ошўриён, килдониён): Яҳва, Аллоҳ, Руҳ-ул-қудс, Адонай, Мардук, Молох, Элохим, Энлил, Ашшур, Баъал, Адонис, Астарта, Анат, Ану, Син, Нингирсу, Нинурту, Эшмун, Шамаш, Иштар...

– Худоёни Юнону Рум: Аполлон, Дионис, Зевс, Афина, Фортуна, Юнона, Янус, Купидон, Аид, Артемида, Амур, Афродита, Вакх, Венера, Веста, Вулкан, Гермес, Гера, Гефест, Деметра, Демиург, Диана, Геба, Арес, Сатурн, Силван, Немесида, Нептун, Эрот, Фемида, Плутон, Пан, Кронос...

– Худоёни қавмҳои славянӣ: Бог, Господ, Сварога, Дажбог, Стрибог, Ярило, Чур, Перун, Велес...

– Худоёни мардуми Миср: Гор, Тот, Анубис, Апис, Собек, Сет, Сахмит, Нефтида, Амон, Шу, Хнум, Раъ, Озирис, Исида, Бес, Баъ...

– Худоёни мардуми Ҳинд: Вишну, Браҳма, Шива, Индра, Кришна, Индира, Лакшми, Агни, Рудра, Варуна...

Бисёре аз мардум бовар доранд, ки чунин Худоҳое воқеан дар Осмон ва ё дар дили инсонҳо вуҷуд доранд…

Олимони диншинос мегўянд, ки ҳар Худое офаридаи ҳамон як қавму миллати мушаххаси таърихӣ мебошад. Ба ин маънӣ ки Аҳурамаздо симо ва сурати мардуми ориёиро таҷассум мекунад. Браҳман ба мардуми Ҳинд монанд аст. Яҳва одобу ахлоқи мардуми яҳудро дар худ ифода кардааст. Ин ҳама шариатҳои мо қонунҳои Худоҳои миллӣ ва қавмии мо мебошанд. Худои Умумикайҳонӣ то ҳол дар бораи вуҷуди худ ба мо хабаре надодааст. Ҳар чӣ дорем – ҳама худоҳои таърихии қавмҳои Заминанд…

Мо бояд дар ҳеҷ ҳолат таассуб надошта бошем. Баъзеҳо аз рўи илми мантиқи шаклӣ далел меоранд, ки дар дунё ҳама чиз соҳиб дорад, наход ки дунёи мо соҳибе надошта бошад? Ҷавоби мо ин аст: Дар ин сурат Соҳиби ҷаҳон чаро худро ошкор намекунад?

Он чӣ олимон таҳқиқ кардаанд, натиҷаи ҳодисаҳои таърихии қавму миллатҳои гуногун аст. Худоҳои онҳо низ ба мисли худашон таърихи мушаххас ва симову сурати муайяни қавмию миллӣ доранд. Агар Худо ва Соҳиби бузургтаре вуҷуд дорад, бигузор худро ошкор кунад. Пайѓамбар ва китоби муқаддаси худашро фиристад, моро аз ҳақиқати худоии худаш огоҳ намояд. Агар чунин кунад, мо таассубе надорем ва чунин Худоро эътироф мекунем. Ҳоло ки чунин коре нашудааст, мо маҷбурем, ки барои сомон додани зиндагии Заминии худ аз ақлу дониши инсониямон истифода барем. Ин ҳам аз рўйи қонуну қоидаҳои илмӣ ва мантиқӣ аст.

Нақд

1) Мегӯянд чун инсон дорои ақл аст ақлаш ӯро водор мекунад, ки Худоро ихтироъ кунад, то баъд аз мурдан баданашро дубора зинда кунад ва ба ҳамин ҷаҳони зебо боз гардонад. Мо ҳам бо ин мувофиқ ҳастем, ки инсон, ки дорои ақл аст вуҷуди Худоро бовар дорад, аммо иллати ин бовар ин аст, ки вуҷуд Худоро дар фитрати худ меёбад, на ин ки Ӯро ихтироъ кунад. Бинобар ин инсон ғайри аз ин ки ихтироъгар бошад ёбанда ва кашфкунанда аз ҳасти аст.

Ва ҳамчунин далили ақлӣ ва таҷрибӣ ин аст, ки мо дар ин ҷаҳон назми хосеро мушоҳида мекунем ва ин назм тасодуфӣ ё иттифоқӣ нест, зеро тасодуфӣ ё иттифоқӣ аз ҳар сат бор як ё ду бор иттифоқ меафтад на ҳамеша ва аз он ҷое, ки ба назм даровардани як маҷмуъа кори бисёр печида аст ниёз ба як мудаббирест, ки дорои илму огоҳӣ бошад, илова бар ин аз он ҷое, ки ин аҷром ақлу огоҳӣ надоранд наметавонанд ин назмро ба вуҷуд оварда бошанд. Пас як мавҷуди мудаббир ва мутафаккир инҳоро дар як назми хос ва зебо қарор дода ва ба ҳаракат дароварда аст. Ва ҳар кадом ин аҷромро дорои иллат ва маълули ( сабаб ва мусаббаби) хос ва синхияти ва ҳамоҳангиӣ хос худ қарор додааст.

2) Аммо ин ки гуфта аст: Инсонҳо Худоро ихтироъ кардаанд, ки онҳоро ба ин ҷаҳон баргардонад нодуруст аст, зеро ҳеҷ диндоре ин интизорро надорад, балки ба ҷаҳони охират бовар ва интизор дорад.

3) Ҳамин ки ҳамаи инсонҳо гароиш ба парастиши Худованд доранд далил бар вуҷуд доштани Худованд аст, зеро инсон ба чизе гароиш пайдо намекунанд, ки вуҷуд надошта бошад ва аммо иштибоҳ дар мисдоқ( парастиши сангу чуб) далил бар адам ва набудани Худо намешавад.

4) Таъмим ва қиёси динҳои мунҳариф бо дини Ислом кори ғайри мантиқӣ ва нодуруст аст. Яъне як фирқаи ки дар парасти ши Ходо иштибоҳ кадааст ва бутро месозаду мепарастад, далел намешавад, ки мусалмонон ҳам Худовандро худ сохтаанд.

5) Агар Худо офаридаи фарҳанги ақвом ва миллатҳо бошад, пас чаро Худованд дастурот ва фарҳанге меоварад, ки бар хилофи фарҳанги ройҷ он замону макон аст ва бисёри аз сарватмандон ва бузургони он қавм бо он мухолифат ва душманӣ меварзанд. Намунааш дини Ислом дар Арабистон, ки бузургони он қавмҳо бар мухолифат Ислом баромаданд.

(Сухани дигараш ин аст, ки агар Худо бошад худро ошкор кунад). Дар посухи он бояд гуфт: Аввалан ниёз нест ин ки ҳар чизе, ки мавҷуд аст бояд бо чашм дида шавад, монанди ақл, эҳсосоту ишқ ва ғ. Инҳо аз ҷумлаи чизҳое ҳастанд, ки аз осорашон ба вуҷуди онҳо пай мебарем.

Дуюман магар аз вуҷуди паёмбарон ва кутуби онҳо ва охирин китоб (Қуръон) ба охирин Паёмбар (Муҳаммад (с) ) нозил шуда ва сартосараш пур аз муъҷизаи илмӣ аст, хабар надорад?. Китобест, ки ҳеҷ кас мисли онро наёвардааст ва натавон овард.

6) Лозимаи вуҷуд доштани Худованд ин нест, ки мо аз ақлу шуури худ барои пай бурдан ба ҳақоиқи ҷаҳон ва ҳастӣ истифода накунем, баракс тамоми хитобҳо ва авомири дини Ислом махсуси инсонҳои ақлу шуурдор аст ва касонеро, ки аз ақлу шуури худ истифода намекунанд мавриди сарзаниш қарор додааст.

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

)إِنَّ شَرَّ الدَّوَابَّ عِندَ اللّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لاَ يَعْقِلُونَ(

Бадтарини чунбандагон (ҷондорон) назди Худованд афроди кару гунганд, ки андеша намекунанд.[1]

Пас равшан аст, ки хитоб ояти Қуръон барои касоне ҳастанд, ки суханони Худоро мешунаванд ва осору қудрати Ӯро дар олам мебинанд, аммо андеша намекунанд.

 


[1]. сураи Анфол ояти 22

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти