Please update your Flash Player to view content.

 

Нақд бар назарияи Ҷаҳонбинии оянда” 2

Инсон кист?

Инсон ҷузъе аз Замин аст. Ҷисми он аз элементҳои химиявии системаи даврии Д. И. Менделеев (1834–1907) ташкил ёфтааст. Унсурҳои ҷисми Инсон дар Кайҳон ҳам вуҷуд доранд. Инсон аз боби ҷисм ва бадани биологии худ аз дигар мавҷудоти зиндаи Замин фарқи ҷавҳарӣ надорад.

Ақл ва шуури Инсон кор ва фаъолияти физиологии бадани худи Инсон аст. Ақл инъикоси эҷодкорона, сифатан нав ва ѓайримеханикии ҳодисоти олам дар маѓзи Инсон мебошад. Ин инъикоси сифатан нав ҳам дар навбати худ нисбию эътиборӣ буда, қобили таҳаввул ва таѓйирот аст. Мутлақ ва абсолютӣ нест. Таҳаввулёбанда аст.

Нақд

1) Ҳаракати физикӣ ва физиюлужии бадан дар тамоми ҳайвонот вуҷуд дорад, пас чаро онҳо ақл надоранд.

2) Бадан дар асари ҳаракати доимӣ ва мукаррари физикӣ заъф пайдо мекунад, пас бояд ҳам ақл заъф пайдо кунад (зеро аклро шумо ҳамон ҳараки физикӣ бадан медонед), дар ҳоле ки ақл заъф пайдо намекунад.

3) Инсон ғайр аз ақл ва бадани моддӣ дорои эҳсосот ва фитриёт ва як сире аз шохисҳои маънавӣ аст, ки ташкилдиҳандаи инсон ҳастанд. Пас бо мушоҳидаи ин шохисҳои маънавӣ ва рӯҳӣ инсонро маҳдуд ба бадани моддӣ донистан нодуруст аст.

Саъдӣ мефармояд:

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Агар одамӣ бачашм асту забону гӯшу бинӣ,

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.

Хуру хобу хашму шаҳват гумроҳию ҷаҳлу зулмат,

Ҳайвон хабар надорад зи мақоми одамият. [1]

 


[1]. Саъди,Ғазали 18.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти