Please update your Flash Player to view content.

Оё ҳазрати Иброҳим(а) тибқи сураи Анъом, ибтидо ба моҳу ситора гаравида ва алаёзу биллоҳ мушрик шуданд, ё барои ҳидояти дигарон мутавассила ба як навъ дуруғ шуд ва чи лозим буд?

Бадеҳи аст ки ҳар ду ҳолат, фарзи хато дар мавриди эътиқодот, рафтор ва шеваи таблиғи он паёмбари воло мақом(а) аст.

Назарҳо дар ин бора бисёр аст, баъзе ки роҳ ба ҷое наёфтанд, барои тавҷеҳи худ ва дигарон суханоне бофтаанд! Мисли инки гуфтаанд: Чи мушкиле дорад, ки дар баччаги бар асоси оине ки риҷов дошта чунин намуда бошад? Ва ё дар мақоми таҳқиқи ва тафаҳус барои расидан ба ҳақоиқе ҳеҷ мушкилне надорад ки одами ибтидо чунин тасаввуре ва боваре дошта бошад ва сипас пайгири намуда ва ба ҳақоиқ бирасад! Ва ё ин иттифоқот барои ӯ дар олами руъё рух дода буд ва на дар олами воқеъ ва хориҷ ва ....

Аммо ҳамаи ин чизҳо ки гуфта шуд тавҷеҳи хатост. Зеро ки аввалан анбиёи илоҳӣ ҳеҷ собиқаи ширке надоранд, ҳатто дар баччаги. Дуввуман дар маърифат ва ваҳдонияти Худо ҳам лаҳзае шак намекунанд, ки бо таҳқиқи ва тафаҳҳус ба ҳақиқат бирасанд. Севуман дучори руъёҳо ва ё авҳоми куфромез низ намегарданд ва ... аҳли исмат аз ин иттиҳомот бари ҳастанд.

Агар ба оёти аввал ва охири зикри ин ҳикоят дар сураи Анъом диққат кунем, фаҳмида мешавад ки аввалан ишон ба малакути осмонҳо ва замин илми шуҳуди доштанд, пас ниёзе ба таҳқиқи набуд ва дуввуман ин гуфтугу дар олами воқеъ бо мушрикон анҷом гардида аст.

Дар ояти аввал ва пеш аз оғози баёни ин гуфтугу ва мубоҳиса тасреҳ менамояд ки ӯ ба амакии худ Озар гуфт ту ва қавмат чун бутонро Худо фарз намудед дар гумроҳи ҳастед, яъне ишон муваҳҳид буд ва на танҳо шакке надошт, балки аз аҳли яқин буд, чаро ки дар идома мефармояд:

وَكَذَلِكَ نُرِی إِبْرَاهِیمَ مَلَكُوتَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ وَ لِیَكُونَ مِنَ الْمُوقِنِینَ

“Ва ингуна малакути осмонҳо ва заминро ба Иброҳим намоёндем то аз ҷумлаи яқинкунандагон бошад.”

Дар поёни ин баҳс низ ба сароҳат мефармояд, ки дар натиҷа ба мушрикон фармуд: Ман аз шумо барои ҳастам. Пас маълум мешавад ки хобу руъё набуда, балки воқеан бо онон баҳс ва истидлол карда аст:

قَالَ یَا قَوْمِ إِنِّی بَرِیءٌ مِّمَّا تُشْرِكُونَ * إِنِّی وَجَّهْتُ وَجْهِیَ لِلَّذِی فَطَرَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ حَنِیفًا وَمَا أَنَاْ مِنَ الْمُشْرِكِینَ»

“Гуфт эй қавми ман! Ман аз ончи (барои Худо) шарик месозед безорам. Ман аз рӯи ихлос покдилона рӯи худро ба сӯи касе гардонидам ки осмонҳо ва заминро падид оварда аст ва ман аз мушрикон нестам.”

Он ҳазрат низ ибтидо бутлони илоҳ ва раб будани ҷурмҳои осмони ки бузургтар ва ғайри қобили дастраси будандро ба исбот расонданд то таклифи ҷурмҳои замини ва бутҳои дастсоз низ беш аз пеш мушаххас гардад. Ва барои таҳаққуқи ин амри муҳим низ бо забони худашон ва ба мизони фаҳми худашон бо он мушрикон гуфтугу менамуд ва ба айниҳ низ нишон медод.

Бадеҳи аст ба сирфи он ки инсон фаҳмид моҳ, хуршед ва ситоа холиқ ва рабб нестанд, далел намешавад ки оне бифаҳмад, пас Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳ фотири осмонҳо ва замин аст ва зуд низ муваҳҳид гардад. Чаро ки аз куҷо маълум, шояд чизҳои дигаре Худо бошанд?!

Ваҳдати ҳаққ, бисёрии ботил

Агар аз мардум савол шавад ки ду ду то чанд мешавад? Аз олиму омми зуд ҷавоб хоҳад дод: Чаҳор то. Аммо агар бипурсанд: ду ду то чанд намешавад? Ҷавоб ҳеҷгоҳ тамоми нахоҳад дошт. Ҳамин тавр аст маъалаи тавҳид ва ширк. Ҳаққ воҳид аст, аммо ботил касрат дорад. Агар инсон бо ақл биёбад ки “Ло илоҳа иллаллоҳ” мефаҳмад ки ғайр аз ӯ ҳеҷ чизи дигар илоҳ ва рабб намебошад, аммо агар дунболи таҳқиқ ва озмоиши так таки махлуқот биафтад ки оё Худо ҳастанд ё настанд? Ҳеҷ гоҳ тамоми нахоҳад дошт ва дар ин шикр ё шубҳа боқи мемонад то аз дунё биравад.

Пас, расидан ба ин мақоми муваҳҳиди, маърифат, яқин ва ихлос, он ҳам дар сатҳи ҳазрати Иброҳим(а) собиқа мехоҳад ва бо дидани уфул ва ғуруби чанд ҷурми рахшанда дар осмон иҷод намегардад.

Барои равшан шудани мавзӯъ ва чигунаги ин мабоҳис таваҷҷуҳ ба чанд нукта лозим аст:

1.Мухотабшиносӣ: Ин ҳамон чизе аст ки ҷаҳони ислом аз он раҷн мебарад.

Бадеҳи аст вақте паёмбаре барои даъвати иддае авом, мушрик, ҷоҳил ва бутпараст омада аст, ибтидо ба ҳадди ақл ва даркашон бо онон сухан гуфта мегуяд, то кам кам рушд кунанд ва ҳақиқатҳоеро беҳтар бифаҳманд. Ва агар ақлашон он қадар маҳҷуб бошад ки сухани ҳаққ ва истидлоли ақли корбурде надошта бошад, аз тариқи шуҳуди ва қобили руъят ворид мегардад. Ҳазрати Иброҳим(а) низ аз ҳамин равиш истифода карданд.

Нуктаи дигар онки радди илоҳ ё рабб будан ҳар чизе аз сифатҳои махлуқ ва маснуъ барухурдор бошад, муқадам бар исботи вуҷуди Худованд аст. Чунончи дар омузаҳои ваҳйи низ “Ло илоҳ” пеши гирифтааст бар “иллаллоҳ” ва ҳачунин «فَمَنْ یَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ» пеши гирифта аст бар «وَ یُۆْمِن بِالله» аст. Он ҳазрат низ ибтидо ботил будани илоҳ ва рабб будани ҷурмҳои осмони ки бузургтар ва ғайри қобили дастраси будандро собит кард то таклифи ҷурмҳои замини ва бутҳои дастсоз низ беш аз пеш мушаххас гардад. Ва барои таҳаққуқи ин амри муҳим низ бо забони худаш ва ба мизони фаҳми худашон бо он мушрикон гуфтугу карданд.

2.Дуруғе низ дар кор набуд: Ин равиши гуфтугу дар мабоҳиси ин рӯза низ дар миёни худи мо низ ривоҷ дорад, ба вижа вақте бо афроди лаҷуҷ гуфтугу ё баҳс мекунем.

Ба унвони мисол фарз бифармоед ки ҳаво соф ва офтоби аст ва Хуршед медурахшад, аммо иддае лақ кунанд, ки не ҳаво абри аст ва борон меборад. Агар шумо дар гуфтугу бо онон (барои маҷбур кардан ба дарки воқеият) бигуед: Бисёр худ, ҳаво абри ва борони аст, ҳоло биравем бубинем ин абр ва бороне ки шумо мегуед чигуна аст?! Сипас дар берун истидлол кунед ки “агар ҳаво абри аст, пас чаро хуршед ин чунин гарм, сузон ва равшан медурахшад ва агар борон меборад, чаро қатрае ба замин нарасида ва ҳеҷ ҷо тар нашуда аст, пас ман ин иддаои шумор қабул надорам.” Ҳоло оё касе метавонад ба шумо эътироз кунад ки чаро ибтидо қабул кардед ки ҳаво абри ва борони аст?!

Ҳазрати Иброҳим(а) низ ҳамин корро карданд, ба гуруҳи ситорапараст ки исрор ва лаҷуҷ ба илоҳ будани ситора доштанд, гуфтанд: Бисёр хуб (ба гуфтаи шумо) ситора рабби ман аст. Баъд тааммул намуданд то ситора уфул кард ва фармуд: قَالَ لا أُحِبُّ الآفِلِین гуфт: Ман уфулкунандагонро дӯст надорам”. Иддаи дигар лаҷоҷат мекарданд ки не моҳ бузургтар аз ситора аст, пас ӯ илоҳ ва рабб аст! Бо онҳо низ ҳамин тавр рафтор намуд ва гуфт: Бисёр хуб (ба гуфтаи шумо) моҳ рабби ман аст. Моҳ ки уфул кард, дигар нафармуд ман уфулкунандагонро дӯст надорам, чаро ки онро як бор иброз карда будам. Балки бар эътиқоди муҳками худаш ва дурусти он истинод карданд ва фармуд: Ман ҳам агар мисли шумо гумроҳ будам ва Худо ҳидоятам накарда буд, ҳамин эътиқодро пайдо мекардам:

فَلَمَّا رَأَى الْقَمَرَ بَازِغًا قَالَ هَذَا رَبِّی فَلَمَّا أَفَلَ قَالَ لَئِن لَّمْ یَهْدِنِی رَبِّی لأكُونَنَّ مِنَ الْقَوْمِ الضَّالِّینَ»

Ва чун моҳро дар ҳоли тулуъ дид гуфт ин Парвардигори ман аст. он гоҳ чун нопадид шуд гуфт агар Парвардигорам маро ҳидоят накарда буд, қатъан аз гуруҳи гумроҳон будам.

Вақте ин истидлол ба айн сурат гирифт, иддае гуфтанд роҷеъ ба хуршед чи? Он ки аз ҳама бузургтар аст; гуфт: Бисёр хуб, хуршед рабби ман аст, ҳоло бубинем натиҷаи ин иддао чи мешавад? Лизо бо ғуруби хуршед , бори дигар бар эътиқоди росехи худ, дурусти ва ҳақонияти он тасреҳ намуд ва аз мушрикон эъломи бароат кард:

فَلَمَّا رَأَى الشَّمْسَ بَازِغَةً قَالَ هَذَا رَبِّی هَذَآ أَكْبَرُ فَلَمَّا أَفَلَتْ قَالَ یَا قَوْمِ إِنِّی بَرِیءٌ مِّمَّا تُشْرِكُونَ

“Пас чун хуршедро баромада дид гуфт ин Парвардигори ман аст ин бузургтар аст ва ҳангоме ки уфул кард гуфт эй қавми ман, ман аз ончи (барои Худо) шарик месозед безорам.”

«إِنِّی وَجَّهْتُ وَجْهِیَ لِلَّذِی فَطَرَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ حَنِیفًا وَمَا أَنَاْ مِنَ الْمُشْرِكِینَ

Ман аз рӯи ихлос покдилона рӯи худро ба сӯи касе гардонидам ки осмонҳо ва заминро падид оварда аст ва ман аз мушрикон нестам.

Қавмаш ки ин истидлоли айни, шуҳуди ва ғайри қоили радд ва ташкикро диданд, бо ӯ ба мунозиа ва ҷадал пардохтанд. Аммо дигар ҷое барои мунозиа набуд, лизо ба онон фармуд:

وَحَآجَّهُ قَوْمُهُ قَالَ أَتُحَاجُّونِّی فِی اللّهِ وَقَدْ هَدَانِ وَلاَ أَخَافُ مَا تُشْرِكُونَ بِهِ إِلاَّ أَن یَشَاءَ رَبِّی شَیْئًا وَسِعَ رَبِّی كُلَّ شَیْءٍ عِلْمًا أَفَلاَ تَتَذَكَّرُونَ

Ва қавмаш бо ӯ ба ситеза пардохтанд. Оё бо ман дар бораи Худо муҳоҷа мекунед ва ҳол онки ӯ маро роҳнамои карда аст ва ман аз он чи шарики ӯ месозед биме надорам магар онки Парвардигорам чизе бихоҳад. Илми Парвардигорам ба ҳар чизе иҳота ётфа аст. Пас оё мутазаккир намешавед?!

Ин равиши исидлол имрӯза низ идома дорад:

Имрӯза низ муваҳҳидин дар муқобили куффор, мушрикон, моддигароҳо ва ё ба таъбире материалистҳо, ҳамин равиши баҳсро идома медиҳанд. Масалан истидлол мекунанд: Шумо муддаи ҳастед ки ҷаҳон аз як тасодуф ё инфиҷори бузурги аввали ба вуҷуд омада аст. бисёр хуб, қабул. Аммо бифармоед ки чи чизе бо чи чизе тасодуф кард ва ё чи чизе мунфаҷир шуд? Адам ки не мунфаҷир мешвад ва не бо адам тасодуф мекунад?! Пас ин иддао мавриди қабул нест.

Ҳол дар ин баҳсҳо ҷоиз аст ки касе ишкол кунад: Шумо чаро ибтидо гуфтед: “Бисёр хуб, қабул. Ночор аввал қабул карда будед ва баъдан ба нодурусти онҳо пай бурдед.”!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти