Please update your Flash Player to view content.


Мавзӯи маъод ва дунёи пас аз марг мавриди таваҷҷуҳи инсонҳо, дар ҳар асру замоне буда аст. Гуруҳе онро инкор карда ва барои исботи сухани худ далелҳое ҳам овардаанд. Дар муқобил пайравони динҳои илоҳӣ низ бурҳонҳо ва далелҳои бисёре дар таиди он иқома мекунанд. Дар ин мақола бар он ҳастем ки далелҳои ин дастаро дар исботи асли маъод барраси кунем.
Мункирони маъод
Мункирони маъод ба чанд даста тақсим мешаванд:
Як даста касоне ҳастанд ки усулан моварои табиатро қабул надоранд. Материалистҳо ки ҷуз табиат ва олами модда чизи дигареро қабул надоранд ба таври табии маъодро ҳам ки мовари ин олам ҳаст қабул надоранд. Баъзе аз фалосифа ҳам маоди ҷисмониро қабул надоранд.
Аз тарафе ҳамаи пайравони динҳои осмони ба маъод эътиқод доранд, махсусан шариатҳои муҳимме мисли ислом ва масеҳият ва яҳуд, агар чи дар ҷузъиёти он ихтилофҳое вуҷуд дорад. Бинобар ин истидлолҳое ки мо матраҳ мекунем, мухотабаш дар дараҷаи аввал касоне ҳастанд ки усулан маъоди ҷисмониро қабул надоранд. Зеро дар мавриди маъоди руҳони метавон бурҳонҳои ақли иқома кард.
Исботи асли маъод
Бо ин тавзеҳот дар баҳси маъод бояд исботи асли маъодро аз исботи маъоди ҷисмони ҷудо кард, чун дар асли маъод метавон бурҳонҳои маҳз ақли иқома кард аммо дар маъоди ҷисмони мушкил битавон бурҳони ақлии маҳз иқома кард агарчи метавон шавоҳиди ақли ҳам ироа дод. Аммо бисёре аз далелҳои мо дар исботи маъоди ҷисмони Қуръон ва ривоятҳо аст. Хусусан Қуръон ки чанд тоифа аз оёти худро бар исботи маъоди ҷисмони далолат доранд.
Нуктаи дигаре ки пеш аз ворид шудан ба баҳс бояд гуфта шавад ин аст ки бар хилофи тавҳид ки барои исботи он ҳеҷ асли мавзӯи ва ҳеҷ муқаддимае ки аз ҷои дигар қарз гирифта шавад, лозим нест, дар бақияи усули ақоид ин тавр нест.
Дар маъод бояд муқаддамаҳоеро аз баҳси Худошиноси қарз бигирем то битавонем бурҳони иқома кунем вагарна бидуни муроҷиа ба далели тавҳиди ва Худошиноси наметавон бруҳони муҳкамеро иқома кард. Дар мабоҳиси дигар аз ҷумла нубувват низ ҳаминтавр аст. Масалан муҳимтарин далел дар исботи нубувват бурҳони лутф аст. Бурҳони лутф куброяш далелашро аз тавҳид мегирад. Ин ки Худованд лутф дорад дар тавҳид собит мешавад баъд мегуем нубувват аз мисдоқҳои аъами лутф аст пас нубувват ҳаст.
Агар мо будем ва ин олам, офариниши инсон ҳакимона набуд. Ин ҳам равшан аст чун инсон ба дунё меояд, маориферо касб мекунад, таҷрибаҳоеро касб мекунад, зиндаги мекунад, дар роҳи убудият ва бандаги гомҳои муҳимме бармедорад, руҳаш бузург мешавад ва вақте ки ба камол расид мемирад. Агар воқеан марг поёни зиндаги бошад зиндаги кори абас ва беҳудае аст.
Дар маъод ҳам ҳамин тавр, баъзе аз муқаддимаҳоро ночорем аз тавҳид бигирем. Ба иборати дигар бар хилофи тавҳид ки мабоҳисаш сад дар сад ақли ва муттаки ба худ ва бе ниёз аз дигар мабоҳис аст дар дигар мабоҳиси каломи мо ночорем ки аз мабоҳиси дигар кумак бигирем.
Дар мавриди маъод бурҳонҳои гуногуне иқома мешавад ки дар ин мақола бурҳони маъруф ки “бурҳони ҳикмат” ном дорад барраси мешавад ва бурҳонҳои дигар ки бурҳони “адли илоҳӣ” аст, дар ин мақола барраси намешавад.
Бурҳони ҳикмат
Дар мавриди бурҳони ҳикмат метавон баёнҳои гуногунеро ироа кард. Муқаддамоти ин бурҳон ба таври хулоса ба ин шакл аст ки Худованд Ҳаким аст ва кори абас ва беҳуда намекунад. Агар мо будему ҳамин олами дунё ва моварои ин дунё ва баъд аз ин олам, оламе набуд, офариниши инсон ва бақияи мавҷудот абас ва беҳуда буд. Аз ин ду муқаддима натиҷа гирифта мешавад ки бояд олами дигаре бошад то офариниши инсон ғайри ҳакимона набошад, Қуръон ҳам ба ин бурҳон ишора карда аст:
" أفحسبتم أنما خلقنا کم عبثا "
“Шумо хиёл кардаед мо шуморо беҳуда офаридем ва раҷъат ва маоде дар кор нест?”
Аз ин оят мефаҳмем ки агар маъоде набуд офариниши инсон беҳуда буд. Тавзеҳи ин муқаддамот ба ин шакл аст:
Муқаддимаи аввал: Худованд ҳаким аст. Ин баҳс аз баҳсҳои Худошиноси аст ва дар мабоҳиси тавҳид ҷойгоҳи он собит шуда ва аз онҷо гирифта шуда ки воҷибал вуҷуд имкон надорад ҳаким набошад.
Аммо агар мо будему ин олам, офариниши инсон ҳакимона набуд. Ин ҳам равшан аст чун инсон ба дунё меояд, маориферо касб мекунад, таҷрибаҳоеро касб мекунад, зиндаги мекунад, дар роҳи убудият ва бундаги гомҳое бармедорад, руҳаш бузург мешавад вақте ки ба камол расид мемирад. Агар воқеан марг поёни зиндаги бошад зиндаги кори абас аст.
Мисли инки як ҳунарманд як шоҳкорро халқ кунад, солҳо рӯи он заҳмат бикашад, рангомези кунад, наққоши кунад ва ... вақте ба камоли ниҳои ва ба олитарин ҳадди шоҳкори ҳунари расид он шоҳкори ҳунариро хароб кунад, оё ин кор ғайри ҳакимона нест?
Худованди Мутаол инсонро халқ мекунад, ақлу истеъдодҳои дигаре ба ӯ медиҳад, пайғамбар барои ӯ мефиристад, замину осмонро барояш халқ мекунад, анвоъи ниёзҳое ки инсон дорад ҳамаро таъмин мекунад то инсон ин роҳро тай бикунад ва ба он ҳад аз камол ки шоистагиаш ҳаст бирасад. Агар бо марг, зиндаги тамом бишавад дақиқан милси ҳамон шоҳкори ҳунари мемонад ки ба охирин ҳадди худаш ки расид нобуд бишавад ва ин кор дақиқан кори ғайри ҳакимона аст. Дар ҳоле ки зоти бори таоло қатъан кори ғайри ҳакимонаро нахоҳад кард чун ҳаким аст.
Натиҷа
Бар асоси ҳикмати илоҳӣ ки Худованд кори беҳуда анҷом намедиҳад, бояд олами дигаре бошад ки инсон сайри такомули худро дар он олам идома бидиҳад ва аз ончи ки дар ин олам аз улум, фазоил ва ахлоқ ба даст оварад адр онҷо истифода бикунад ва роҳро идома бидиҳад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти