Please update your Flash Player to view content.

Эътиқод ба вуҷуди рӯҳ:

Пас аз онки дар аввалин даврони таърихи башари гуруҳе муътақид ба вуҷуди рӯҳ шуданд, аз онҷо эътиқод ба ҷаҳони моварои табиат ва ба дунболи он гароиш ба Худо пайдо карданд.

Ақида ба ҷоду:

Баъзе аз ҷомеашиносон мегуянд, ки бар асари эътиқод ба ҷоду, ки он худ бар асари илал ва авомиле ба вуҷуд омада аст башар гароиш ба Худо ва моварои табиат пайдо намуд.

Ваҳдатҷуӣ:

Пай бурдан ба ваҳдати ҷаҳони ҳасти мавҷиб гардида то башар ба шинохти Худо номил ояд.

Қонуни иллият:

Аз вақте, ки инсонҳои аввалия пай ба қонуни иллият бурданд, эътиқод ба Худо ба зеҳни онҳо роҳ ёфт, зеро дарёфтанд, ки чун ҳар чизе иллате мехоҳад, пас баночор бояд ҷаҳони офариниш низ падид оварандае дошта бошад.

Назми ҷаҳони ҳасти:

Мутолиат ҷаҳони офариниш ва мушоҳидаи назми он мавҷиб шуд то башар пай ба вуҷуди назмдиҳандаи табиат бибарард ва аз инҷо буд, ки афроди инсон гароиш ба Худо пайдо карданд.

Фитрат:

Аз онҷое, ки дар даруни инсон ғаризаҳо ва фитриёти гуногуне ҳаст, кашиши даруни низ дар вай буда ва ҳаст, ки аз он ба номи ҳисси мазҳаби метавон ном бурд, ки вуҷуди ҳамин буъди рӯҳи дар равони афрод омили асоси гароиш башар ба Худо буда ва ҳаст.

Барои мутолиаи назарияҳои боло мебоист ба нуктаҳои зер таваҷҷуҳ кард:

Бисёре аз донишмандон на танҳо мехоҳанд, ки бо фарзиёти худ гароиш ба Худоро дар даруни аввалияти таърихи башарае тавҷеҳ кунанд, балки мекушанд то исбот кунананд, ки амилҳое зикр шуда имрӯза низ ҷузъи ангезаҳои гароиш ба Худост. Монанди назарияҳои тарс ва ниёҳзои рӯҳӣ.

Баъҳе аз муҳаққиқин  гароиш ба Худоро бо эътиқодоти мазҳаби иштибоҳ карда ва ба ҷои баррасии ангезаҳои гароиш ба Худо ба баррасии илали гароиш ба маҳзаб (эътиқодот ва рафторҳои маҳзаби) пардохтаанд. Монанди назарият одоб ва русуми иҷтимоӣ.

Мутолиаҳо ва таҳқиқоти донишмандон пиромуни илали гароиши инсон ба Худо аз руи пажуҳиш дар зиндаги ва афкори ақвоми бадавии кунуни анҷом шуда аст.

Шакке нест, ки танҳо бо мутолиа дар зиндаги ва одоб ва русуми инсонҳои аввалият наметавон пай ба илали гароиши инсонҳои аввалия ва инсонҳои пешрафтаи имрӯзи бурд.

Ба баёни дигар мардумшиносон ва ҷомеашиносон ба таври умуми мутолиаи худро ба инсонҳои аввалия ихтисос додаанд ва инки ин инсонҳо чи тасаввур ва дарёфте аз Худо ва мазҳаб доранд. Шакке нест, ки ин мутолиаҳо дар ҳадди худ қобили арзиш аст, аммо барои инки як назарият кулли ироа шавад кофи ба назар намерасад. Барои ироаи як назарияи кулли бодя ба мутолиаҳои ақоиди инсонҳои гунонун он ҳам дар қарнҳо ва асрҳои мухталиф пардохт то решаи ҳамешаги барои гароиши инсон ба Худо битавон ироа акард.

Фревд дар бораи инки мутолиаи андешаҳои қавмҳо ба танҳои барои ироаи як назарият кулли кофи нест, мутолиаҳои муҳиммеро матраҳ мекунад. Вай дар китоби тотем ва тобу дар ин маврид чунин мегуяд:

“Шодя муфид бошад аз мушкилоте, ки дар зимн кушиш барои ҳосил шудани яқин дар ин қаламрав пеш меояд (ва бояд бо он муқобила шавад ) аз қабл хонандагонро огоҳ созем мушкили аввалин ин аст ки , каосне ки мушоҳида шудаҳоро ҷамъовари мекуннад, ҳамон афроде нестанд, ки он гузоришҳоро мавриди баҳс ва барраси қарор медиҳанд. Афроди гуруҳи аввал, сайёҳон ва гардишгарон ҳастанд.”

Дар ҳоле, ки гуруҳи дуввум шомили донишмандон аст, ки шояд ҳам ҳаргиз мавзуъи таҳқиқоти худро ба чашм надидаанд.

Канор омадан бо инсонҳои авалия кори осоне нест. Нозирон ҳама бо забони онҳо ошнои надоранд ва ночоранд ба мутарҷимон мутавассил шаванд ё забони инглиси кумакеро ба кор бибаранд. Инсонҳои аввалия, вақте мавзуъ муртабиб ба умури бисёр хусуси расмҳояшон бошад майл ва рағбате ба додани иттилоот аз худ нишон намедиҳанд ва ба ҷои хориҷиё ҷуз онҳо, ки муддате кам дар миёнашон ба сар бурдаанд, эътимод намекунанд ва ба далели мухталиф, аксаран иттилоооти нодуруст ва иштибоҳ ба мо медиҳанд.

Ба алова набояд фаромуш кард, ки қавмҳои аввалия натанҳо наврас ва ҷавон нестанд, балки қидмати ҳампои мутамаддинтарин милал ҳастанд ва набояд интизор дошт, ки афкор ва бунёдҳои ибтидоии онҳо, даст нахурад ва бекамтарин тағир то рӯзгори мо бар ҳоли худ монда бошад, бар акс, ошкор аст, ки дар миёни аввалиён, аз тамоми ҷиҳатҳо таҳаввулоти амиқе руй дода аст, ба наҳве ки дар миёни андешаҳо ва муътақидоти феъли онҳо, ҳаргиз наметавон ташхис дод, ки кадоми як шакли собити гузаштаро мерасонад ва кадоми як тағири шакле аз гузаштаи дур аст, баҳсоҳи поённопазири байни нависандагон бар инки дар миёни вижагиҳои як фарҳанги аввалия, чи умуреро бояд аввал ва чи чизҳоеро баъд талаққи кард, аз ҳаминҷо сарчашма гирифта аст.

Бинобар ин ташъиси ҳолати аввали, масъалае аст, ки барои ҳаллаш ҳамчунон талош шавад. Мушкили дигар ин аст, ки ҳолати руҳи ва фикрии инсони ибтидоиро наметавон дар худ эҳсос кунем. Дарки мо аз онҳо баандозаи даркамон аз кудакон, ноқис ва ночиз аст ва ҳамеша дар маърази он ҳастем, ки рафтор ва эҳсосоти инсони аввалиро  бар асоси кайфияти нафсони худамон таъбир ва тафсир кунем.

Умуми касоне, ки дар бораи илали гароиши инсон ба Худо ба фарзиясози ва назарияпардози пардохтаанд, ба ин ҷиҳат буда аст, ки чун эътиқод ба Худо надоштаанд, талош кардаанд то ангезаҳои ғайри ақли ва ғайри фитри барои ин мавзуъ ироа кунанд, то бадин васила барои имон наовардани худ ба Худо далели бештаре пешниҳод кунанд.

Ба таври мисол марксистҳо, ки аз як су эътиқод ба Худо надоранд ва аз сӯи дигар тарафдори материолисти таърихи ҳастанд ва таърихро ба марҳалаҳое тақсим мекунанд ва барои ҳар даврае бар асоси ҷабр такомули вижагиҳоеро дар назар мегиранд,  ночоранд то омилҳои гароиш ба Худоро ҷуз ба василаи зер биноҳои тавлиди бо ҳеҷ омили дигаре тавҷеҳ накунанд.

Аксари ҷомеашиносон ҳангоми мутолиа ва пажуҳиш ба ҷои онки воқеиятро онгуна, ки дидаанд ироа диҳанд шуруъ ба қазоватҳои арзиши карда ва оро ва назарияҳои қабли ва дарёфтҳои зеҳнии худро дар натиҷагири таҳқиқоти худ ироа медиҳнд.

Нуктаи муҳимми дигар инки ҷомеашиносн фақат ба мутолиаи маҳзаби ҳоким бар ҷомеа ва одоб ва русуи мазҳаби пардохта ва мекушанд то нақши мазҳаби мавҷудро дар робита бо падидаҳои иҷтимои мутолиа кунанд, бидуни онки ба решаҳо ва авомили дарунӣ, ки эҳёнан мавҷиби гароиши инсон ба Худо шуда бипардозанд. Ба таври мисол тарафдорони назарияи такомул, ки қабл аз таҳқиқ дар бораи Худо ва мазҳаб айнаки такомулгароиро ба чашм задаанд, мекушанд то масалаи Худоро низ дар робита  бо такомули иҷтимои тавҷеҳ кунанд.

Ба баёни дигар ҳар як аз донишмандон, ки дар бораи маслали гароиши инсон ба Худо баҳс кардаанд кушидаанд то ин масъаларо дар робиат бо асли мавзуъи тафаккури худ барраси кунанд. Ба таври мисол чун Фарвед ҳамаи масоили башариро бо айнаки равонкор менигаранд, он ҳам ба ранги ғаризаи ҷинси, бунёнгузори масалаи Худо ва мазҳабро низ аз ин дидгоҳ тафсир мекунад. Эмил Дорким низ, ки асолати иҷтимоъро меҳвари фикр ва андешаи худ қарор дода баночор гароиш ба Худоро низ ҷуз дар ин робита қобили тавҷеҳ намедонад ва ҳамчунин Маркс ва дигарон.

Бисёре аз пажуҳишгарон ба ҳаргоми таҳқиқ пиромуни ин мавзуъ тасаввур кардаанд, ки исони ибтидои низ бо андеша ва фикри маҳдудаш бояд ҳамон Худоеро мавриди гароиш қарор медода, ки бузургтарин файласуфони моварои табии ба он муътақиданд.

Ин ҳам як иштибоҳи бузург аст, ки дар баррасиҳо ва арзёбиҳои диншиносон ва мардумшиносон ва ҷомешиносон ҳангоми мутолиаи ақоиди инсонҳо аввалия дар мавриди Худо ва мазҳаб роҳ ёфта аст. Аз ин муҳаққиқон бояд савол кард, ки оё дар ин асри илм ва дониш умум муътақиданд ба Худо, Худоро монанди мутафаккирон ва файласуфони илоҳӣ мешиноснад, ки мо аз инсонҳои ибтидои интизори шинохти дурусти Худоро дорем?

Оё магар эътиқоди инсонҳои рузгори мо ба Худо холи аз хурофот ва хиёлҳо аст, ки мо аз инсонҳои аввалият интизор дорем, ки онҳо Худоро холи аз ҳаргуна тасаввури иштибоҳ дарк кунанд.

Иштибоҳи дигари донишмандон аз инҷо аст, ки ба ҳангоми мутолиа дар динҳо рамзҳо ва нишонаҳоро амри ҳақиқи тасаввур намудаанд. Ба таври мисол тотемизмро, ки барои мутолиаи гароиш ба Худо дар назар гирифтаанд аммо мутаваҷҷеҳ нашудаанд, ки тотемҳо умуман аломатҳо ва нишонаҳое барои умури муқаддас мебошанд.

Агар Худо бихоҳад идома дорад!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти