Please update your Flash Player to view content.

Савол: Нақши Худо дар ҳидояти мо чист? Мисли инки бипурсанд: Нақши Худо дар хилқати мо чист? Пас на касе дар хилқати мо нақши “қоим ба худ ва бевосита” дорад ва на касе дар рубубияти мо ва на касе дар ҳидояти мо нақше “қоим ба худ ва бевосита” дорад, чи расад ба худамон. Магар мешавад, ки инсон чун ихтиёр дорад, худаш ҳидояткунандаи худаш бошад?!

Худованди Мутаол ихтиёр дода аст то роҳи ҳидоят ошкор ва вазъ шуда ва ба амр ӯро интихоб кунем ва дар тайи паймудани роҳ биҳавл ва қувваи худаш бикушем, аммо ихтиёр надода аст, ки мо сироти мустақимро ошкор кунем ва худамон ҳидояткунандаи хеш бошем. Агар мо ҳидоят шуда будем (ки битавонем худро ҳидоят  кунем), ки дигар ниёзе ба ҳидоят шудан надоштем.

1.Маънои “ихтиёр” ин нест, ки Худованди Мутаол вилоят ва сарпарастии худро аз инсон салб намуда аст. Асосан инсон наметавонад бевилоят бошад.

2.Маънои “ихтиёр” ин нест, ки Худованди Мутаол инсонро бениёзи маҳз намуда аст ва дигар ба ҳеҷ чиз ва аз ҷумла ҳидоят ба сӯи рушд ва камол ва биттабъ ҳидоятгар эҳтиёҷе надорад. Инсон ҳамеша муҳтоҷ ва фақир ва ниёзманд аст ва бадеҳи аст, ки ниёзи фақр, ба ғани аст ва на бақияи фақирон, ғани ва буниёз низ фақат Худованд аст; чунонки мефармояд:

یا أَیُّهَا النَّاسُ أَنتُمُ الْفُقَرَاء إِلَى اللَّهِ وَاللَّهُ هُوَ الْغَنِیُّ الْحَمِیدُ[1] »

“Эй мардум! Ҳамаи шумо ба Худо ниёзмандед ва Худост, ки бениёз ва сутуда сифот аст.”

3.Маънои “ихтиёр” ин нест, ки инсон “олим” шуда аст ва дигар ниёзе ба роҳнамоӣ ва ҳидояте, ки мусталзими илм ба ҳамаи олам аст надорад. Мо дар соддатарин корҳои худ, ниёзманд ба муаллим, мурабби, ҳидоят ва ҳидояткунанда ҳастем. Барои паймудани чанд километр роҳ, ниёзманд ба роҳ, василае, ки моро ба ҳадаф бирасонад, қонунҳо (аломатҳои ронандагӣ), нақши дигарон ва ҳамкори онҳо ҳастем, читавр мумкин аст, ки дар паймудани роҳи мустақим, бениёз бошем?!

Башар чи медонад? Ҳануз худашро ҳам нашинохта аст, чи расад ба муҳиташ ва чи расад ба олами ҳасти ва ҳақоиқи пинҳон ва ошкори он. Башар ҳануз наметавонад ин зеҳни ҳама тараф равони худро комилан дар ихтиёри ва контроли худаш бигирад. Наметавонад бар нафс ва қувваҳои худ комилан мусаллат гардад ва ҳатто дар бархе аз вақтҳо намедонад, ки чи қувваҳое дорад ва чигуна бояд бар мамлакати вуҷуди хеш ҳукумат кунад ва ин қувваҳоро дар роҳи камол ва рушд ба кор гирад? Ҳол чун фақат дар бархе маворид ихтиёр дорад, ниёзе ба ҳидоят ва ҳидоятгар надошта бошад?

4. Маънои “ихтиёр” ин нест, ки инсон холиқ, моликулмулк, рабб ва розиқи олами вуҷуд шуда аст ва вилояти ихтиёр ва ҳукумати ҳамаи чиз ва тамоми асбоби ҳидоятро дар ихтиёр дорад. Бар худаш ҳам молик нест, чи расад ба дигарон ва дигар махлуқот, дар ҳоле, ки ҳамаи оламҳои вуҷуд дар ҳаракати инсон нақш офарин ва муассир ҳастанд.

5.Надидем бисёр иттифоқ меафтад, ки инсон бо ақли худ кореро хуб ва муфид ташхис медиҳад, ба дин ва шариат ҳам, ки нигоҳ мекунад монеъе намебинад, лизо иқдом мекунад, таваккал ва дуоро низ изофа мекунад, аммо ҳарчи талош мекунад, ба ҷое намерасад ва он кор муҳаққақ намегардад ва баъдҳо мефаҳмад, ки иттифоқан салоҳаш низ дар ҳамин буд? Ваё онки бо ақл ва зеҳни худаш мутаваҷеҳи мавзуъ, авомил ё шароит нашуда аст, дар он ҷиҳат низ иқдоми хоссе накарда аст, аммо шароит барояш пеш меояд, ки муваффақият ва рушдаш дар он буда аст? Пас ҳидоят ва ҳамаи омилҳои ҳидоят, ки дасти худи ӯ нест.

6. Пас “ихтиёр” яъне: Эй башар, ба ту дар бархе аз мавридҳо ихтиёр додем, ки интихоб кунӣ. На инки моликият, ҳокимият, вилоят ва ҳамаи оламро ба ту вогузор кардам.

Маънои “ихтиёр” ин нест, ки инсон холиқ, моликулмулк, рабб ва розиқи олами вуҷуд шуда аст ва вилоят ва ихтиёр ва ҳукумати ҳамаи чиз ва тамоми асбоби ҳидоятро дар ихтиёр дорад. Бар хуадш ҳам молик нест, чи расад ба дигарон ва дигар махлуқот, дар ҳоле ки ҳамаи оламҳои вуҷуд дар ҳаракти инсон нақшофарин ва муассир ҳастанд.

Барои рушти ту, оламҳо ва асбоби лозимро дар вуҷуди худат ва олами ҳасти муҳайё ва омода намудам. Ба ту ақл ва фитрат ва виҷдон додам, шуур ва мантиқ додам, хуби ва бадиро ба ту илҳом кардам, расулон ва паёмбаронро низ барои ҳидоят ва раҳбарии ту фиристодам, китоб ва қонун ва боядҳо ва набоядҳоро низ қарор додам, сироти мустақимро пеши руят қарор додам .... ва албатта ҳушдор дадам, ки дар канори ин роҳ, аз санглох гирифта то дарра ва партгоҳ низ вуҷуд дорад.

Дар интихоби роҳи мустақим ва чигуна солим паймудани он маҷбурат накардам ва ба ту ихтири интихоб додам, ки роҳи мустақиро бипаймои ё худатро ҳалок куни ва ин ихтиёр низ лозимаи рушди ту мебошад. Ҳоло интихоб бо худат аст. Роҳи рушд ва камол равшан аст, роҳи залолат ва гумроҳи низ равшан аст ва дар интихоби яке аз ин ду ихтиёр дорӣ

لاَ إِكْرَاهَ فِی الدِّینِ قَد تَّبَیَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَیِّ».

7. Пас инсон ихтиёр дорад, ки барои худ роҳ интихоб кунад ва дар паймудани ин роҳ, муаллим, мурабби, ҳидоятгар интихоб кунад, лизо касе, ки роҳи мустақимро интихоб кард, аз он мурабби (раб) ва алим (муаллим) ва ҳидояткунанда (ҳоди) ва ҳифозаткунанда (ҳафиз) ва нигаҳдоранда (қайюм) ва ..., мехоҳад ки ӯро дар роҳи рост ҳидоят кунад.

Ин хост, лафз нест, балки қасд ва азми қалби аст, ки дар қолиби лафз низ баён мешавад.

اهدِنَــــا الصِّرَاطَ المُستَقِیمَ

“(Худовандо) Ҳидоят кун моро ба роҳи рост.”

Бале Худованди Маннон ба мо ихтиёр дода аст, ки ҳидоят шудан дар роҳи ростро аз ӯ бихоҳем ва на ғайри ӯ.



[1] Сураи Фотир, ояти 15.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти