Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Иди Фитр ва иди Қурбон идҳое ҳастанд, ки тамоми мусалмонҳо онҳоро гиромӣ медоранд, чаро ки онҳо аз нишонаҳо ва аломатҳои дини Ислом мебошанд. Аммо баҳси мо дар инҷо дар бораи маънои ид аст; яъне вақте ид гуфта мешавад ба чӣ маъно аст? Мақсад аз ин ки як моҳ мӯъминон рӯза гирифтанд ва рӯзи аввали моҳи Шаввол рӯзи ид аст яъне чӣ? Фитр ба чӣ маъно аст? Чаро Худованд ин рӯзро, рӯзи иди Фитр номгузорӣ кардааст? Мӯъминон чаро ин рӯзро ҷашн бигиранд? Магар чӣ иттифоқе афтодааст? Дар ин навиштор дар бораи маънои иди Фитр баҳс мешавад.

Вожаи "ид" дар луғати араб ба маънои бозгашт аст ва вожаи "фитр" , ки бо фитрат ҳамрешаанд, ба маънои сиришт ва хилқат аст. Иди Фитр ба маънои бозгашт ба фитрат ва сиришти тавҳидӣ аст. Фитр маънои дигараш кушодан аст, яъне инсон баъд аз як моҳ рӯзадорӣ ва розу ниёз онро мекушояд ва ба поёни моҳи рӯза мерасад. Чун ин ҳукми Худоро ба хубӣ ба поён расонидааст, рӯзи аввали моҳи Шаволро ҷашни бандагӣ мегирад.

Чигӯна хушҳолу масрур набошад касе, ки як моҳ аз гуноҳу маъсият дур будааст ва бо Худо розу ниёзи мудовим доштааст? Дар ҳоле ки дар ривоят омадааст, ҳар рӯзе ки дар он инсон гуноҳу маъсият накунад, он рӯз барояш ид аст. Ҳазрати Алӣ (рз) мефармояд:

«إِنَّمَا هُوَ عِيدٌ لِمَنْ قَبِلَ اللَّهُ صِيَامَهُ وَ شَكَرَ قِيَامَهُ؛ وَ كُلُّ يَوْمٍ لَا يُعْصَى اللَّهُ فِيهِ فَهُوَ عِيدٌ»

"Ин иди касе аст, ки Худо рӯзаашро пазируфта ва намозашро сутудааст. Ва ҳар рӯзе, ки Худоро дар он нофармонӣ накунанд, он рӯз ид аст!"(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 428)

Оё ид барои ҳама аст ё барои баъзе аз афроди мӯъмину таслимшуда? Ҳақиқати матлаб ин аст, ки дар сухани ҳазрати Алӣ (рз) гузашт, яъне касе, ки рӯзааш пазируфта бошад ид дорад. Пас иди Фитр ва ё иди Қурбон барои ҳама нест. Ин ки барои ҳама нест, аз тарафи Худованд манъе барои ҳеҷ инсоне вуҷуд надорад, яъне ҷашну шодӣ ихтисос ба як гурӯҳ аз мӯъминон нест, балки ин инсон аст, ки танбалӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ карда ва худро аз ин иди бузург, ки рӯҳи инсон ба марҳалаи озодӣ аз палидиҳо мерасад, маҳрум мекунад.

Мӯъмин ба далели ин ки як моҳ ибодати холисона кардааст ва ба асли фитрати худ бозгашта аст, аз гуноҳу бадиҳо дурӣ карда аст, бар шайтон ғалаба кардааст, поку татҳир шудааст, ғубори гуноҳ аз чеҳрааш канор рафтааст, фитрат ва сиришти ҳақиқиро пайдо кардааст, пас шоду масрур аст, ҷашн мегирад, чун бар худаш расидааст.

Вакте ки як инсон ба дӯсташ мерасад хушҳол мешавад. Чигӯна мешавад, ки ба худи ҳақиқияш бирасад ва пардаҳои гуноҳ канор биравад ва зангори ғафлат аз чеҳрааш пок шавад ва дар оина худи ҳақиқияшро бибинад ва ҷашну хушҳолӣ накунад?

«من‏ عرف‏ نفسه‏ فقد عرف ربّه» ‏

"Ҳар касе худро бишносад дар ҳақиқат Худоро шинохтааст."

Вақте худро шинохт, нафси ҳақиқии худро шинохт, Худоро мешиносад, бозгашт ба худ ва пайдо кардани сиришти худ, бозгашт ба фитрати тавҳидӣ ва Худованди ягона аст. Оё иде аз ин бузургтар метавонад бошад?

Ид барои касоне аст, ки дар моҳи Рамазон аз озмун ва имтиҳони Худо сарбаланд берун омадаанд. Касе ки ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба ин моҳ надошта бошад барои ӯ ид нест, балки рӯзи ҳасрат ва ғам аст, рӯзи азоб аст. Бинобар ин ид барои афроди таслимшуда назди Худо ва афроди мутеи амри Ӯ аст. Ҳамон тавре ки дар дуо мехонем.

«الذی جعلته للمسلمین عیدا»

Худованд ин рӯзро барои таслим шудагон ид қарор додаст, на барои башарият.

Ҳазрати Алӣ (рз) дар як хутбае, ки дар рӯзи иди Фитр хондааст, дақиқан ба ин матлаб таъкид карда ва ба мӯъминон ва касоне, ки эҳтироми ин моҳро баҷо наовардаанд, ваъдаи азоб медиҳад ва онҳоро афроди зиёндида мехонад.                                    


         
«أيها الناس إن يومكم هذا يوم يثاب فيه المحسنون و يخسر فيه المسيئون و هو أشبه يوم بيوم قيامتكم فاذكروا بخروجكم من منازلكم إلى مصلاكم خروجكم من الأجداث إلى ربكم و اذكروا بوقوفكم فی مصلاكم وقوفكم بين يدی ربكم و اذكروا برجوعكم إلى منازلكم رجوعكم إلى منازلكم فی الجنة أو النار و اعلموا عباد الله أن أدنى ما للصائمين و الصائمات أن يناديهم ملك فی آخر يوم من شهر رمضان أبشروا عباد الله فقد غفر لكم ما سلف من ذنوبكم فانظروا كيف تكونون فيما تستأنفون»کتاب امالی، ج ۱۰، ص۱۰۰).

Эй мардум! Ин рӯзи шумо рӯзе аст, ки дар он некӯкорон подош мегиранд ва зиёнкорон дар он ноумед мешаванд ва ин шабоҳати зиёде ба рӯзи қиёмат дорад, пас бо хориҷ шудан аз манзилҳои худ ва рафтан ба масоҷид ба ёд оваред берун омаданатон аз қабрҳо ва рафтанатон ба сӯӣ Парвардигоратонро ва бо истодан дар сафи намоз ба ёд оваред истодан дар баробари Парвардигоратонро ва бо бозгашт ба сӯӣ манзилҳоятон ба ёд оваред бозгаштан ба сӯи манзилҳоятон дар биҳиштро. Эй бандагони Худо, камтарин чиз, ки ба занон ва мардони рӯзадор дода мешавад ин аст, ки фариштае дар охирин рӯзи моҳи Рамазон ба онҳо нидо медиҳад ва мегӯяд: Бар шумо бод башорат, эй бандагони Худо, ки гуноҳони гузаштаатон омурзида шуд, пас ба фикри ояндаи худ бошед, ки чигуна бақияи рӯзҳоро бигузаронед.

Яъне инсон ба фитрати аввалияи худ бозгашт мекунад ва сиришти тавҳидии худро ба даст меоварад ва барои ҳифзи он аз олуда шудан дар оянда бояд роҳи чора дошта бошад ва аз ин розу ниёзе, ки аз моҳи Рамазон гирифтаастро фаромӯш накунад.

Паёмбар (с) дар бораи намози ид мефармояд вақте мардум ба сӯи намози ид аз хонаҳояшон берун мераванд, Худованд мефармояд:

«عِبَادِی لِی صُمْتُمْ وَ لِی صَلَّیْتُمْ عُودُوا مَغْفُوراً لَکُمْ»

"Банадагони ман! Барои ман рӯза гирифтед ва барои ман намоз гузоридед, баргардед "ба хонаҳоятон"; дар ҳоле ки бахшида шудаед."

Пас ҳамонтавре ки дар ин матн хондем, ид бар асоси ривоятҳо барои ҳама нест, балки барои касоне аст, ки дар моҳи Рамазон худро аз бадиҳо ва палидиҳо пок карда бошад ва ба фитрат ва сиришти худ бозгашта бошад. Фитрате, ки инсон вақте ба он расид ба Худои худ мерасад. Иди Фитр яъне иди ба камол расидани фитрат ва сиришти инсон аст. Лизо онро ҷашн мегирад, чун худро пайдо кардааст, Худованд ҳам ӯро бахшидааст, ин рӯзро бояд ҷашн гирифт ва барои ҷашни он бояд омода шуд, чаро ки рӯзи фаромӯшнашуданӣ аст. Ид гирифтан ба хотири аҳаммияти дастоварде аст, ки ба фазли Худо ва бо талошу кушиши банда ба натиҷа расидааст, ҷашн мегирад, то ончиро ки ба даст овардааст, қадрашро бидонад ва дар ҳифзу нигаҳдории онҳо беаҳаммият набошад.

Алвидоъъ моҳи рамазон

Эй моҳи махсуси Худо рафти берун аз дасти мо

Оё з- моҳасти ризо? Моҳи муборак алвидоъъ

Карди ту чун азми сафар, моро намуди хун ҷигар

Эй ҳамдами шому саҳар моҳи муборак алвидоъъ

Эй маъдани ҷуду сахо эй ҳоҷати ҳар бенаво

Буд аз ту тарвиҷи дуо моҳи муборак алвидоъ

Рафти эй моҳи азиз карди муҳиббон ашк рез

Эй ёри рӯзи растхез моҳи муборак алвидоъ

Ганҷинаи ирфон туӣ равнақдеҳи қуръон туӣ

Сарчашмаи имон туӣ моҳи муборак алвидоъ

Зинат деҳи ҳар маҳфили, ту нури чашми ҳар дили

Ту ёвари ҳар соилӣ моҳи муборак алвидоъ

Ҳар кас ки хоҳони ту аст нолон з- ҳиҷрони ту аст

Дар фикр даврони ту аст моҳи муборак алвидоъ

Эй моҳи бо иззу ҷалол мақсуди ҳайи лоязол

Моро накун афсурдаҳол моҳи муборак алвидоъ

Мо ошқи номи туем мо ташнаӣ ҷоми туем

Моил ба икроми туем моҳи муборак алвидоъ

Гашти ниҳон аз ҳар назар ку умр, то соли дигар

Бинем рӯят чун қамар моҳи муборак алвидоъ

Эй мояӣ умеди мо эй шоҳиди рӯзи ҷазо

Дарди муҳиббон кун даво моҳи муборак алвидоъ.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст