Please update your Flash Player to view content.



Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳар ҳодиса ва иттифоқе, ки дар атрофи мо меафтад, иллат ва сабабе дорад, ба сухани дигар ҳаводисе, ки дар ҷомеа иттифоқ меафтад ҳатман дар пушташ тафаккуре вуҷуд дорад. Намешавад ҳодисаҳое, ки ду гурӯҳро дар муқобили ҳам қарор медаҳад бидуни қасду ғаразҳое бошад.

Дар мавриди ҳодисаи Карбало ин пурсиш матраҳ аст, ки чаро ин ҳодиса иттифоқ афтод? Бо ин ки ҳамаи касоне, ки дар муқобили Имом Ҳусайн (рз) шамшер кашиданд, ӯро мешинохтанд ва хеле аз онҳо бо ӯ бузург шуда буданд! Ва ҳамаи онҳо аҳодисе, ки Расуи Худо (с) дар васфу ҷойгоҳ ва азамати Имом гуфта будандро медонистанд. Медонистанд, ки Расули Худо (с) гуфтаст: Ҳусайн аз ман ва ман аз Ҳусайнам; Ҳусайн сайид ва сарвари ҷавонони аҳли биҳишт аст;  Ҳусайн имом аст, чи қиём кунад ва дар муқобили золимон биистад ва чи қиём накунад. Илова бар ин афроди зиёде ба  Имом ваъда доданд ва нома навиштанд, ки биё ва мо дар канори шумо бо золими замон мубориза кунем.

Барои ба даст овардани посухи ин пурсиш, ки чаро ҳодисаи Карбало иттфоқ афтод ва фарзанди Пайғабар (с) бо дасти мусалмонон ба таври ноҷавонмардонае кушта шуд? Лозим аст таҳлили мухтасаре аз муҳити ҷомеаи исломии он рӯз дошта бошем, то реша ва гӯшаҳои  баҳс равшан шавад.

Заминаи ба шаҳодат расидани Имом Ҳусайн (рз) аз солҳо қабл баронмарезӣ шуда буд, вақте ҷомеаи исломӣ қудрат гирифта буд ва сарвату дороиҳои зиёде дар дасти мусалмонон қарор гирифт, дигар он мушкилоте, ки дар замони Расули Худо (с) буд вуҷуд надошт, ки бо донаи хурмо шабро рӯз кунанд. Афроди муҳим шурӯъ ба моландӯзӣ ва ҷамъоварии сарват караданд, дигар он таваккул ва боврие, ки ба Худованд дошатнд, рӯз ба рӯз кам мешуд ва нигоҳ аз осмон ба замин шуд, яъне ба ҷои ризоияти Худоро ба даст овардан ва барои Ӯ фидокроӣ кардан, ба сарват ҷамъкунӣ пардохтанд, ки дар мавориде ҳам ҳалол набуд. Ба ҷои ин ки дунё гузаргоҳ бошад, асл ва асос қарор гирифт ва охират кам-кам ба фаромӯши супурда шуда буд, бархе аз афроди бонуфуз, ки собиқаи бисёр муҳимме доштанд, байни дину дунё гирифтор шуданд, ҳам динро мехостанд ва ҳам дунёро ва натавонистанд миёни ин ду ба натиҷаи дуруст бирасанд, дар ҳоле ки ин ду бо ҳам тазод надоранд ва инсон метавонад ҳардуро дошта боашад. Афроде ҳам, ки ошкоро зулмро медиданд, аз тарси муқобила ва аз даст додани дороиҳои худ сукутро ихтиёр каданд.

Диндорӣ дар чизҳои камарзиш ва начандон муҳимме арзёбӣ ва ришу либосаш нишонаи тақво муаррифӣ мешуд. Баъзе ҳам ба дастуроти иҷтимоии ин бедиққати карданд ва ба ибодати худ машғул шуданд ва метарсиданд, ки мабодо дар кори ҳароме гирфтор шаванд.

Матлаби дигар ҳам ин ки рафтор ва бархӯрдҳои ғалати баъзе ба ӯнвони иҷтиҳод ва фатво шинохта мешуд ва гуфта мешуд: иҷтиҳод карданд ва ҳарчанд хато карда бошанд савобашро мебаранд.

Маорифи динӣ ва аҳкоми он бахш-бахш мешуд, ба қисме амал мешуд ва баъзе ҳам ба фаромӯши супурда мешуд. Муфтиҳои дарборӣ, ки ба ҷои ҳомии дину диёнати мардум бошанд, ба ҳокимони золим хушхидматӣ мекарданд, фатво содир мекарданд ва ончиро, ки дин гуфта ба мардум намегуфтанд, он шахсе, ки фатво дод бар алаҳи Имом Ҳусайн яке аз шахсиятҳои муҳим ва бо нуфузи он рӯзгор буд, дин дар ихтиёри касоне қарор дошт, ки аҳком ва дастуроташро воруна ва вожагун ҷилва медоданд. Инсонҳои беимон дар мансабҳои муҳим қарор доштанд, барои намуна ба масъулони Куфа дар он замон метавон ишора кард; ҳамонанди Убайдуллоҳ ибни Зиёд ва дигарон.

Ин масъулон буданд, ки амволи мусалмононро дар роҳи аҳдофи палид ва дар роҳи ғайри ҳаққаш масраф мекарданд, афроде ки эътироз кунанд бисёр кам буданд ё бо додани моли зиёд ҷулуи даҳонашро мебастанд ва ё ба таври фаҷие мекуштанд, ба ин хотир аст, ки Имом ба касоне, ки шамшер ба даст гирифтанд, то ӯро бикушанд, мегӯяд: Медонам, ки чаро шумо суханони маро намефаҳмед, чун шикамҳои шумо пур аз луқмаи ҳаром аст, ин ҳаромхӯрӣ буд, ки ҷулӯи чашмашонро гирифта буд, бо зану фарзандашон ба намоз мерафтанд ва масҷидҳо пур аз намозхон буд, вале чи намозе ва чи ибодате, ки аз бузургтарин мункар, ки қатли фарзандони Пайғабар (с) астро монеъ нашавад? Намозҳое, ки монеи аз мункар намешуд ва шояд ҳам битавон гӯфт ҳеҷ намозе ба боло намерафт ҳамон тавре, ки Қуръони Карим мегӯяд: “Намоз бояд мункар ва фаҳшоро монеъ шавад.” ( Сураи Анкабут, ояти 45).

Душман рӯз ба рӯз қудрат мегирифт ва мӯъминин ба дунё майли бештар пайдо карда буданд, заминаи шаҳодати Имом барои язидиён фароҳам мешуд, чаро ки мусалмонон байни дину дунё натавонистанд кадомро ихтиёр кунанд, ҳамон касоне, ки Имом Ҳусайнро куштанд падаронашон мехостанд Расули Худоро бикушанд, чаро муваффақ нашуданд? Магар душамнии онҳо камтар буд ва ё мусалмонон дар он замон бештар буданд? Балки мусалмонон аз лиҳози теъдод камтар ва душманони Расули Худо (с) бештар аз душманони Имом Ҳусайн (рз) буд. Танҳо роҳе, ки барои мубориза монда буд ва танҳо роҳе, ки бояд ҷаҳони Ислом бедор мешуд, ин буд ки Имом Ҳусайн (рз)  қиём кунад ва он тарсе, ки дар қалбҳои мусалмонон бударо аз байн бибарад. Ҳамин тавр ҳам шуд, қиёмҳо бар алйҳи зулму ситам баъд аз шаҳодати Имом зиёд шуд.

Шаҳодат барои раҳбарон ва касоне ҳамчун Имом Ҳусайн (рз) ифтихор аст, на хорӣ ва зиллат, ҳарчанд, ки шаҳодат ҳадаф нест ва инсон набояд барои шаҳодат мубориза кунад, дар мубориза шаҳид шуд, бисёр бо арзиш аст, вале ҳадаф шаҳодат нест. Имом Ҳусайн (рз) ҳам, ки шаҳид шуд барояш ифтихор аст, вале барои пайравон ва мусалмононе, ки набояд мегузоштанд Имом шаҳид шавад, нангу рӯсиёҳӣ ва ҳасрату афсус мемонад, ки чаро кӯтоҳӣ карданд ва Имоми худро танҳо гузоштанд ва дар пеши чашмашон ба таври ваҳшиёна шаҳид шуд ва лаъну нафрин бар касоне, ки дар муқобилаш шамшер кашиданд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти