Please update your Flash Player to view content.

Бо баррасии пешинаи тафаккури асҳоби ҳадис ва салафигарӣ метавон чаҳор марҳилаи фикрӣ барои таърихи тафаккури он тасаввур кард:
1. Зуҳури асҳоби асар ё ҳадис
2. Пайдоиши асҳоби ҳадис
3. Таъсиси мактаби салафия
4. Бозгашти салафигарӣ
Ҳоло чор марҳила бештар тавзеҳ дода мешавад.
1. Зуҳури асҳоби асар ё ҳадис
Нахустин марҳила зуҳури асҳоби асар ё ҳадис дар шаҳрҳои Мадина, Шом ва Басра аст, ки дар баробари асҳоби раъй дар Кӯфа ва Макка қарор доштанд. Ин тафаккур дар қарни аввал ва дувуми ҳиҷрӣ дар Мадина бисёр ривоҷ ёфт ва асаргароии Молик ибни Анас (в. 179 ҳ.қ.) раҳбари маҳзаби моликӣ ва устодони ӯ дар баробари раъйгароии имом Абӯҳанифа (в. 150 ҳ.қ.) раҳбари мазҳаби ҳанафӣ ва устодонаш ихтилофи зиёде дар ҷаҳони Ислом ба дунбол дошт. Ин мавзӯъ тааҷҷуббарангез аст, ки салафиёни имрӯзӣ ин ҳама ихтилоф дар миёни салафи мавриди эътимоди худро нодида мегиранд ва фаҳми ҳамаи салафро яксон медонанд.
2. Пайдоиши асҳоби ҳадис
Бо зуҳури имом Шофеӣ (в. 204 ҳ.қ.) раҳбари мазҳаби шофеӣ ва гароиши он ба ҳадис ва маҳдуд кардани мафҳуми суннат ба гуфтор, рафтор ва тақрири Паёмбари Худо(с) тарафдорони асҳоби асар ба асҳоби ҳадис лақаб гирифтанд ва эътиқодномаҳои кӯчаки асҳоби ҳадис дар қарни се ва чори ҳиҷрӣ навишта шуд, ки бештари ин эътиқодномаҳо бо унвони "ассуннат" ё "усулуссуннат" ба ҷомеаи илмии он замон арза шуд.
Тафаккури асҳоби ҳадис дар осори Аҳмад ибни Ҳанбал ва нависандагони сиҳоҳи ситта (6 китоби ҳадисии дараҷаи як)-и аҳли суннат намудор шуд. Ва асҳоби ҳадис ба унвони ҷараёни фикрӣ дар баробари "муътазила" ва сипас дар баробари "ашоира" саф кашиданд.
3. Таъсиси мактаби салафия
Тафаккури асҳоби ҳадис бо гароишҳои дарунмазҳабӣ роҳи худро дар асрҳои миёна (севум то ҳаштуми ҳиҷрӣ) идома дод, то ин ки дар қарни ҳаштум фарде ба номи Ибни Таймия аз дили асҳоби ҳадис бо таъсиси мактабе бо номи салафия, ҷараёне баробар бо асҳоби ҳадис эҷод кард. Ёдоварӣ мешавад, ки ҳудуди 70% аз афкор ва андешаҳои ӯ бо асҳоби ҳадис муштарак аст ва ҳудуди 30% бардоштҳои иштибоҳ аз худи Ибни Таймия аст, ки мутаассифона имрӯз ба номи салаф ба уммати исломӣ гуфта мешавад.
4. Бозгашти салафигарӣ
Аз қарни ҳаштум то қарни дувоздаҳи ҳиҷрӣ тафаккури Ибни Таймия дар ҳошия буд, то ин ки дар қарни дувоздаҳи ҳиҷрӣ мударрисоне дар Мадина ба тадриси афкори Ибни Таймия эҳтимом варзиданд. Онҳо шогирдоне аз атрофи ҷаҳони Ислом ёфтанд. Ин шогирдон андешаҳои Ибни Таймияро густариш доданд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар Арабистон, Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ дар Ҳинд ва Ибнуламири Санъонӣ дар Яман аз муҳимтарин афроде буданд, ки дар қарни дувоздаҳуми ҳиҷрӣ-қамарӣ ба ривоҷи тафаккури Ибни Таймия пардохтанд.
Аз дили андешаҳои Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб "ваҳҳобият" ва аз андешаҳои Санъонӣ "салафияи зайдия" ва аз андешаҳои Деҳлавӣ "мактаби Девбандия" ва аз дили Девбандия "ҷамоати таблиғ", "сипоҳи саҳоба" ва "толибон" берун омад.
Дар қарни чордаҳуми ҳиҷрӣ тафаккури Ибни Таймия ба шимоли Африқо ворид шуд. Сайид Муҳаммад Рашид Ризо бо пазириши афкори ӯ ин андешаро дар шимоли Африқо густариш дод. Ва таҳти таъсири Ризо Ҳасан ал-Банно бо таъсиси "Ихвонулмуслимин" тафаккури салафияи ислоҳиро дар шимоли Африқо ва кишварҳои арабӣ мунташир кард. Аз дили андешаҳои ихвонӣ, ки муътадил ва тақрибӣ буд, ҷараёни тунду такфирии "салафияи ҷиҳодӣ" берун омад. Аз дили салафияи ҷиҳодӣ "афғонулараб", "алқоида", "букуҳаром" ва "ДИИШ" берун омад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти