Please update your Flash Player to view content.

Тафаккури кури салафигарӣ ба маънои хоссаш аз куҷо ба вуҷуд омад ва чигуна рушд кард? Ҷараёнҳои гуногуни он чист ва бо ҳам чӣ ихтилофе доранд?

Ибни Таймия худ аз пайравони мактаби асҳоб ё аҳли ҳадис аст ва рӯйкарди ҳадисгарои ӯ ба пайравонаш ҳам тасъир кардааст. Бештари салафиён махсусан ваҳҳобият ба ҳамин далел ва ба пайравӣ аз Ибни Таймия ҳадисгаро буданд ва ҳамаи ақоиди асҳоби ҳадисро пазируфтанд. Гарчӣ Ибни Таймия дар ақоид аз асҳоби ҳадис ва дар фиқҳ ҳанбалӣ аст, аммо дар ҳар ду бахш тафсирҳо ва иҷтиҳодҳои наве дорад, ки ҳамин бардоштҳои нав балои ҷони ҷаҳони Ислом шуда ва тафриқаро дар ҷаҳони Ислом устувор кардааст.
Як баррасии оморӣ нишон медиҳад, ки ҳафтод дар сад аз афкори ваҳҳобият афкори аҳли ҳадис ва сӣ дар сади дигар ҳамон бидъатҳои Ибни Таймия аст. Бинобар ин бояд асҳоби ҳадис ва Ибни Таймия ба унвони пешинаи фикрии салафиёни имрӯзӣ ёд кард ва нишон дод, ки афкори ҷараёни салафӣ дар бораи тавҳид ва ширк ва суннату бидаът бештар таҳти таъсири Ибни Таймия аст ва дар афкори дигар аз аҳли ҳадис гирифта шудааст.
Бо баррасии пешинаи тафаккури асҳоби ҳадис ва салафигарӣ метавон чаҳор марҳилаи фикрӣ барои таърихи тафаккури он тасаввур кард:
1. Зуҳури асҳоби асар ё ҳадис
2. Пайдоиши асҳоби ҳадис
3. Таъсиси мактаби салафия
4. Бозгашти салафигарӣ
Дар бахши баъдӣ чор марҳила бештар тавзеҳ дода мешавад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти