Соҳиби китоби “Мӯъҷамулбулдон” дар баёни минтақаи “Абво” мегӯяд: «Абво маҳалле аст аз тавобеи Мадина, ки фосилаи он то Ҷуҳфа - аз самти Мадина - бистусе мил аст. Қабри Омина духтари Ваҳаб, модари гиромии ҳазрати Муҳаммад(с) дар Абво аст. Сабаби дафни ӯ дар Абво он аст, ки Абдуллоҳ падари гиромии ҳазрати Муҳаммад(с) ба сӯи Мадина рафт то хурмо биёварад. Ӯ дар Мадина вафот кард. Ҳамсараш Омина бинти Ваҳаб соле як бор ба зиёрати қабри ӯ ба Мадина мерафт. Ҳангоме ки ҳазрати Муҳаммад(с) шашсола шуд, Омина бо Абдулмуталлиб ва Умми Айман дояи Расули Худо(с) раҳсипори Мадина шуд ва дар роҳи бозгашт ба сӯи Макка дар Абво ҷон супорид.» (Мӯъҷамулбулдон, Ёқути Ҳамавӣ, ҷ. 1, саҳ. 100)
Дар “Таърихи ибни Асокир” омадааст: «Омина духтари Ваҳаб модари сарвари мо Расули‏ Худо(с) буд. Ӯ ҳазрати Муҳамадро барои дидори тағоиҳои худ аз қабилаи Банӣ Омир бин‏ Наҷҷор ба Мадина бурд. Сипас ба сӯи Макка бозгашт ва дар Абво миёни Мадина ва Макка, дар ҳоле ки ҳазрати Муҳаммад, шашсола буд, аз дунё чашм пӯшид.» (Мухтасари таърихи Димишқ, Ибни Асокир, ҷ. 2, саҳ. 100)
Ибни Саъд дар “Табақот” пас аз овардани машрӯҳи ин хабар сухане дорад, ки фишурдаи он чунин аст: «Расули‏ Худо(с), ҳангоме ки дар роҳи умраи Ҳудайбия (соли шашуми ҳиҷрӣ) ба Абво расид назди қабри модараш Омина омад, онро ислоҳ кард ва дар канори он гирист. Мусулмонон ҳам ба хотири гиряи Расули‏ Худо(с) гиристанд.» (Табақоти Ибни Саъд, чопи Бейрут, 1376 ҳиҷрӣ, ҷ. 1, саҳ. 116)
Абӯҳурайра гӯяд: Расули Худо(с) қабри модарашро зиёрат кард ва гирист ва ҳамаи атрофиёнро гирёнд. (Саҳеҳ Муслим, ҷ. 2, саҳ. 671, китоби ҷаноиз, боби 36, ҳадиси 108; Сунани Насоӣ, китоби ҷаноиз, ҷ. 1, саҳ. 267; Сунани Аби‏довуд, ҳадиси 3234; Сунан Ибни Моҷа, ҷ. 1, саҳ. 501, ҳадиси 1572; Маснади Аҳмад, ҷ. 2, саҳ. 441)
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст