Имом Муҳаммади Ғаззолӣ мегӯяд: Бештари мардум дар кӯдакӣ имон овардаанд ва сабаби тасдиқашон танҳо тақлид аз падарон ва муаллимони хеш будааст, зеро ба онон гумони нек дошта‏анд ва худи онон ҳам аз худашон бисёр ситоиш карда ва дигарон низ ононро сутудаанд ва аз мухолифонашон бисёр бадгӯӣ карда ва дар бораи анвои балоҳое, ки бар касоне, ки эътиқоде ҷуз эътиқоди онон дошта‏анд, достон‏ҳое гуфтаанд, ки фалон яҳудӣ дар қабраш ба шакли саг масх шуд ва фалон рофизӣ ба шакли хук даромад ва достони хоб‏ҳоеро нақл кардаанд. Чизҳое аз ин қабил, танаффур аз онҳо ва гароиш ба зидди онҳоро дар нуфуси кӯдакон ғарас (кишт) ме‏кунад, ба гунае ки шак ба таври куллӣ аз қалбҳои онон барканда мешавад, зеро омӯзиш дар кӯдакӣ монанди нақши рӯи санг аст. Сипас бар ин эътиқодот нашвунамо пайдо ме‏кунанд ва онро дар нафси худ устувор ме‏созанд ва пас аз булуғ, бар эътиқоди ҷозим ва тасдиқи маҳками хеш, ки шакке ба он роҳ надорад, боқӣ ме‏монанд.
Аз ин рӯ, дида ме‏шавад, ки фарзандони масеҳиён ва рофизиён ва зардуштиён ва мусулмонон ҳамагӣ ҷуз бар ақоиди падаронашон ва эътиқодоти ботил ё ҳаққи онон ба булуғ наме‏расанд ва ба гунае ба он ақоид қатъ доранд, ки агар эшонро қитъа-‏қитъа кунанд, аз он ақоид даст намекашанд, дар ҳоле ки барои онҳо далели воқеӣ ё зоҳирӣ надоранд.
Ҳамчунин дида ме‏шавад, ки ғуломон ва канизони мушрик дар ҳоле асир ме‏шаванд, ки Исломро намешиносанд. Пас ҳангоме ки асири мусулмонон шуданд ва муддате бо онон зиндагӣ карданд ва дар худ майл ба Исломро ёфтанд, мисли онон мешаванд ва ақидаи ононро ми‏пазиранд ва ба ахлоқи онон мутахаллиқ ме‏шаванд. Ҳамаи инҳо фақат ба сабаби тақлид ва сармашқ қарор додан аст, ки дар пайравон ёфт ме‏шавад. Ва табоеъ, махсусан табоеи кӯдакон ва ҷавонон, бар сармашқ қарор додан сиришта шудаанд.
Пас аз ин ҷо маълум ме‏шавад, ки тасдиқи ҷозим бар баҳс ва тартиб ‏додани далелҳо таваққуф надорад.
و أکثر الناس آمنوا فی الصبا و کان سبب تصدیقهم مجرد التقلید للآباء و المعلمین لحسن ظنهم بهم و کثرة ثنائهم علی أنفسهم و ثناء غیرهم علیهم و تشدیدهم النکیر بین أیدیهم علی مخالفیهم و حکایات أنواع النکال النازل بمن لا یعتقدهم اعتقادهم و قولهم أنَّ فلانا الیهودی فی قبره مسخ کلبا و فلانا الرافضیَّ انقلب خنزیرا أو حکایات منامات. و أحوال هذا الجنس یغرس فی نفوس الصبیان النفرة عنه و المیل إلی ضده حتی ینزع الشک بالکلیة عن قلبه؛ فالتعلم فی الصغر کالنقش فی الحجر. ثم یقع نشوءه علیه و لا یزال یؤکد ذلک فی نفسه فإذا بلغ استمر علی اعتقاده الجازم و تصدیقه المحکم الذی لا یخالجه فیه ریب. و لذلک تری أولاد النصاری و الروافض و المجوس و المسلمین کلهم لا یبلغون إلا علی عقاید آبائهم و اعتقاداتهم فی الباطل و الحق جازمة لو قطعوا إربا إربا لما رجعوا عنها و هم قط لم یسمعوا علیه دلیلاً لا حقیقیا و لا رسمیا. و کذا تری العبید و الإماء یسبون من الشرک و لا یعرفون الإسلام فإذا وقعوا فی أسر المسلمین و صحبوهم مدة و رأوا میلهم إلی الاسلام مالوا معهم و اعتقدوا اعتقادهم و تخلقوا بأخلاقهم کل ذلک لمجرد التقلید و التشبیه بالتابعین. و الطباع مجبولة علی التشبیه لا سیما طباع الصبیان و أهل الشباب. فبهذا یعرف أنَّ التصدیق الجازم غیر موقوف علی البحث و تحریر الأدلة.
(أبوحامد محمد بن محمد الغزالی، إلجام العوام عن علم الکلام، بیروت: دارالکتاب العربی، 1406، ص 115ـ116)
2