Аз Зайналобидин(а) ривоят шуда, ки сари Ҳусейнро (чун) барои Язид оварданд, маҷолиси майхорӣ мегустард ва сари муқаддасро меовард ва пеши худ мегузошт ва бар ӯ майхорӣ мекард.
Як рӯз сафири Рум, ки аз ашроф ва бузургони Рум буд дар маҷлиси ӯ ҳузур дошт.
Пурсид: Эй подшоҳи араб, ин сари кист?
Язид гуфт: Туро ба ин сар чӣ кор?
Гуфт: Ман назди подшоҳи худамон, ки баргардам аз ҳар чизе, ки дидаам аз ман мепурсад ва дӯст дорам ӯро аз достони ӯ хабар кунам ва соҳибашро бидонам то дар сурур ва шодии ту шарик гардам.
Язид гуфт: Ин сари Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абитолиб аст.
Сафири Рум гуфт: Модараш кист?
Гуфт: Фотима духтари Расули Худо
Он насронӣ гуфт: Уф бар ту ва диндории ту! Дини ман беҳтар аз дини шумост. Падари ман аз наводаҳои (ҳазрати) Довуд аст ва миёни ман ва ӯ падарони бисёрест, вале насоро ба ин восита маро бузург мешуморанд ва аз хоки поям барои табаррук мебаранд, ки аз наводаҳои Довуд ҳаст. Ва шумо писари духтари пайғамбари худро мекушед (дар ҳоле ки бо ӯ) як модар беш фосила надорад!
Сипас гуфт: Эй Язид, достони канисаи Ҳофирро шунидаӣ?
Ба ӯ гуфт: Бигӯ то бишнавам.
Румӣ достони эҳтиромеро, ки насоро аз суми харе, ки муътақиданд Исо бар он савор шуда гуфт. Ин назари насоро аст дар бораи суми хари Исо! Ва шумо писари духтари пайғамбари худро мекушед! Худои Мутаол ба шумо баракат надиҳад ва диндории шуморо напазирад!
Язид гуфт: Ин насрониро бикушед то маро дар кишвари худ расво накунад!
Чун насронӣ чунин фаҳмид гуфт: Мехоҳӣ маро бикушӣ?
Язид гуфт: Бале
Гуфт: Бидон, ки ман дишаб пайғамбари шуморо дар хоб дидам ва ба ман гуфт: Эй насронӣ, ту аз аҳли биҳиштӣ! Ман аз сухани ӯ тааҷҷуб кардам ва акнун мегӯям: Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ ва сипас барҷаст ва сари Ҳусейнро ба сина часпониду ӯро мебӯсид то кушта шуд.
Дар Карбало чӣ гузашт?, саҳ. 586-587
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст