Please update your Flash Player to view content.
Имом Маҳдӣ дар нигоҳи муфассирон
Баҳси Маҳдавият дар бештари тафсирҳо омадааст. Имом Маҳдӣ дувоздаҳумин аз имомони ҳидоятгар аст, ки Расули Худо(с) ба онҳо башорат додааст, ки дар охируззамон зоҳир мешавад ва заминро, ки пур аз зулму ҷавр шуда пур аз адлу дод мекунад. Ин ақида боиси умеду нишот ва талоши бештари мусулмонон ба ояндаи равшан ва пирӯзии ҳақ бар ботил мешавад. Дар ин навиштор гуфтори муфассирони мусулмон, ки дар бораи имом Маҳдӣ ва маҳдибоварӣ ошкоро сухан гуфтаанд пешкаш мешавад. Ба умеди ин ки бо ин масъалаи муҳим ва башоратдодашуда аз тарафи Худо ва Расули Худо (с) бештар ва беҳтар ошно шавем ва аз он дар зиндагии худ баҳра гирем ва худро омодаи он рӯз намоем ва аз заминасозони зуҳур ва ҳузури имом Маҳдӣ бошем.
Ибни Касир мегӯяд: Имом Маҳдӣ яке аз дувоздаҳ имоми башоратдодашудаи аҳодис аст. و الظاهر أن منهم (انثی عشر) المهدی المبشرة فی الاحادیث الواردة بذکره (Тафсири Ибни Касир, ҷ.2, саҳ.34)
Мулло Ҳувайш мегӯяд: Дар фазилати имом Маҳдӣ он қадар матлаб ҳаст, ки қалам тавони ҷамъоварӣ ва навиштани онро надорад. و قد جاء فی فضله (الهمدی) ما لم یحصره القلم (Баёнулмаонӣ, ҷ.2, саҳ.197)
Қуртубӣ менависад: Ахбор ва аҳодиси саҳеҳи мутавотир имом Маҳдиро аз насли Расули Худо(с) (ва ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз)) медонад. Санади аҳодиси марбут ба иттисоли насаби имом Маҳдӣ ба Расули Худо(с) дар муқоиса бо дигар аҳодис дурусттар ва саҳеҳтар аст. "الأخبار الصحاح قد تواترت علی أن المهدی من عترة الرسول" "و الأحادیث التی قبله فی التنصیص علی خروج المهدی و فیها بیان کون المهدی من عترة رسول الله اصح إسنادا" (ал-Ҷомеу лиаҳком-ил-Қуръон, ҷ.8, саҳ. 121 ва 122)
Олусӣ мегӯяд: Иқтидои ҳазрати Исои Масеҳ(а) ба ҳазрати имом Маҳдӣ дар намози ҷамоат машҳур ва мавриди қабули бештари аҳли илм ва аксарият аст. قد ذهب معظم أهل العلم إلی أنه حین ینزل یصلی وراء المهدی رضی الله تعالی عنه صلاة الفجر (Рӯҳулмаонӣ, ҷ.11, саҳ. 214) و المشهور نزوله علیه السلام بدمشق و الناس فی صلوة الصبح فیتأخر الإمام و هو المهدی فیقدمه عیسی علیه السلام و یصلی خلفه و یقول: إنما اقیمت لک... (Рӯҳулмаонӣ, ҷ.13, саҳ. 95)
Шайх Тантовӣ мегӯяд: Ин ақида дар байни мусулмонон аз олим ва ҷоҳил умумӣ буда аҳодиси фаровоне ба он далолат дорад ва ин андеша дар уммати исломӣ реша давонда ва собит шудааст. فأصبحت فکرة المهدی عامة فی المسلمین العلماء و الجهال فلما قرأت الکتب وجدت لهذا المهدی أحادیث کثیرة ... فأیقنت بأن الأمة الاسلامیة تغلغلت فیها هذه الفکرة و ثبتت. (ал-Ҷавоҳир, ҷ. 11-12, саҳ. 12-16)

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти