Please update your Flash Player to view content.
Ба ин мисол диққат кунед: Агар шахсе афроди зиёдеро ба меҳмонӣ даъват кунад ва дар дастархон анвои хӯрокҳо, нӯшиданиҳо, сабзиҳо ва меваҳоро бо назм бичинад. Маҳалли пазироиро бо фаршҳо, пардаҳо ва чароғҳо зинат диҳад, вале меҳмонон ба ҷои адаб, ба якдигар ҳамла кунанд, ҳаққи якдигарро талаф кунанд ва пас аз муддате доду фарёд ва даъвову даргирӣ дастархон барчида ва чароғҳо хомӯш ва меҳмонӣ таътил шавад.
Оё ба касе, ки ин меҳмониро баргузор карда намегӯянд, ки заҳматҳо ва меҳнатҳоят барбод рафт ва меҳмонӣ беҳуда буд?
Оё набояд аз ин ҷамъият меҳмонон баҳрагирӣ ва ҳадафи дунбол мешуд?
Баъд аз ошноӣ бо ин мисол ба сӯроғи дарс биравем.
Замин дастархони густурдае аст ва анвои хӯрокҳо, меваҳо, рангҳо, маззаҳо, наҳрҳо, кӯҳҳо ва маъданҳову ва зебоиҳо дар ин суфра қарор дода шудааст ва мардуми замин дар ин хонаи бузург муддате ҳастанд.
Баъзе мардум золиму ситамгар ва баъзе мазлуму ситамдидаанд.
Агар пас аз чанд рӯзе марг ҳамаро фаро гирад ва чароғи хуршед хомӯш ва дастархон ҷамъ шавад, дар ин офариниш чӣ суду ҳадафе аст?
Агар аз ғизо инсон сохта шавад ва инсон бимирад ва хок шавад ва ҳеҷ музд ё кайфаре дар кор набошад ва хубону бадон бо ҳам маҳв ва нобуд шаванд, дар ин офариниш чӣ ҳадафе дар кор аст?
Агар мо ҳозир нестем дастархони меҳмонии беҳадаф паҳн кунем, Худои ҳаким низ инсон ва ҳастии беҳадаф халқ намекунад.
Худо ҳаким аст то онҷо, ки барои истодани мо чуқурии кафи поро қарор дода ва ҳама чизро барои башар офаридааст.
Мо наметавонем бигӯем, ки ҳама чиз барои башар халқ шудааст, вале башар барои хӯрдану мурдан.
Пас бояд ҳисобу китоб ва кайфару подоши бошад ва ҳамонгуна ки агар баргҳо дар тирамоҳ мерезанд ва дубора сабз мешаванд ва ҳамонгуна ки баъд аз хоб дубора бедор мешавем бояд дубора инсон зинда шавад то музди кори неку бади худро бибинад.
Албатта бахше аз музду подошҳо дар дунё дода мешавад, аммо музди аслӣ дар ҷаҳон дигар аст.
Зинда шудани мурда мисли бедор шудан аз хоб ва мисли ба ёд овардани чизҳои фаромӯшшуда аст.
Ҳамон Худое, ки моро офарид метавонад баъд аз марг дубора моро зинда кунад.
Агар касе мошин сохт метавонад қитъаҳои онро аз ҳам ҷудо кунад ва бори дигар онҳоро ба ҳам пайванд кунад.
Ҳамонгуна ки мо метавонем хиштеро хок кунем ва дубора аз ҳамон хокҳо хишти нав бисозем.
Магар на он аст, ки дандонҳои кӯдак мерезад, вале дубора дандони маҳкамтаре мерӯяд?
Ҳатто агар қисмати кӯчак ва заррае аз инсон бошад, мешавад табдил ба як инсон шавад.
Шумо панҷ сантиметр аз шохаи дарахти ангурро бибуред ва дар замин бикоред. Ҳамон қаламчаи кӯчак дарахти ангури бузурге мешавад.
Бинобар ин Худое, ки як шохаи кӯчакро дарахт мекунад ва пас аз резиши дандон дандони маҳкамтаре барои зиндагии тӯлонӣ падид меоварад ва дарахтони тирамоҳро дар баҳор сабз мекунад ва хобидаҳоро бедор мекунад, мурдаҳоро низ зинда хоҳад кард, зеро агар зинда накунад ва инсон бо марг нобуд шавад, мисли ҳамон меҳмонии бефоида аст, ки меҳмонон ба якдигар зулм кунанд ва дастархон ҷамъ шавад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти